Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони Қӯрғонтеппа ба раисиҷумҳур чӣ гуфтанӣ доранд? (ВИДЕО)


Бархе аз сокинони Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлон, талош доранд, ки раисиҷумҳурро ҳангоми сафараш ба ин минтақа аз наздик дида, ба ӯ дар бораи мушкилоти худу ҷомеа ҳарф зананд.

Бархе аз сокинони Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлон, талош доранд, ки раисиҷумҳурро ҳангоми сафараш ба ин минтақа аз наздик дида, ба ӯ дар бораи мушкилоти худу ҷомеа ҳарф зананд.

Баракатулло Улмасов, сокини 55-солаи Қӯрғонтеппа, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, агар имкони мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмонро ёбад, дар бораи вазъи хадамоти беҳдоштӣ ва қимати таҳсил ба ӯ шикоят хоҳад кард.​"Корҳои хубе мисли ободонӣ дар кишвар анҷом мешавад, вале мушкили тандурустӣ ва гарон шудани қимати таҳсил дар донишкадаҳоро мехоҳам бирасонам. Барои ояндаи набераҳо ва ҷавонон. Худо хоста бошад, вохӯрем, хуб мешавад," – гуфт ӯ.

Одатан дар ин мулоқот дарёфти иҷозаи ҳузур мушкил аст ва иштиркодорони суҳбати раисиҷумҳур аз қабл рӯйхат мешаванд.

Малика Усмонова, ки дар қадди роҳ ба майдафарӯшӣ машғул аст, низ ният дорад барои таҳсили духтараш аз раисиҷумҳур кумак хоҳад. Вай гуфт, ба далели, ба қавли худаш, камсаводӣ натавонист дар зиндагӣ ҷойгоҳ пайдо кунад, вале талош дорад, ки рӯзгори духтараш аз ӯ беҳтар гардад. Малика гуфт, ки «ба далели камбизоатӣ ва надоштани шиноснома, ба духтарам натавонистам, ки шаҳодатномаи таваллуд гирам. Духтарам то ҳол натавонистааст ба мактаб равад.»

Ин сокини Қӯрғонтеппа мегӯяд, чанд сол боз чархи зиндагиро аз ҳисоби майдафурӯшӣ дар қадди кӯчаҳо мечархонад, вале маъмурони пулис гоҳе ӯро ором намегузоранд ва сари чанд вақт аз кӯчаҳо меронанд.

Ҳамин тавр, сокинони дигари Қӯрғонтеппа низ мегӯянд, дилашон аз ҳарфҳои гуфтанӣ ба раисиҷумҳури Тоҷикистон лабрез аст, вале ба амалӣ шудани дидору мулоқоташон бо Эмомалӣ Раҳмон чандон бовар надоранд. Чунки, ба қавли онҳо, одатан дар ин мулоқот дарёфти иҷозаи ҳузур мушкил аст ва иштиркодорони суҳбати раисиҷумҳур аз қабл рӯйхат мешаванд. Матбуоти маҳаллӣ борҳо навиштаанд, ки мақомот дар минтақаҳо асосан кормандони идораҳои давлатиро ба суҳбати раисиҷумҳур даъват карда, талош мекунанд аз ифшои камбуди корашон ҷилавгирӣ намоянд.

Шаҳри Қӯрғонтеппа дар замони даргириҳои дохилии Тоҷикистон яке аз нуқтаҳои доғ буд. Кӯчаву хиёбонҳои ин шаҳр шоҳиди мудҳиштарин ҳаводисанд. Ҳоло дар ин шаҳр сокиноне низ ҳастанд, ки ният доранд дар мулоқот бо раисиҷумҳур масъалаи мсуботро дар миён гузоранд.

Файзигул ном сокини маркази Хатлон гуфт, «ман аз насли солҳои 90-ум ҳастам. Хуб медонам, ки дар замони ҷанг чӣ ҳолу вазъе доштем. Ҳозир Тоҷикистони мо обод аст, муҳимтар аз ҳама, ором.»

Сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ноҳияҳои вилояти Хатлон рӯзи 24-уми август аз ноҳияи Ёвон оғоз шуд ва рӯзи 25-уми август дар маркази ин вилоят идома мекунад. Мақомоти шаҳри Қӯрғонтеппа чанд рӯз боз барои ин сафар омодагӣ доранд ва қарор аст, баъзе иншооти тозабунёд низ ба истифода дода шавад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон сари чанд вақт ба минтақаҳои гуногуни кишвар сафар карда, дар маросими ифтитоҳи ин ё он иншоот мекунад. Вале ҳодисаҳое низ будааст, ки баъди анҷоми сафари раисиҷумҳур ё корхонаҳо ба корашон идома надодаанд ё нирӯгоҳҳои хурд аз кор мондаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG