Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашнвораи «Қуръон» дар Маскав


Дар шаби Қадр дар Маскав, пойтахти Русия нахустин ҷашнвораи «Қуръон» бо номи «Қуръонфест» оғоз ба кор кард.

Шоми 13 июл дар биное дар шоҳроҳи Алтуфевои пойтахти Русия, ки бояд қароргоҳи ояндаи Маркази фарҳанги исломии Маскав шавад, нахустин ҷашнвораи «Қуръон» бо номи «Қуръонфест» оғоз ба кор кард. «Қуръонфест» аз 13 июл, ки шаби Лайлатулқадр буд, то 17 июл, яъне то рӯзи иди Рамазон давом мекунад. Масъулонаш мегӯянд, ки агар ин таҷрибаи аввал комёб шавад, онҳо ин маъракаро ба як ҷашнвораи солона табдил хоҳанд дод.

Дар ҷараёни ҷашнвораи «Қуръон» дар пойтахти Русия, ки бо ибтикори Шӯрои муфтиёти Русия доир мешавад, муаррифии китобҳои нав дар бораи Ислом, аз ҷумла нашри нави «Қуръон» дар тарҷумаи тозаи Нозим Зайналов ва тарҷумаи русии тафсири ҳаштҷилдаи ояҳои муқаддас бо номи «Свет Священного Корана» , доир хоҳад шуд.

Ҳамчунин дар барномаи ҷашнвора намоишгоҳи маҳсулоти косибӣ, намоиши филму мултфилмҳо дар мавзӯъҳои «қуръонӣ», давраҳои тадриси қироати «Қуръон» ва ҳам намоиши муди исломӣ дар назар гирифта шудааст. Дар «Қуръонфест» стендҳои алоҳидае барои намояндагони Эрон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Туркияву Ҳинд ихтисос дода шудаанд.

Ҷаннат Сергей Маркус, пажӯҳишгари фарҳанги исломӣ ба бахши русии Радиои Озодӣ гуфт, бо он вуҷуд ки ҷашнвора дар минтақаи начандон пуриздиҳоми Алтуфево доир мешавад, онҳо интизор доранд, ки мардуми зиёде аз ин имкони ошноии беҳтар бо Ислом ва арзишҳои исломӣ истифода хоҳанд бурд.

Ҷаннат Маркус афзуд, «мо дар рафти ҷашвора муаррифии китобҳои зиёдеро дар назар дорем. Яке аз онҳо китоби хрестоматиявии «Даъвати Муҳаммад» ("Призвание Мохаммеда") аст, ки таҳиягараш Михаил Синелников дар 600 саҳифаи ин китоб иқтибосҳо аз адибони классики фаронсавиву англису немис ва халқҳои дигар дар бораи ҷаҳони Ислом гирдоварӣ кардааст.»

Аммо дар меҳвари ҷашнвораи «Қуръонфест», ба гуфтаи масъулонаш, таблиғи «Қуръон» - китоби муқаддаси дини Ислом – қарор мегирад. Ҷаннат Сергей Маркус дар сӯҳбат бо Озодӣ «Қуръон»-ро «китоби асосии мусалмонон, манбаи рақами якуми эътиқод» ва «Супертекте, ки аз арши аъло ирсол шудааст» номид.

Интизор меравад, дар ҷараёни ҷашнвораи «Қуръонфест» хушнависи маъруфи эронӣ Ҳодӣ Рӯшанзамир барои иштиёқмандон дарси маҳорати хушнависӣ (калиграфия)-и шарқӣ низ бидиҳад.

Дар моҳи Рамазон дар рӯбарӯи масҷиди воқеъ дар Поклонная гораи шаҳри Маскав ҳамчунин “Хаймаи Рамазон” гузошта мешавад, ки ҳар рӯз дар он дар баробари дастурхони ифтор барномаҳои мухталифи фарҳангиву мазҳабӣ, аз ҷумла баргузории муаррифии кишварҳои гуногуни мусалмоннишин роҳандозӣ мешаванд. То имрӯз дар “Хаймаи Рамазон” Шоми Туркия, Шоми Туркманистон, Шоми Қазоқистон, Шоми мардуми нӯғай ва чандин халқи дигар доир шудааст.

Мусулмонҳо, бино ба омори расмӣ, тақрибан 20 миллион, ё ҳафтяки аҳолии Русияро ташкил медиҳанд. Аммо дар солҳои охир сели муҳоҷират, ки бештар аз кишварҳои мусалмоннишини пасошӯравӣ ба Русия мушоҳида мешавад, боиси афзоиши боз ҳам босуръати фисади аҳолии мусалмон дар таркиби аҳолии Русия шудааст.

Муфтиёти шаҳру вилояти Маскав рӯзи 14 июл эълон кард, ки азбаски 36 макони намози иди соли гузашта натавонист тамоми намозгузоронро бигунҷонад, имсол намози иди Рамазон дар пойтахти Русия ва шаҳрҳои атрофаш дар 43 макон доир карда мешавад.

XS
SM
MD
LG