Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қодир Раҳимов - наққоше, ки бо ёди Варзоб эҷод мекунад


Анор
Анор

Дар донишгоҳи Дӯстии халқҳои ба номи Патрис Лумумбаи шаҳри Маскав наққошиҳои рассоми тоҷик Қодир Раҳимов таҳти унвони “Роҳи бузурги абрешим” ба намоиш гузошта шуд.

Қодир Раҳимов солиёни зиёд дар Маскав зиндагӣ мекунад, вале аслан ӯ зодаи ноҳияи Варзоби Тоҷикистон аст. Дар солҳои 1980-ум дар редаксияҳои маҷаллаҳои “Занони Тоҷикистон” ва “Хорпуштак” кор кардааст. Асарҳои ин манзаранигори 57-сола ҳоло дар намошгоҳҳои зиёди ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар галереяи давлатии Третяков дар Маскав ва дар толорҳои наққошии кишварҳои ҷаҳон гузошта шудаанд. Яке аз маъруфтарин корҳои ӯ – кошикорӣ дар чойхонаи маъруфи шаҳри Болдуэр – бародаршаҳри Душанбе дар ИМА мебошад. Солҳои 2009-2010 дар наққошиву гаҷкории сохтмони сафоратхонаи Тоҷикистон дар Берлин саҳм гузоштааст. Кандакориҳои ӯ дар бинои ширкати “Барқи Тоҷик” дар Душанбе ва дар чойхонаи шаҳри Исфара маҳфузанд.


Ин рассоми тоҷик, ки асосан бо рангҳои равғанӣ эҷод мекунад, аз охирҳои солҳои 1980, баъди як муддат зиндагӣ дар Маскав қарор кард, ки дар ин шаҳр бимонад. Ҳоло ӯ шаҳрвандии Русияро дорад ва мегӯяд, танҳо аз ҳисоби рассомӣ зиндагиро пеш мебарад. Намунаҳои наққошиҳои ӯро дар Интернет низ пайдо кардан мумкин аст.


  • Таи се соли охир бо галереяҳои бузург дар Олмон, Фаронса ва ИМА кор мекунам ва айни замон бо фаронсавиҳо ҳамкорӣ дорам. Онҳо расмҳои маро ба фурӯш мегузоранд, - гуфт ӯ.

Қодир Раҳимов нахост дар бораи қимати асарҳои худ дар галереяҳои ҷаҳонӣ сӯҳбат кунад, вале гуфт, “рӯзам мегузарад”.


“Қалам гуфто, ки ман шоҳи ҷаҳонам,
Қаламкашро ба мақсад мерасонам”, - ҳамин қалам аст, ки маро хор шудан намемонад”,
гуфт ин рассом.


Ин қаламкаши тавоно мегӯяд, дар зиндагӣ ва кор бештар танҳоиро дӯст медорад. Соҳиби як писар ва духтар аст, вале ҳеҷ шогирде тарбият накарадаст. Мегӯяд, ҳоло рисолати устод ҳам тағйир ёфтааст. “Ҳар кас агар устод хоҳад, корҳои маро аз Интернет мебинаду меомӯзад”, мегӯяд вай. Бо вуҷуди дурӣ аз Тоҷикистон, Қодир Раҳимов бар ин аст, ки тамоми асарҳои ӯ бо илҳом аз манзараву табиати Тоҷикистон ва ҳам сабзаву рангҳои зебои Варзобу Харангон наққошӣ шудаанд. “Чӣ фарқ дорад, ки ман дар куҷо эҷод мекунам. Ҳар куҷое кори ман пайдо мешавад, маро ба унвони як рассоми тоҷик муаррифӣ мекунад”, гуфт ӯ.



XS
SM
MD
LG