Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Шӯрои адлия барҳам хӯрд?


Шӯрои адлияи Тоҷикистон ба ҳайси як ниҳоди мустақил барҳам дода шуд ва тамоми вазифаҳояш ба зиммаи Додгоҳи олӣ ва олии иқтисодӣ гузашт. Дафтари матбуоти президент дар шарҳи фармони барҳам дода шудани Шӯрои адлия гуфт, ки "дар Тоҷикистон ҳокимияти судии мустақилу беғараз дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, қонуният ва адолати иҷтимоӣ нақши муҳим дорад, аз ин рӯ ба ташаккули ин шохаи ҳокимияти давлатӣ аҳамияти хос дода мешавад."

Ин тағйирот дар низоми додгоҳии Тоҷикистон дар пайи ислоҳи Конститутсия сурат мегирад, ки дар раъйпурсии рӯзи 22 майи соли равон, ба қавли мақомот, беш аз 92 фисади овоздиҳандагон аз он тарафдорӣ кардаанд.

Субҳиддин Баҳриддинзода, муовини раиси Маркази миллии қонунгузории назди призиденти Тоҷикистон, рӯзи 10 июн дар суҳбат дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, тарҳи барҳам додани Шӯрои адлия қаблан омода шуда буд ва он тибқи Барномаи ислоҳоти судӣ­-ҳуқуқӣ барои солҳои 2015-2017 сурат мегирад. Ӯ гуфт, “ҳадафи асосии барҳам додани Шӯрои адлия ва вогузор кардани салоҳиятҳои он ба дӯши Суди олӣ ва Суди олии иқтисодӣ ин пеш аз ҳама тақвият додани мустақилияти судҳо дар Тоҷикистон аст.”

Субҳиддин Баҳриддинзода
Субҳиддин Баҳриддинзода

Фармони барҳам додани Шӯрои адлия-ниҳоди назоратии кулли додгоҳҳо дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки мунтақидони давлат, созмонҳои байнилмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва бархе аз ҳуқуқшиносон мегуфтанд додгоҳҳо дар Тоҷикистон мустақил набуда аз ҳокимияти иҷроия вобаста ҳастанд. Ба ҳайси далел онҳо ин нуктаро зикр мекарданд, ки роҳбари Шӯрои адлия аз сӯи раисиҷумҳур таъин мешавад, на интихоб.

Файзиннисо Воҳидова, вакили дифоъ, ки таҷрибаи зиёди иштирок дар мурофиаҳои додгоҳиро дорад, гуфт, вобастагии зиёди додрасҳо аз “боло” имкон намедиҳад, то ҳукми одилона содир кунанд. “Дар шаҳру навоҳии кишвар судяҳои боақлу босавод ҳастанд. Аммо онҳоро намегузоранд, ки мустақилона ҳукм содир кунанд. Агар ягон судя мустақилона ҳукм барорад, он ҳукмро суди зинаи болоӣ бекор мекунад. Аз бекор шудани ҳукми судя тақдири мондан ва ё рафтани ӯ дар ин симмат вобаста аст. Аз ин рӯ, онҳо ҳавсалаи таъмини адолатро надоранд,” – гуфт Воҳидова.

Файзиннисо Воҳидова
Файзиннисо Воҳидова

Бо судури фармони аз байни бурдани Шӯрои адлия ба назар мерасад давлати Тоҷикистон талош дорад, андешаи “мустақил набудани додгоҳҳо дар Тоҷикистон”-ро аз байн барад. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки бо барҳам хӯрдани Шӯрои адлия ва зери назари Додгоҳи олӣ ва иқтисодӣ рафтани масъулиятҳои он то куҷо додгоҳҳои Тоҷикистон мустақилтар мешаванд?

Ватан Абдураҳмонов, додраси собиқадори тоҷик дар суҳбат бо Озодӣгуфт, таъсис ёфтани Шӯрои адлия низ дар пайи ҳамин гуна интиқод ва ба хотири аз зери назари Вазорати адлия хориҷ кардани умури додгоҳӣ дар кишвар буд. Ӯ афзуд, “пештар талош кардем, ки Шӯрои адлия аз тобеияти Вазорати адлия барояд. Ин ниҳоди алоҳида шуд, аммо боз ҳам ба як ниҳоди сирф маъмурӣ табдил ёфт. Ҳоло ба назарам дар тақлид бо Русия ин масъулият ба Суди олӣ вогузор шуд”.

Абдураҳмонов мегӯяд, аз барҳам хӯрдани Шӯрои адлия ва тобеи Додгоҳи олӣ шудани масъулиятҳои он набояд интизори тақвият ёфтани мустақилияти додгоҳҳо дар Тоҷикистон шуд. Чунки акнун кулли низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон дар инҳисори (монополия) танҳо Додгоҳи олӣ даромад, ки ба назари сирф шахсии ман чандон дуруст нест, иброз дошт Ватанов.

Вакилони дифоъ ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон бештар дар такя ба ҳукмҳои парвандаҳои ба гуфтаи онҳо сиёсӣ мустақилияти додгоҳҳоро дар Тоҷикистон зери суол мебаранд, ки дар аксар маврид додгоҳ бо ҳукми хеш танҳо фикри айбдоркунадаро ҷомаи қонунӣ мепӯшонаду бас. Дар ин робита матуботи маҳаллӣ як порча аз муколамаи Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари ҳизби сабтнашудаи "Тоҷикистони нав" бо додрас Савриддин Тошевро борҳо нашр кардаанд. Оқои Саидов пас аз эълони ҳукми сангин аз додрас пурсидааст, ки "мо ба қонун бовар доштем, қонун чӣ шуд?" Тошев дар ҷавоб гуфтааст “Худатон медонед, Зайд Шерович, тақозои замон ҳамин!"

XS
SM
MD
LG