Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бишитобед! Беҳтарин ҷоизаҳо барои беҳтарин видеоҳо!


Радиои Озодӣ барои беҳтарин наворҳои видеоӣ озмун эълон мекунад. Се видеои беҳтарин бо ҷоизаҳои пурқимат қадрдонӣ хоҳанд шуд. Дар озмуни "Иншо дар мавзӯи озод" ширкат кунед ва ҷоизаи худро ба даст биоред!

“Иншо дар мавзӯи озод” озмуни навест, ки Радиои Озодӣ барои видеоҳои беҳтарин эълон мекунад. Ҳар ҳодисаи ҷолибе, ки шоҳид шудед, мусоҳиба бо ягон нафар, ҳатто сӯҳбати ширини як кӯдакро метавонед рӯи навор биоред ва ба ин озмун бифиристед. Дар интихоби мавзӯи видео ягон маҳдудият гузошта намешавад. Аммо видеоҳое, ки мефиристед, бояд ҳатман мавзӯъ ва сюжете дошта бошанд. Тӯли видеоҳо аз 3 дақиқа бештар набошад.

Беҳтарин наворҳо бо ҷоизаи вижаи Радиои Озодӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд:

Ҷоизаи аввал – Планшети SAMSUNG

Ҷоизаи дувум – Смартфони SAMSUNG

Ҷоизаи сеюм – дастгоҳи аксбардорӣ

Видеоҳои худро аз тариқи “Саҳифаи хонандагон”-и сомонаи Озодӣ бифиристед ваё ба дафтари Радиои Озодӣ дар пойтахти Тоҷикистон ба нишонии: шаҳри Душанбе, кӯчаи Сафаралӣ Раҷабов (собиқ Интернатсионалная), 85/34 бирасонед.

Дар озмуни Озодӣ ширкат кунед ва ҷоизаи худро ба даст биоред.

XS
SM
MD
LG