Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаққи барқи "чароғакҳои роҳнамо"-ро кӣ медиҳад?


Додгоҳи иқтисодии Душанбе корхонаи давлатии "Васлу истифодаи чароғакҳои раҳнамо"-ро муваззаф кардааст, ки дар зудтарин фурсат ҳаққи истифодаи барқ барои чароғакҳоро дар Қӯрғонтеппа пардохт намояд.

Тайи ду соли охир барои рӯшноии 11 чароғаки раҳнамои насбшуда дар шаҳри Қӯрғонтеппа қариб 8 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст. Аммо, ба иддаои дафтари ширкати "Барқи тоҷик" дар ин шаҳр, Корхонаи давлатии ҷумҳуриявии «Васлу истифодаи чароғакҳои раҳнамо» аз пардохти ин маблағ худдорӣ мекунад.

Исомиддин Сафаров, раиси шабакаҳои барқи шаҳри Қӯрғонтеппа, зимни тасдиқи ин хабар гуфт, азбаски масъулони корхонаи марбут ба нигоҳдории чароғакҳои раҳнамо муроҷиатҳои батакрор барои пардохти қарзи истифодаи барқро нодида гирифтанд, масъулони дафтари маҳаллии «Барқи тоҷик» ба додгоҳи иқтисодӣ шикоят бурдаанд.

Вале Назрикалон Розиқов, раҳбари намояндагии Корхонаи ҷумҳуриявии «Васлу истифодаи чароғакҳои раҳнамо» дар минтақаи Қӯрғонтеппа, гуфт, тибқи маъмул, ҳукуматҳои маҳаллӣ вазифадоранд, ки ҳаққи истифодаи барқ барои чароғакҳои раҳнаморо пардозанд. Аммо, ба иддаои ҷаноби Розиқов, ҳеҷ як аз ҳукуматҳои шаҳру навоҳии минтақа дар солҳои 2011-2012-ум барои нигоҳдории чароғакҳои раҳнамо ягон дирам ихтисос надодаанд.

Розиқов афзуд, ки маблағгузорӣ барои чароғакҳо бояд дар буҷаҳои маҳаллӣ пешбинӣ шавад, вале беш аз як сол аст, ки аз тарафи шаҳри Қӯрғонтеппа маблағҳо ҷудо нагардидаанд: «Ягон тину танга ягон кас намесупорад. Мо ба раиси вилояти Хатлон, ба раиси шаҳри Қӯрғонтеппа дар бораи ҳамин проблема навиштем. Огоҳ кардем, ки агар қарзи барқ пардохт нашавад, мумкин аст, чароғакҳои раҳнамо хомӯш шаванд. Ваъда доданд, ки ояндаи наздик ин мушкил роҳи ҳал меёбад…»

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи ронандаҳо, хомӯш шудани чароғакҳои раҳнамо тайи як моҳи ахир дар Қӯрғонтеппа зиёд мушоҳида гардида, равуои мошинҳоро мушкил ва эҳтимоли сар задани садамаи нақлиётиро бештар кардааст.

Раҳмоналӣ Баротов, ронандаи собиқадор, мегӯяд, «чароғакҳо кор намекунанд, роҳбандон бисёр, саргардонии мардум ҳам. Ҳар рӯз мебинем, ки азбаски чароғакҳо кор намекунанд, мошинҳо ба ҳам бармехӯранд, хароҷоти ронандаҳо бисёр. Бояд БДА ё идораи барқ илоҷи ин корро ёбанд, то ки мушкили мардум осон шавад».

Муртазо, ронандаи дигар, мегӯяд дар ҳоле, ки чароғакҳо кор намекунанд, Худо нокарда, ягон ҳодиса шавад, ҳатман ронандаро гунаҳкор мебароранд.

Шоҳмузаффар, ронандаи таксӣ аз Қӯрғонтеппа, чароғаки пеши бозор, ҳукумати шаҳр, чорроҳаи бемористони вилоятӣ ва бозори «Ҳоҷӣ Шариф»-ро мисол овард, ки кор намекунанд: "Дар ҷойҳое, ки ҳаракат ва мардум бисёр аст, чунин ҳолатҳо одамро асабонӣ мекунад, ронандаҳо безобита мешаванд. Бахусус ронандаҳои ҷавон, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро хуб намедонанд, бечароғак ҳаракаташон мушкил мешавад."

Вале Назрикалон Розиқов, раҳбари намояндагии корхонаи «Васлу истифодаи чароғакҳои раҳнамо» дар минтақаи Қӯрғонтеппа, мегӯяд, аз кор мондани чароғакҳои раҳнамо дар Қӯрғонтеппа ба қарздории ин корхона аз истифодаи барқи чароғакҳо рабт надорад. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоле ки барқ дар маҳалҳо хомӯш мешавад, чароғакҳо ҳам ба истилоҳ қурбони «лимит» мешаванд.

«Ҳаққи давлатро албатта пардохт мекунем. Мушкил дар қарздории мо нест. Сабаби кор накардани светофорҳо бебарқӣ аст. Ана ҳоло светофори маркази шаҳрро таъмир кардем, ҳамроҳи ҳамкорон интизорем, ки кай барқ шаваду светофоррро ба кор андозем. Ин мушкил натанҳо дар Қӯрғонтеппа, балки қариб дар ҳама шаҳру навоҳии светофордор ба чашм мерасад», - гуфт Н. Розиқов.

Аммо шаҳрдории Қӯрғонтеппа мегӯяд, дар соли оянда навсозии тамоми чароғакҳои раҳнамои маркази маъмурии вилояти Хатлон дар назар аст. Як адад чароғаки нав ҳудуди 200 ҳазор сомонӣ арзиш дошта, қарор аст соли 2013-ум аз Русия ва Чин чароғакҳои нави раҳнамо харидорӣ ва дар маркази вилояти Хатлон насб карда шаванд.

Ҳоло танҳо дар 11 мавзеи қаламрави шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон чароғаки раҳнамо арзи ҳастӣ дорад, ки аз он 2 ададаш корношоям шудааст. Гуфта мешавад, ҳама чароғакҳои раҳнамои ҳудуди Қӯрғонтеппа сохти Шӯравӣ буда, ҳудудан 30 то 40 сол муқаддам насб шудаанд.
XS
SM
MD
LG