Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари бунёди нимпайкараи президент дар Чин рад шуд


Иттиҳодияи рассомони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Бунёди мусаввирон (Худфонд) хабари омода кардани нимпайкараи (бюст) Эмомалӣ Раҳмон бо теъдоди зиёд дар Чинро рад карданд.

Олим Рабиев, раиси Бунёди мусаввирони Тоҷикистон (Худфонд) имрӯз, 23 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, хабарҳои матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ки гӯё нимпайкараи президент бо теъдоди зиёд дар Чин сохта мешавад, асоси воқеӣ надоранд.

Ба гуфтаи вай, феълан танҳо як бюсти президенти Тоҷикистон бо баландии 30 сантиметр омода шудааст ва дар сурати тасдиқи он, дар Осорхонаи миллӣ ҳамчун Қаҳрамони Тоҷикистон гузошта хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки Бунёди мусаввирони Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки нусхаи бюсти президентро ба ҷониби ҳукумат пешниҳод кардааст ва ҳамин, ки тасдиқ карда шуд, имкон дорад барои чанд ҳазор нусха онро дар Чин фармоиш диҳанд. Иттиҳоди рассомони Тоҷикистон гуфта буд, ки бюсти президент кӯчак буда, аслан барои рӯи миз пешбинӣ шудааст ва баландиаш ҳудуди 30 сантиметр аст.

Як намояндаи Бунёди мусаввирони Тоҷикистон гуфта буд, ки бюсти президент ду сол қабл омода карда шуд ва модели он ба вазорати фарҳанг ва ҳукумат пешниҳод карда шуд, вале ҳанӯз посухе дар робита ба тасдиқи он дарёфт нашудааст.

Бунёди мусаввирон мехост, нахуст нусхаи аввали бюсти президентро ба Осорхонаи милии кишвар ҳамчун Қаҳрамони Тоҷикистон дар канори Садриддин Айнӣ, Нусратуллоҳ Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемуров, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода пешниҳод кунад.

Сокинони Тоҷикистон мегӯянд, аксҳои мухталифи президент Эмомалӣ Раҳмонро дар хиёбонҳои кишвар, идораҳои давлатӣ ва дар китобҳои дарсӣ дидаанд, вале то кунун муҷассама ва ё нимҳайкали президент дар ҳеч ҷои Тоҷикистон гузошта нашудааст.

XS
SM
MD
LG