Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарватмандҳои Қабодиён 60 ятимро зери пар карданд


Саъдулло Бекнаразаров, раиси ноҳияи Қубодиён.

Саъдулло Бекнаразаров, раиси ноҳияи Қубодиён.

Дар ноҳияи Қубодиён дар ҷануби Тоҷикистон сарпарастии 60 кӯдаки ятимро бо фармони раиси ноҳия ба 60 нафар аз мансабдорон ва афроди доро супурдаанд.

Ҳукумати ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, воқеъ дар 200-километрии ҷануби Душанбе, рӯзи 21 июл дар як ҷаласаи корӣ қарореро ба тасвиб расонд, ки тибқи он, 60 нафар аз мансабдорон, соҳибкорон ва афроди дорои ноҳия бояд сарпарастии 60 кӯдаки ятимро ба ӯҳда гиранд.

Марҷонаи 14-сола, ки ҳанӯз дар хурдсолӣ аз падару модар маҳрум шуда, дар оилаи наздикони падараш зиндагӣ мекунад, аз меҳрубонии марди ношинос, ки ӯро ба бозор бурд ва барояш сарутани нав харид, ҳайрон ва хурсанд шуд. Хешонаш ба ӯ гуфтанд, ки ин мард раиси ноҳия Саъдулло Бекназаров аст ва сарпарастии Марҷонаро шахсан бар дӯш гирифтааст. Худи Марҷона мегӯяд: «Бо раиси ноҳия, ки маро ҳамчун фарзанди худаш меҳрубонӣ мекунад. Ба бозор рафта, курта, пойафзол, рӯймол ва боз либосҳои мактабӣ харидем.»

Марҷона

Марҷона

Марҷона Кенҷаева, яке аз 60 ятими кул дар ноҳияи Қубодиён аст, ки акнун 60 нафар аз мансабдорон ё афроди тавоно онҳоро “зери қаноти худ” гирифтанд.

Меҳриниссо Қурбонова, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Қубодиён дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин яке аз қарорҳои ахири ҳукумати ноҳия аст ва тибқи он, дар шӯъбаи маҳаллии «Тоҷиксодиротбонк» "боз намудани суратҳисоб барои ин кӯдакони ятим аз сӯи сарпарастон оғоз шудааст ва қарор аст, барои онҳо пул гузошта шавад."

Саъдулло Бекназаров, раиси ҳукумати ноҳияи Қубодиён мегӯяд, бар асоси қарори ҳукумат, ин 60 кӯдак то хатми мактаби миёна аз сарпарастони худ кӯмаки молӣ мегиранд ва ҳатто дар вақти ба донишгоҳ дохил шудан ва арӯсиашон низ аз ҳиммати ҳомиёнашон бархӯрдор хоҳанд буд. Ба гуфтаи раиси ноҳия, «ҳамин мавзӯъро дар ҷаласаи навбатии худамон баррасӣ кардем, ки мардум хуш пазируфтанд. Ин кӯдаконро, ки меҳри падару модарро надидаанд, мисли фарзандони худамон нигоҳ карда, барояшон сару либоси хуб мехарем ва барои меҳмонӣ ба хона оварда аз оҳо тез тез хабар мегирем. Ин кӯдаконро мо калон мекунем ва дар вақти шавҳар кардан ва ҳатто донишгоҳ рафтанашон кӯмак мекунем.»

Малоҳат Назарова, як мансабдор дар Қубодиён гуфт, ки ҳарчанд раиси ноҳия дар қарори имзокардааш барои он нафароне, ки парастории кӯдакони ятимро бар ӯҳда мегиранд, имтиёзе ваъда надодааст, вале онҳо парастории кӯдакони ятимро кори савоб медонанд. Малоҳат Назарова гуфт, ки худи ӯ парастории Оятулло Тағоймуродов, як кӯдаки ятими узбактаборро бар ӯҳда гирифтааст ва барояш пагоҳ либос ва хӯрок мехарад. Ӯ мегӯяд, «қарор имзо шудааст, ки мо ин кӯдаконро мисли кӯдаки худ нигоҳ кунем. Ҳукумат барои сарпарастии ин ятимон ягон имтиёзе ваъда накардааст, вале ин як кори савоб аст, ки мо анҷомаш медиҳем.”

Ба манзури назорат ба иҷрои ин қарори раиси ҳукумати Қубодиён комиссияи махсусе ҳам таъсис дода шудааст.

Бинои ҳукумати ноҳияи Қубодиён.

Бинои ҳукумати ноҳияи Қубодиён.

Қубодиён аз аввалин ноҳияҳои Тоҷикистон аст, ки мансабдорону соҳибкорон ва афроди дорояш бо қарори расмии ҳукумати маҳаллӣ сарпарастии кӯдакони ятими ин минтақаро бар дӯш мегиранд. То кунун имдод ба кӯдакони ятиму камбизоат ба сурати умум ҷараён мегирифт ва хислати «як ба як”-ро надошт. Аз ҷумла дар остонаи ҷашну идҳо бо мадади ҳукуматҳо ё соҳибкорони номӣ маросими хатнасӯри кӯдакони ятиму камбизоат ё арӯсии дастаҷамъии домоду арӯсҳо аз оилаҳои нодор гузаронида мешуд.

Аммо таҷрибаи ҳукумати ноҳияи Қубодиён – сарпарастии, ба истилоҳ,“бо адрес” ва давомдори кӯдакони ятим аз сӯи мансабдорону соҳибкорон ва афроди доро бесобиқа аст. Танҳо пурсише, ки боқӣ мемонад, ин аст, ки барои ин ҳиммати худ сарпарастон ба ҷуз аз сипосгузории атфол чӣ имтиёзе дарёфт хоҳанд кард.

Дар кишварҳои пешрафта, барои чунин накӯкорӣ афрод аз пардохти як қисми андоз озод мешаванд, зеро амалан бо чунин корҳои савоб як гӯшаи бори бахши иҷтимоии буҷаи давлатро бар дӯш мегиранд.

Чу бинӣ ятиме сарафканда пеш,
Мадеҳ бӯса бар рӯйи фарзанди хеш

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG