Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи Қодирӣ, дилгармии варзишгарон ва талаби мураббиён


Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд.
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд.

Иқдоми ахири раиси вилояти Суғд ба варзишгарони суғдӣ, онҳоро ҳавасманд кардааст, аммо мураббиён мегӯянд, то шурӯъи бозиҳои варзишӣ шароити хуби тамрин ҳам муҳаё шавад.

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд ба варзишгарони суғдие, ки дар бозиҳои Олимпии соли 2016 медал ба даст меоранд, паём дод, хонаи сеҳуҷрадор ва автомобили “Toyota Camry” тӯҳфа хоҳад кард.

Ин паёми умедворкунандаи раиси вилояти Суғд дар бораи тақдими манзили сеҳуҷрадор ва автомобили “Toyota Camry” ба ҳар варзишгаре, ки дар бозиҳои Олимпии 2016 дар Бразилиа медали тиллову нуқра ба даст меорад, ва тӯҳфаи автомобили “Toyota Camry” ба барандаи медали биринҷӣ, дар маросими таҷлил аз Рӯзи ҷавонон 23-юми май дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият” дар Хуҷанд садо дод. Ва дар ҳоле аз ҷониби ҳазорон ҷавонон бо шодиву ваҷд истиқбол шуд, ки варзишгарони номии Суғд барои ба даст овардани роҳхат ба бозиҳои Олимпии 2016 омодагӣ мегиранд.

Зокир Бобораҳимов, раҳбари мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Суғд мегӯяд, ин таваҷҷуҳи мақоми аввали вилоят варзишгаронро дар ҷараёни омодагӣ дилгармӣ мебахшад:

“Ин иқдоми хеле хуб ва дастгирии хеле муҳим аст. Ин азму ҳаваси варзишгаронро барои ба даст овардани медал дар бозиҳои Олимпӣ бештар мекунад. Варзишгар мақсад мегузорад ва ҷиддан омодагӣ мегирад.”

Дар ҳоли ҳозир касе аз варзишгарони суғдӣ ба бозиҳои Олимпии соли 2016, ки дар Рио - де - Жанейрои Бразил баргузор мегардад, роҳхат ба даст наовардааст. Ва аз аввалҳои соли оянда маълум хоҳад шуд, кадоме аз варзишгарони суғдӣ ба ин сабқати ҷаҳонӣ шанс доранду роҳ хоҳанд ёфт.

Ба гуфтаи ҷаноби Абдураҳимов, дар ҳоли ҳозир Ҷаҳон Қурбонов, ширкатгари ду бозиҳои олимпии гузашта, Виталий Сериков, барандаи Унверсиадаи ҷаҳонии соли 2013 дар Қазони Русия оид ба заврақронӣ, Комроншоҳи Устопириён, дзюдочии номвар, ҳамчунин муштзанҳо: Наврӯз Ҷафоев, ҷоизадори мусобиқаи Осиёии соли 2013 ва Асрор Воҳидов, қаҳрамони Тоҷикистон оид ба муштзанӣ дар вазни 56 кило дар соли равон шанс ва имконоти воқеии соҳиби роҳхат шудан ба бозиҳои олимпии соли 2016 -ро доранд.

Баҳром Усмонов, аз мураббиёни Ҷаҳон Қурбонов, муштзани маъруфи тоҷик мегӯяд, мегӯяд, ҳавасмандкунии варзишгарон барои пирӯзӣ дар бозиҳои олимпӣ иқдоми шоистаи таҳсин аст. Вале варзишгарон ниёзи бештаре ба дастгирӣ барои то бозиҳои олимпӣ расидан доранд:

“Варзишгар пеш аз иштирок дар мусобиқаҳои муҳими ҷаҳонӣ бояд дар мактабҳои махсуси варзишӣ ва ҳадди ақал дар 3 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кунад ва таҷриба ба даст орад. Агар фақат дар хона тайёрӣ бинаду ба мусобиқаи ҷаҳонӣ равад, дасти холӣ бармегардад. Имрӯз варзишгарони номии мо сарпарасте надоранд, ки онҳоро дар ҷараёни омодагиашон дар мусобиқаву бозиҳои олимпии ҷаҳонӣ дастгирии молӣ кунанд. Аз ин рӯ, умед ба дастгирии масъулон дорем.”

Ҷаҳон Қурбонов, ягона варзишгари суғдӣ дар ду бозии тобистонаи Олимпӣ дар навъи муштзанӣ дар вазни то 81 килограм аст, ки коршиносон шансҳои ӯро барои соҳибӣ ба медали оимпӣ зиёд медонистанд, вале дар ҳар ду навбат ҳам ноком баргашт. Ба гуфтаи масъулони варзиши тоҷик, ба нокомии Ҷаҳон дар бозиҳои олимпии Пекин - 2008 ва Лондон - 2012 дар шароити номусоид ва дар толори бе ринг дар Хуҷанд омодагӣ дидани вай таъсири манфӣ гузошта буд.

Зебунисо Рустамова, қаҳрамони собиқи ҷаҳон оид ба камонкашӣ барои омода кардани варзишгарон барои ширкат дар мусобиқаву олимпиадаҳои ҷаҳонӣ таъсиси Марказҳои омодагии олимпӣ дар Тоҷикистонро зарур медонад. То ин ки дар ин марказҳо ҳама имконот барои тамрини варзишгарони сатҳи оливу мураббиёни онҳо на танҳо барои як давраи муайян, балки барои доимӣ фароҳам карда шавад. Дар замони шӯравӣ варзишгарони номии тоҷик чунин имконоти машқ дар марказҳои олимпии Русияву дигар кишварҳои шӯравӣ фароҳам буд, аммо бо барҳам хӯрдани низоми шӯравӣ аз даст доданд. Хонум Рустамова мегӯяд, танҳо кору тамрини пайвастаи варзишгару мураббӣ ва гурӯҳи мутахассисон дар марказҳои муҷаҳҳази варзишӣ варзишгарро то мусобиқаҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ ва медал мебарад.

Дар ин вазъ бисёри варзишгарону мураббиёни суғдӣ паёми раиси вилояти Суғд дар мавриди тӯҳфаи хонаву автомобил ба варзишгарони минтақаро, ки дар бозиҳои олимпии 2016 пирӯз меоянд, як нишони таваҷҷӯҳи хоси масъулон ба варзишгарон ва омодагӣ ба дастгирии онҳо дар ҷараёни омодагӣ ба бозиҳои олимпӣ арзёбӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG