Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарҳо ба ҳукми ҳабси Маҳмудҷон Қосимов


Радиои Озодӣ ба чанд фаъоли ҷамъиятии Тоҷикистон муроҷиат кард, то назари худро ба ҳукми М.Қосимов ва додгоҳи ташкилкунандагони флеш-моб баён кунанд.

Рӯзи 29 август дар додгоҳи Исмоили Сомонӣ мурофиаи ташаббускорони маъракаи флеш-моб ба пуштибонии соҳибкори боздоштшуда Зайд Саидов баргузор шуд. Яке аз раҳбарони ин маърака Маҳмудҷон Қосимов, узви гурӯҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав” бо ҳукми додгоҳ ба панҷ шабонарӯз ҳабси маъмурӣ аз рӯи моддаи “майдаавбошӣ” гунаҳгор дониста шуд. Радиои Озодӣ ба чанд фаъоли ҷамъиятии Тоҷикистон муроҷиат кард, то назари худро ба ҳукми М.Қосимов ва додгоҳи ташкилкунандагони флеш-моб баён кунанд.

Ойниҳол Бобоназарова
, ҳуқуқшинос, раҳбари созмони «Перспектива Плюс»:


- Ҳар як қонуне, ки қабул мешавад, бояд аз нуқтаи назари зарурати истифода бурдани он қонун ба назар гирифта шавад. Фикр мекунам, маъракае, ки аз тарафи фарзандони Зайд Саидов, ҳизбе, ки номнавис нашуда буд, гузаронида шуд, ин қонуншиканӣ буда наметавонад. Қонуншиканӣ дар сурате мешавад, ки дар ҷое ҷамъ шаванд, ба ҳаёти мӯътадили мардум халал расонед, масалан роҳ баста шавад, ки эҳтимоли сар задани ҳодисае пеш меояд. Наздикони Зайд Саидов, фарзандону тарафдоронаш хостанд, ки таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба тарафи
худ кашанд. Ман фикр мекунам, ки ҳеҷ зарурати ба ҳабс гирифтани Маҳмудҷон Қосимов нест.

Касеро ҳабс мекунанд, ки вай хатар дошта бошад. Ман намедонам, ки Маҳмудҷон чӣ хатар дошт, ки вайро ҳабс намоянд? Вақте ки Зайд Саидовро ҳабс карданд, ҳама гуфтанд, ки барои он ки вай мехост ҳизби сиёсӣ ташкил карда дар интихобот ширкат кунанд, ӯро ҳабс карданд. Ин кам буд, ки акнун ҷонишини вайро ин хел карданд. Ин ҷо ҳеҷ қонуншиканӣ нест ва зарурати ба ҳабс гирифтан ҳам набуд. Хусусан, нисбати фарзандон, ки мехостанд падарашонро аз ҷиҳати маънавӣ дастгирӣ кунанд.


Зафар Абдуллоев, хабарнигори мустақил:


- Ман дирӯз назарҳои худи Маҳмудҷон Қосимовро дар бораи флеш-моб муфассалтар хондам ва дар бораи худаш ҳам маълумоти бештар гирифтам. Вай як ҳуқуқшиносӣ касбӣ будааст. Назари ман ин аст, ки Маҳмудҷон Қосимов ҳангоми арзёбиҳои қонунмандии флеш-моб иштибоҳ мекунад. Дуруст аст, ки ин истилоҳ дар қонунҳои Тоҷикистон зикр нашудааст. Ман худам хеле зиёд чунин маъракаҳои флеш-моб баргузор кардаам. Он чи ки то ҳол баргузор шудааст, бештар ба таърифи як «ҳамоиши ҷавонон» мувофиқат мекунад ва бо сабаби бо нияти нек баргузор шуданашон мақомот ба онҳо вокуниш нишон надоданд.

Бояд гуфт, ки он маъракае, ки ин гурӯҳ зери унвони флеш-моб доир кард, эҳтимолан мақомот онро ҳамчун як пикети сиёсӣ фаҳмиданд ва барои ҳамин ҳам ба он зуд баҳои ҳуқуқӣ доданд. Дигар ин ки, вақте онҳо болои боми сохтмони шахсӣ баромада кабӯтар ва акси бузурги Зайд Саидовро бо пуфакҳо ба осмон ҳаво доданд, ман инро флеш-моб ҳам намегӯям, ва айни замон, ба унвони як шаҳрванд, дар ин амал ягон кори баде намебинам. Яъне коре, ки онҳо карданд, аслан наметавонад ба чаҳорчӯби амалҳои мамнӯъ ворид шавад.
Ин ба ҳеҷ сурат маъракаи серҷамъияти эътирозӣ нест, ки ба касе халал ворид карда ё роҳҳоро баста бошад.

Ҳамчун хабарнигоре, ки масоили ҳуқуқиро пайгирӣ кардааст, мегӯям, ки ин ҷо аслан ҳеҷ амале содир нашудааст, ки ҳамчун қонунвайронкунии маъмурӣ арзёбӣ шавад. Тадбирҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як худсарии ҳуқуқӣ аст. Ин нишонаи хеле бад аст. Давлати мо бадтар аз як давлати авторитарӣ шудааст. Посухи мақомот номуносиб ва беш аз ҳад буд. Кофӣ буд, ки онҳоро даъват ва бо онҳо сӯҳбат кунанд. Аз сӯи дигар, ман ин давлатро табрик мекунам, ки шумори афроди норозиву мазлумро ҳамакнун аз ҳисоби наздикону аъзои ҳизби Зайд Саидов афзоиш медиҳад. Ва ин чиз боиси афзоиши тарафдорони ин ҳизб мешавад. Чунин амалҳои мақомот шумори онҳоеро, ки мехоҳанд бо ҳукумат муколамаи созанда дошта бошанд, коҳиш хоҳад дод.

Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG