Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи дигарбораи фаъолияти фурудгоҳи Қӯрғонтеппа


Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қӯрғонтеппа.
Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қӯрғонтеппа.

Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа --маркази вилояти Хатлон парвозҳоро дар ин фурудгоҳ банд карда, кормандонашонро ба рухсатии дарозмудати бемузд фиристодааст.

Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа, ки баъди солҳои бефаъолиятӣ ҳудудан якуним сол пеш дубора ба кор даромада буд ва асосан ширкати “Ист Эйр”-и Русия дар як ҳафта аз 8 то 16 парвозро ба шаҳрҳои Маскав, Санг Петербург, Новосибирск ва Самара анҷом медод, ҳоло аз фаъолият бозмондааст.

Хушвахт Сафаров, як масъули Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки 90 дарсади муҳоҷирони минтақаи Қӯрғонтеппа аз ҳамин фурудгоҳ истифода мекарданд. Ҷаноби Сафаров мегӯяд, ки сабаби қатъ шудани хатти парвоз дар анҷом расидани шартнома ба ширкати ҳавопаймоии Русия будааст: “Як ширкат буд, ки рафт ва ҳамаи кормандонамон ба рухсати дарозмудати бемузд рафтаанд ва мо мисли як хизматгоре будем, ки хизмати хуб доштем.”

Дар натиҷаи қатъ шудани парвозҳо аз ин фурӯдгоҳ 200 нафар ё 80 дар сади кормандони фурудгоҳ ба рухсати бемузд фиристода шудаанд.

Матлуба Умаралиева, як корманди фурудгоҳ, ки иҷборан рухсатӣ гирифтааст, мегӯяд, ки раҳбарияти пойгоҳи ҳавоӣ ба ӯ гуфтаанд, ки ба хотири ба охир расидани шартнома наметавонанд барои онҳо пул диҳанд: “Дар фурудгоҳ ҳавопаймо надорем ва танҳо ба ҳавопаймоҳои ширкатҳои дигар хизматрасонӣ мекунем ва ҳоло ба хотири кам шудани ҳаҷми кор бекор ва бе моҳона дар хона нишастаам ва ҳамкорони зиёдам низ бекор ҳастанд.”

Агарчи кормандони Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа қатъ шудани парвозҳоро дар ин фурудгоҳ ба анҷоми шартномаи “Ист Эйр” бастагӣ медиҳанд, вале як корманди ин фурудгоҳ бидуни зикри номаш мегӯяд, ки мушкили дигаре ҳаст, ки масъулин аз гуфтанаш худдорӣ мекунад: “Аслан мо кормандони сатҳи поёни намефаҳмем, ки чӣ мушкил аст, вале роҳбарҳо худашон ширкатҳои мисли “Мадина 11” ва ба ҳамин монанд доранд, ки намехоҳанд ҳамин фурудгоҳ фаъолияти хуб дошта бошад.”

Дар ҳоле, ки фурудгоҳ акнун аз фаъолият боз мондааст, вале коргаронаш мегӯянд, маоши моҳҳои сентябр ва октябрро дастрас накардаанд. Қатъи парвозҳо аз фурудгоҳи Қӯрғонтеппа дар вилояти Хатлон, ки аз вилоятҳои сернуфуси Тоҷикистон ба шумор меояд, на танҳо кормандони ин пойгоҳи ҳавоиро бемаош гузошт, балкӣ артиши бузурги муоҳҷиронро аз ин минтақа ба мушкили сафар рӯ ба рӯ кард. Ҳоло муҳоҷирони корӣ бояд барои сафар ба шаҳрҳои Русия беш аз сад километрро тай карда ё аз фурудгоҳи Душанберо ва ё аз тариқи Кӯлоб парвоз кунанд.

Умедҷон Сафаров, як муҳоҷир аз ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сафари Маскав аз ин фурудгоҳ барои ӯ осон буд, вале акнун маҷбур аст ба шаҳри Душанбе биравад, ки харҷи иловагӣ дорад. “Дар бозгашт аз сафар низ ин фурудгоҳ муносибтар буд, зеро бародаронам ва падарам ба пешвозам мебаромаданд. Боз инҷо, ки ба хонаамон наздик буд, бародаронам ва падарам пешвозам мегирифтанд.”

Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа ҳавопаймо надорад ва умдатан ба ҳавопаймоҳои ширкатҳои дигар хизмат мерасонад. Ҳоло маълум нест, ки ширкати “Ист эйр” дубора бо ин пойгоҳ қарордод мебандад ё хайр ва ҳамчунин маълум нест, ки ширкати дигаре ҷойи “Ист эйр”- ро пур мекунад ё не.

Дар гузашта ин фурӯдгоҳ бо “Тоҷик Эйр” қарордод дошт, ки танҳо 30 дар сади даромади парвозҳоро дарёфт мекард ва 70 дар сади фоида ба буҷаи “Тоҷик Эйр” мерафт.

XS
SM
MD
LG