Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сулаймон Қаюмов, гумонбари асосӣ дар қатли Умаралӣ Қувватов, дар баёноти худ муҳофизи худи Қувватовро ба даст доштан дар қатли раҳбари "Гурӯҳи 24" айбдор кардааст.

Сулаймон Қаюмов, нафари аслии муттаҳам дар қатли Умаралӣ Қувватов, дар баёноти худ муҳофизи ӯ -- Сӯҳроб Тӯраевро дар куштори раҳбари "Гурӯҳи 24" дар Истамбули Туркия айбдор кардааст.

Нашрияи "Ҳуррият", чопи Туркия рӯзи 21 март Қаюмовро шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон ном бурда, навишт, ӯ дар 12 саҳифа баёноташ ба пулиси Истамбул ҳар навъ даст доштани худ дар қатли Қувватовро рад кардааст.

Бино ба гузориши "Ҳуррият", Қаюмов дар баёноти худ гуфтааст, ӯ ба таоми Умаралӣ Қувватов ва ҳамсару ду фарзандаш заҳр наандохта, шоҳиди лаҳзаи қатлаш низ набудааст: "Ин ман набудам. Қувватовро муҳофизаш заҳр дод. Ман лаҳзаи куштанашро ҳам надидам. Нафаре, ки маро баъд аз куштори Қувватов пайдо кард, гуфт, бояд гурезам. Ман ба нахустин парвоз ба Алмаато чипта гирифтам. Аммо пулиси Қазоқистон маро иҷозаи вуруд надод ва дубора ба Туркия фиристод."

Сулаймон Қаюмов (чап) бо Умаралӣ Қувватов

Сулаймон Қаюмов (чап) бо Умаралӣ Қувватов

​Нашрияи "Ҳуррият" менависад, Сӯҳроб Тӯраев, муҳофизи Умаралӣ Қувватов ҳафтаи гузашта баъд аз ду рӯзи боздошт ва бозпурсӣ озод шудааст ва ин иддаои Қаюмовро рад мекунад.

Қумриннисо Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов низ дар мусоҳибаҳояш бо Радиои Озодӣ Сулаймон Қаюмовро ташкилкунандаи қатли шавҳараш номида, мегӯяд, онҳоро шаби 5 март махсус ба хонааш даъват кардаву ғизову шарбатҳои заҳролуд додаст. Ба гуфтаи хонумаш, Қувватов қабл аз тарки он манзил Қаюмовро айбдор кардааст, ки мехост онҳоро заҳр диҳад.

Тарафдорони Қувватов баъди раҳоии Сӯҳроб Тӯраев дар таърихи 13 март ба Озодӣ гуфтанд, Сулаймон Қаюмов зоҳиран талош дорад, то бо кашидани пои одамони бегуноҳ ба ин парванда ҷараёни тафтишотро тӯл бидиҳад ва бо ин имкони аз Туркия фирор кардани афроди дигари дастандаркор дар қатли раҳбари "Гурӯҳи 24"-ро бештар кунад.

Наздикон ва тарафдорони Қувватов дар қатли ӯ мақомоти Тоҷикистонро

Абдулфаттоҳи Ғоиб

Абдулфаттоҳи Ғоиб

​гунаҳкор мекунанд. Аммо Абдулфаттоҳи Ғоиб, раиси пешини Оҷонсии зидди фасод, ниҳоде ки ба таҳқиқи парвандаҳои зидди Қувватов машғул буд, баъди кушта шудани ӯ гуфт, қатли Қувватов ба манфиати Душанбе набуд ва ҳукумати Тоҷикистон ба ҳеч сурате дар ин кор даст надорад.

Сулаймон Қаюмов ҳоло дар боздошт аст ва барои узвият дар гуруҳи ҷиноӣ ва даст доштан дар куштори аз пеш барномрезишуда муттаҳам мешавад. Аммо ба навиштаи "Ҳуррият", пулиси Туркия то ҳол ба ҷустуҷӯи қотили Қувватов, ки тавонист баъди он ҳамла фирор кунад, идома медиҳад.

Умаралӣ Қувватови 47-сола шаби 5 март ҳангоми берун рафтан аз манзили Сулаймон Қаюмов дар маҳаллаи Фотиҳи Истамбул дар натиҷаи як ҳамлаи мусаллаҳона кушта ва рӯзи 9 март дар оромгоҳи Килёси ин шаҳри Туркия ба хок супурда шуд. Қувватов аз соҳибкорони дар гузашта муваффақ дар Тоҷикистон ба шумор мерафт ва тиҷоратҳои марбут ба яке аз наздикони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро мечархонд.

​Аммо дар соли 2012 ӯву шарики тиҷориаш Шарофиддин Гадоев бо тарки Тоҷикистон “Гурӯҳи 24”-ро таъсис доданд ва наздикони раисиҷумҳурро ба ғасби тиҷоратҳои худ айбдор карданд. Аммо ширкатҳои “Фароз” ва “Тоҷирон” баъди фирори Қувватов ва Гадоев собиқаи раҳбарии Қувватов ба ин ширкатҳоро рад мекунанд ва мегӯянд, Қувватов бо ин ширкатҳо “ҳамкорӣ” дошт, на “раҳбарӣ”.

Қувватов ду дафъа – аз декабри соли 2012 то сентябри соли 2013 дар Дубай ва аз декабри соли 2014 то январи соли 2015 дар Истамбул – бо тақозои мақомоти Тоҷикистонро, ки ӯро ба қаллобӣ ва дуздии беш аз 1 миллион доллар аз ширкатҳои ин кишвар айбдор карданд, боздошт шуд, вале дар ҳар ду маврид Имороти Муттаҳидаи Араб ва Туркия аз истирдоди ин мухолифи ҳукумати Раҳмон ба Душанбе худдорӣ карданд.

Қувватов бо аҳли хонаводааш дар Туркия як соли охир ба сар мебурд ва мунтазири баррасии дархости паноҳандагиаш аз сӯи Идораи паноҳандагони СММ буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG