Пайвандҳои дастрасӣ

Сар аз шоми панҷшанбеи 21-уми март барномаҳои радиои "Озодӣ" саршор аз матолиби наврӯзӣ хоҳанд буд.

Бино бар тарҳе, ки омода шудааст, дар барномаҳои наврӯзии радиои "Озодӣ" дар канори хабару гузоришҳо аз ҷараёни ҷашн дар шаҳру деҳи Тоҷикистон паёмҳои шодбоши чеҳраҳои саршинос садо хоҳанд дод.

Дар як мусоҳиба шоираи маъруфи тоҷик Гулрухсор ба он мавзӯъ таваҷҷуҳ мекунад, ки чӣ сон Наврӯз дар дарозои ҳазорсолаҳо зинда монд, аз байн нарафт ва ойинҳои асили худро ҳифз карда, ҳамроҳ ба ин навгониҳоеро пазируфт, ки вижагии давраҳои гуногуни таърихиро баён медоранд. Вай ин идро пеш аз ҳама иди илму фарҳангу адаб меномад ва ба шеваҳои эҳёи имрӯзаи он баҳо медиҳад.

Файласуф Комили Бекзода мегӯяд, “Наврӯз дар фарҳанги мардуми мо як иди муқаррарӣ нест, балки як ормону идея аст, ки бар асари шикастҳои пайдарпайи таърихӣ мардум ба он ҳамчун ормони худ дил баст ва онро ба мояи ҳувияту давлатдории маҷозии худ табдил дод.”

Ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова бар пояи ин хулосаҳо орзу мекунад, ки оммавияти Наврӯз ба мардумӣ ва мардумсолор шудани давлат мусоадат кунад.

Шоири шинохтаи тоҷик Аскар Ҳаким бар ин аст, ки Наврӯз баёнгари фалсафаи ақвоми ориёист, ки бино бар он “ҳаёт сарчашмаи зебоӣ, муҳаббат ва офаридгорист.”

Дар ин барнома ҳамчунин паёмҳои Саттор Турсун, Абдулҳамиди Самад, Мастона Эргашева, Афзалшоҳи Шодӣ, Сурайёи Қосим, Меҳриниссо, Бахтиёри Ҷумъа, Сироҷиддини Фозил, Фирдавси Аъзам, Набот Додихудоева ва дигарон садо хоҳанд дод.

Агар донистан хоҳед, ки маросими “Деги дарвешон” ё “Шаби бурвеҷ” чӣ маънӣ доранд, ин барномаҳоро гӯш кунед. Дар барнома ҳамчунин кормандони нахустин радиои тоҷикии “Диёр” дар Амрико низ ширкат хоҳанд кард. Гуфтори вижаи “Садои ҳамватан” низ ин бор ба таври комил аз суҳбатҳои Наврӯзӣ иборат хоҳад буд. Дар он чеҳраҳои саршиноси тоҷик, ки дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, ба монанди оҳангсози машҳур Фирӯз Баҳор, адабиётшинос Шавкат Ниёзӣ, шоири маъруф Сиёвуш, сарояндаи опера Адҳам Холиқов, олими математик Муртазо Назаров ва дигар муҳоҷирони тоҷик сухан хоҳанд гуфт.

Ин барномаҳоро бароятон ҳамкоронамон Хиромони Бақозода ва Искандари Хоҷа Мирзода муаррифӣ хоҳанд кард ва дар ҷараёни онҳо кормандони дигари радиои "Озодӣ" низ бо армуғони худ вориди студия хоҳанд шуд.

Агар Шумо мехоҳед, паёматон рӯйи амвоҷи радиои "Озодӣ" садо диҳад ё пурсише дархосте доред, метавонед, дар соатҳои пахши барнома ё фурсати дилхоҳ ба нишонии Tajik@rferl.org ё ozodi.skype сухани хешро дар шакли матн, садо ва видео фиристед ё бо мо телефонӣ дар тамос шавед. Телефонҳо дар Душанбе: 988 65 94 63, 988 65 94 64, 985 63 83 56 ва дар Прага: 420 725 03 79 43

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG