Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи 3 пулиси Фархор ба додгоҳ рафт


Додгоҳи ноҳияи Фархор ба далели бемории додрас парвандаи ҷиноӣ алайҳи се корманди пулисро барои баррасӣ ба Додгоҳи вилояти Хатлон фиристодааст. Ин маъмурони пулис барои латту кӯби як сокини ноҳияи Фархор муттаҳам мешаванд.

Хонаводаи Парвиз Ҳабибов иддао дорад, ки баъди як баҳси хонаводагӣ кормандони пулис фарзанди онҳоро ба идораи пулис бурда, латту кӯб кардаанд ва дар натиҷа қабурғаи ӯ шикастааст. Иттиҳоме, ки моҳи июли соли ҷорӣ аз Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон дар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон тасдиқ карда ва гуфта буданд, алайҳи ин се корманди пулис бар асоси моддаи "баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ" парванда боз шуда ва ба додгоҳ ирсол шудааст.

Ин се корманди пулиси ноҳияи Фархор Файз Саидов, Меҳроб Давлатов ва Акрамшоҳҷони Абдулло будаанд, ки дар латту кӯби Парвиз Ҳабибов муттаҳам дониста мешаванд. Хонаводаи Парвиз Ҳабибов гуфтанд, ки худи пулис писари онҳоро ба бемористон бурдааст ва аз қазия хуб огоҳ ҳастанд.

Тибқи иттилои Раёсати умури дохилаи вилояти Хатлон, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 7 афсари пулис дар содир кардани ҷиноят муттаҳам дониста шудаанд.

XS
SM
MD
LG