Пайвандҳои дастрасӣ

Рафаэл Мақсудов, як шоҳиди марги Ҳамза Икромзода рӯзи 1-уми апрел аз зиндони шумораи яки шаҳри Душанбе озод шуд.

Рафаэл Мақсудов дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ба далели ба поён расидани мӯҳлати ҳукмаш озод шудааст. Рафаэл Мақсудов ҳамчун шоҳиди шиканҷаи пеш аз марги Ҳамза Икромзода мавриди бозпурсии муфаттишон қарор гирифтааст.

Рафаэл Мақсудов гуфт, ки дар ҳақиқат шоҳиди латтукӯби шадиди Икромзода буд ва бо чашмонаш дидааст, ки ӯро чигуна зери шиканҷа қарор додаанд:

"15-уми сентябри соли 2012 ман бо як нафар дар зиндон ҷанг кардам. Кормандони зиндон маро заданд ва ба камераи 4 маҳкам карданд. Рӯзи 16-уми сентябр соати 4-и бегоҳ Ҳамза Икромзодаро оварданд. Ман дар камера танҳо будам ва ҳамаро ба хубӣ дида метавонистам. Вақте Ҳамзаро ба камера дароварданд, аз дасти чапаш хун мерафат, сараш бо дубинка кафонда буданд. Ҳамзаро партофтанду рафтанд. Ман аввал либоси таҳпӯшамро бароварда, ба Ҳамза кӯмаки аввалия расондам. Вай ҳам маро шинохту салом кардем. Ман гуфтам, ки ин корро бо ту кӣ кард? Гуфт, ҳаминҳо Ҳамза Икромзода.

Ҳамза Икромзода.

. Гуфтам, барои чӣ туро заданд? Гуфт, "ман гуфтам, ки дигар ба милисаҳо сӯми калон намедиҳам ва маро заданд." Ду соат пас боз ҳамонҳо омада, маро ба камераи 5 бурданд. Рӯзи 16-уми сентябр соати 8-30 6 нафар камераи Ҳамзаро кушода, ба дастонаш завлона зада, ба берун бароварданд. Ман аз ҳоҷатхонаи камераи 5 дидам, ки Ҳамзаро ба зону монда, гирд карданд, ҳудуди 10 дақиқа ниҳоят сахт латтукӯб карданд. Дар охир аз тарафи росташ хун зиёд рехт ва 3 маротиба овоз баровард, ки «вой ҷигарам кафид». Баъди ин якеаш завлонаро аз дастони Ҳамза гирифт ва ӯро ба камера партофт. То 20-уми сентябр Ҳамза ҳар шаб фарёд мекард, ки «ҷигарам кафид». Вале ҳеҷ кас ба кӯмакаш намеомад. Рӯзи 20-уми сентябр дар маҳбас хабар паҳн шуд, ки Ҳамза Икромзода худашро дор кашидааст. Дар ҳоле ки Ҳамза ғайр аз шими кӯтоҳи танаш дигар чизе надошт, ҳатто либос надошт ки худро овезад ва ҳам дар онҷо имкони ин корро анҷом додан набуд.»

Рафаэл Мақсудов бо ҷурми дуздӣ се сол пеш барои сеюним соли маҳрумият аз озодӣ ба маҳбас маҳкум шуда, буд. Пеш аз ӯ, маҳбуси собиқ Саидалӣ Казаков низ ба дафтари радиои "Озодӣ" омада, дар бораи шиканҷаи Ҳамза Икромзода ва дигар маҳбусон сӯҳбат карда буд. Вале мақомоти Сарраёсати зиндонҳои Тоҷикистон иддаои Казаковро дар бораи шиканҷаи зиндониён рад карда ва гуфтанд, барои таҳқиқи гуфтаҳои онҳо комиссия ташкил мекунанд.

Ҳамза Икромзода, сокини 27-солаи рустои Хирманаки ноҳияи Ҳисор, рӯзи 20-юми сентябри соли 2012 дар маҳбаси шумораи аввали пойтахт ба ҳалокат расид. Пайвандони ӯ мегӯянд, дар бадани вай из ва осори марги маҷбурӣ бо истифода аз дарзмоли тафсон мушоҳида мешуд. Аммо мақомот ин ҳодисаро рад намуда онро худкушӣ арзёбӣ карданд. Мақомот ибтидо иллати марги ӯро сактаби қалб гуфтанд, вале наздиконаш аломатҳои шиканҷа дар бадани ӯро расонаӣ карда, мақомотро маҷбур ба кушодани парванда алайҳи зиндонҳо карданд

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG