Пайвандҳои дастрасӣ

Радиои Тоҷикистон 85-сола шуд (ВИДЕО)


Радиои Тоҷикистон, ки рӯзи 10-уми апрел 85-сола шуд, талош дорад дар қарни фанновариҳои нави иттилоотӣ низ ҷойгоҳи худро ҳифз кунад.

Радиои Тоҷикистон, ки акнун ба 8 забон дар ҳаҷми 96 соат дар шабонарӯз барномаҳо пахш мекунад, аз соли 2007 ба пахши рақамӣ гузаштааст, аммо танҳо 20 дарсади хазинаи худро ба хотираҳои компютер ва дискҳо кӯчондааст. Ин радио 85-солагии худро дар ҳоле ҷашн мегирад, ки бо густариши шабакаи ҷаҳонии интернет чунин андешаҳо ҳам пайдо шудаанд, ки дигар ниёзе ба ҳастии радио ҳамчун сарчашмаи иттилоъ намондааст.

Вале сармуҳаррири барномаҳои радиои "Фарҳанг" Ҷонибеки Асрориён мегӯяд, шояд ҳамагуна василаи иттилоърасонӣ аз байн равад, аммо имконоти гирифтану расондани иттилоъро радио бисёртар дорост. "Дар ин замина мумкин аст, ки радиокомпютерҳо ба вуҷуд оянд ва мардум дилхоҳ барномаашро аз он гӯш кунад," - гуфт ӯ.

Бархе ҳам ба давлатӣ ва аз ин лиҳоз мустақил набудани радиои Тоҷикистион ишора мекунанд. Дар замони Шӯравӣ он бо 32 соат барнома дар шабонарӯз идеологияи даврро тарғиб мекард. Вале дар давраи фурӯпошии СССР ва ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон он ба манбаи аввали хабар барои ҳамаи тарафҳои сиёсӣ табдил шуд.

Шаҳобиддини Ҳақназар, яке аз муаллифони барномаи “Хоки ватан” ва ҳоло сармуҳаррири барномаҳои мусиқии радиои Тоҷикистон мегӯяд, "баъд аз иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ баҳри муттаҳид кардани мардум роҳу усулҳои зиёдро ҳокимияти онвақта пеш мегирифт, вале бори гарони масъулияти бозгашти тоҷикони фирорӣ ба дӯши ин барнома уфтод. Бо гӯш кардани барномаи мазкур Аҳмадшоҳи Масъуд низ гуфта буд, “ман бештар аз радиои Тоҷикистон ҳақиқатро ёфтам” ва маҳз ин эътиқоди мардум ба “Хоки ватан” онҳоро дубора бозгардонд."

Гузашта аз ин Радиои Тоҷикистон макони рӯшанфикрон буд, ки садои нависандагони номовар -- Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Абдусалом Деҳотӣ, Лоиқ Шералӣ ва нодиртарин сабтҳои ҳунармандон аз қиболи Аҳмад Бобоқулов, Акашариф Ҷӯраев, Содирхони Ҳофиз, Шоиста Муллоҷонова, Ҳанифа Мавлонова то Зафар Нозимову Ҷӯрабек Муродов дар хазинаи тиллоии он маҳфузанд.

Радиои Тоҷикистон дар заминаи хеш 3 радиои дигар “Садои Душанбе”, “Овози тоҷик” ва “Фарҳанг”-ро ташкил кардааст, ки паҳнои фарогирии он ҳам рӯи мавҷ ва тариқи Интернет Осиёи Миёна ва ҳатто Амрикову Русияро дарбар мегирад. Ҳоло 85 дарсади аҳолии Тоҷикистон рӯи мавҷи FM имконияти гӯш кардани онро доранду бас. Саидмуроди Хоҷазод, ки 12 рисолаи таҳқиқотӣ вобаста ба вазъи фаъолияти радио дар Тоҷикистон навиштааст, мегӯяд: “Барои фазои холигиро дар деҳаҳои дурдаст ва ҳаммарз пур кардан Кумитаи телевизион ва радио маҷбур шудааст, ки радиоҳои минтақавиву ноҳиявиро ба кор андозад”.

Фаррух Зиёев, муовини аввали директори радиои Тоҷикистон, ҳамчун масъули таҳияи барномаҳо мутмаин аст, ки аксари барномаҳои таҳияшаванда мувофиқ ба табъи имрӯзаи шунавандагон аст: "Тавассути зангҳои бешумор аз гӯшаву канори олам ва паёмҳову номаҳо ба унвонии сомонаи мо, бозгӯи он аст, ки рӯз то рӯз шунавандагони радиои Тоҷикистон меафзояд, зеро мавзӯъҳои мубрами рӯзро зиёд пайгирӣ мекунем ва барномаи хуби таҳлилӣ дорем,”--гуфт ӯ.

Гуфта мешавад аксари шунавандагони ин радио шахсони солманд ва рӯшанфикру зиёӣ ҳастанд. Зеро аксари барномаҳояш ҷанбаҳои ахлоқиву илмӣ доранд. Бахусус барномаҳои “Озодазодагон”, “Фарзонафарзандони ориёӣ”, “Тоҷикон”, “Маҳфили шоҳномахонӣ” ва барномаҳои дигар.

Дар қаламрави Тоҷикистон 20 радиои мустақил ва 10 шабакаи радиоиҳои давлатии минтақавиву маҳаллӣ амал мекунанд, ки бо тарзи таҳияи хабару гузоришҳо ва барномаҳои тафреҳиашон бештар барои шунавандаи ҷавон нигаронида шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG