Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтилофи падарарӯсу домоди собиқ ба Вашингтон кӯчид


Душманӣ байни президенти Қазоқистон ва домоди собиқи ӯ, сару садоҳоеро дар Вашингтон баланд кардааст.

То ҷойе, ки акнун як созмони мустақар дар Вашингтон мехоҳад, ки дар ин замина пажуҳиши расмӣ анҷом шавад. Қурбониҳои таъқиб дар саросари дунё маъмулан барои дарёфти адолат ба Вашингтон рӯ меоранд.

"АЛИЕВ МАРДУМРО ШИКАНҶА МЕДОД"

Аз ин зовия сафари фаъоли ҳуқуқи башар Пётр Афанасенко ба пойтахти Амрико ҳеҷ аҷобате надорад. Афанасенко бо қиссаҳои тарснок аз шиканҷа дар зиндонҳои Қазоқистон, ки ӯ замоне дар он ҷо муҳофизи раҳбари эҳтимолии оппозитсиюн буд, вориди пойтахт шуд.

Ӯ дар боздидҳо аз Конгресс ва Департаменти давлатии Амрико аз заҷре, ки аз дасти як мақоми мушаххаси ҳукуматӣ кашидааст, шикоят кард. Ин мақом Роҳат Алиев, домоди собиқи Нурсултон Назарбоев будааст. “Ман ба Роҳат Алиев эътироз дорам, ки замони кор карданаш дар мақоми раиси кумитаи амнияти миллӣ алайҳи ман ва ҷонибдорони ман парвандаҳои ҷаълӣ боз карда буд. Ӯ шахсан дар шиканҷаҳо иштирок мекард ва мардумро шиканҷа медод.”

ҚАЗИЯИ ПУРСАРУ САДОИ АФАНАСЕНКО

Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, қазияи Афанасенко танҳо як намуна аз саркӯбии густардаи намояндагони мухолифин аз тарафи ҳукумати Қазоқистон аст. Аммо он чӣ сафари Афанасенко ба Вашинтонро ҷолибтар кардааст, замони сурат гирифтани ин боздид аст. Мақомоти Қазоқистон Афанесенкоро соли 2000 боздошт ва баъди як сол аз зиндон озод карданд. Боздошти ӯ сару садоҳои созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро баланд карда буд. Ин қазия ба унвони намунаи поймол шудани ҳуқуқи инсон дар гузориши солонаи Департаменти Давлатии Амрико низ зикр ёфт.

Сафари ӯ ба Амрико 10 сол баъди озод шуданаш аз зиндон ҷараён гирифт ва гуфта мешавад, ки харҷи сафарро ширкати мармузе дар Вашингтон бар ӯҳда гирифтааст, ки таҳмилгар ё лоббисти он решаҳои собиқ Шӯравӣ дорад.

Ин қазия шакку шубҳаеро ба вуҷуд овардааст, ки Афанасенко қурбонии воқеъии ноадолатиҳои давлати Қазоқистон буда ва акнун ба сиккаи фаръии бозии Назарбоев бо домоди собиқаш табдил шудааст. Баҳси падарарӯс ва домоди собиқ акнун аз пойтахтҳои Аврупо ба Вашингтон кӯчидааст.

ДОМАНАИ БАҲС ТО АВРУПО ВА АМРИКО

Як тарафи қазия раисҷумҳури 70-солаи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аст, ки ба гуфтаи нашрияи Ню -Йорк Таймс дар се соли ахир барои таблиғу таҳмили мавқеъи худ дар доираҳои бонуфузи ҳукумати Амрико миллионҳо долларро ба коршиносону лоббистҳо пардохт кардааст.

Тарафи дигар баҳс Роҳат Алиеви 48-сола, домоди собиқи Назарбоев аст, ки дар авҷи хушбахтиҳои худ, дар мақомҳои калидии ҳукумати Қазоқистон фаъолият карда ва баъди Назарбоев дуюмин фарди бонуфузи давлат номбар мешуд. Шикасти ӯ низ ба ҳамин андоза бузург ва фоҷеъабор буд.

Аввалан, ба думболи ҳиҷрати маҷбуриаш ба сифати сафири кишвар дар Австрия, аз ҳамсараш Дариға, духтари бузурги президент Назарбоев талоқ гирифт. Соли 2008 додгоҳи Қазоқистон ӯро дар ғиёбаш ба кӯшиши саргун кардани раисиҷумҳур муттаҳам кард.

АЛИЕВ БА ДУНБОЛИ ҶАЛБИ ЛОББИСТҲО

Гуфта мешавад, ки ҳоло Алиев низ даст рӯи даст нанишаста ва бо истихдоми гурӯҳҳои таҳмилгар ё лоббист талош дорад дар Вашингтон ҷонибдор пайдо кунад.

Роҳат Алиев, ки бо Радиои Озодӣ аз макони номаълум сӯҳбат мекард, гуфт, ки аз ҳамкорӣ бо лоббиҳо суд ба даст овардааст: “ Ман нафаронро дар Конгресс бо ҳадафи гуфтани ҳақиқат дар бораи вазъи худам ва он, ки дар Осиёи Марказӣ чӣ мегузарад, киро кардам. Ман яке аз ширкатҳои хурди таҳмилгар ё лоббистро истихдом кардам, аммо мутаасифона онҳо натавонистанд натиҷаи комилан мусбат ҳосил кунанд. Дар ҷанҷоли ман бо Назарбоев ахиран бисер миёнаравҳо ё лоббистҳои сиёҳу сафеду миёна пайдо шудааст, ки гоҳо барои ҳар ду ҷониб ва гоҳе барои се ҷониб кор мекунанд.”

НАЗАРБОЕВ БА ДУНБОЛИ ИСТИРДОДИ ДОМОДИ СОБИҚАШ

Ҳафтаи гузашта дар қазияи Алиев тобиши чашмгире ба назар расид. Ҳукумати Назарбоев эълон кард, ки аз давлати Австрия тақозо мекунад Алиевро, ки дар ватанаш ба куштор муттаҳам шудааст, истирдод кунад. Ҳукумати Қазоқистон Роҳат Алиевро ба одамрабоӣ ва куштори ду ходими баландпояи бонкҳо дар соли 2007 муттаҳам кардааст. Ҷасади ин ду тан чанде пеш дар канораҳои Алмаато пайдо шуд. Аммо ҷониби Австрия талаби Қазоқистонро бидуни овардани ягон далели мушаххас, рад кард.

Сухангӯи сафорати Австрия дар Вашингтон ба радиои Озодӣ гуфт, ки ба маълумоти онҳо Алиев дигар дар Австрия зиндагӣ намекунад.

НУФУЗИ ҚАЗОҚИСТОН БАР КОНГРЕССМЕНҲО?

Дар Вашингтон бошад ду шарики Роҳат Алиев якчанд лоббиро, ки барои ҳукумати Қазоқистон кор мекардаанд, бо даъвои ду миллиард 2 миллард хисороти маънавӣ ба додгоҳ кашидаанд. Ин ду нафар, ки яке ҳамсари хоҳари Алиев будааст, мегӯянд, чаҳор соли пеш ҳукумати Қазоқистон бо кӯмаки ҳамин лоббиҳо дороии онҳоро мусодира кард. Ин қазияи додгоҳӣ хеле сару садо баланд кардааст. Зеро дар қазия номае вуҷуд дорад, ки мегӯяд, бархе конгрессменҳои амрикоӣ аз ҳукумати Қазоқистон пул гирифтаанд.

Қазоқистон ин номаро ҳамчун як коғази ҷаълӣ маҳкум кард. Вале ин далелро, ки кишвар бо гурӯҳҳои таҳмилгар ё лоббист, бо шумули лоббистҳо дар Амрико ҳамкорӣ мекунадро рад накард.

Авоили моҳи равон як созмони мустақар дар Вашингтон бо номи “Project on Government Oversight (POGO)” бо нигаронӣ аз эҳтимоли нуфузи молии ҳукумати Қазоқистон бар аъзои Конгресс аз вазорати адлия даъват кард, ки ба баррасии ин қазия шурӯъ кунад.
XS
SM
MD
LG