Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Панҷакент: Қабристон ё роҳ? Қисми 2


Норозигии сокинон ба тахриби оромгоҳи Қавола (Акс аз моҳи феврал)

Норозигии сокинон ба тахриби оромгоҳи Қавола (Акс аз моҳи феврал)

Сокинони Панҷакент мегӯянд, ширкати роҳҳсозии Чин ба тахриби як бахши оромгоҳи Қавола оғоз кардааст. Ба гуфтаи мақомот, ин кор баъд аз кӯчондани мазорҳо аз тарафи мардум анҷом шуд.

Як гурӯҳи сокинони Панҷакент ба Озодӣ хабар доданд, ки ширкати роҳсозии Чинба тахриби як қисмати қабристони Қавола дар канори шаҳр шурӯъ кардаанд. Ба гуфтаи сокинон, тахриби қабристон дар канори шаҳри Панҷакент рӯзи шанбе, 29 март оғоз ёфта, рӯзи якшанбе идома кардааст.

Тахриби як қисмати қабристони Қавола дар канори Панҷакент, ки тибқи нақша, шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакент баъди тармимаш бояд аз рӯи он гузарад, чанд моҳ боз мояи норозигии сокинони маҳаллӣ шудааст. Навбатдори ҳукумати шаҳри Панҷакент Улуғбек Зокиров рӯзи 30 март дар сӯҳбат бо Озодӣ тахриби як қисмати қабристони Қаволаро тасдиқ кард ва гуфт, роҳсозон ҳамроҳ бо сокинони маҳаллӣ як канори қабристонро тоза кардаанд, чунки бояд рӯяш роҳ сохта шавад.

Фахриддин Мӯъминов, раиси корхонаи нигоҳдории роҳҳои Панҷакент рӯзи 30 март ба Радиои Озодӣ гуфт, роҳсозони Чин ягон мазоррро хароб накардаанд, балки: “Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми оғози бозсозии шоҳроҳи Айнӣ –Панҷакент гуфта буд, ки паҳниаш набояд камтар аз 20 метр бошад. Аз пеш ҳамроҳ бо мардум ва рӯҳониён маслиҳат шуда буд ва мардум дар онҷо мол хун карда, ҳанӯз ягон ду ҳафта пеш мазорҳоеро, ки ҷояшон дар нақшаи роҳ афтодааст, кӯчонданд. Девори қабристонро ҳам худи мардум чиданд ва ҳоло дарунтар аз нав девораш хоҳанд кард. ”

Аммо сокинони маҳаллӣ мегӯянд, дар ҳоле ки алтернатива вуҷуд дошт ва дар канори қабристон замин холӣ истода буд, онҳо намефаҳманд, ки чаро мақомот барои сохтани роҳ маҳз замини қабритсонро интихоб карда, ба эҳсосоти мардуме, ки гузаштагонашон дар ин оромгоҳ хобидаанд, нохун мезананд? Онҳо мегӯянд, девори ин мазор аз санг сохта шуда буд, вале девори сангини қабристони Қавола низ қурбони барномиа бозсозии шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакент шудааст.
Қабристони Қавола дар шарқи шаҳри Панҷакент, дар канори роҳи Айнӣ - Панҷакент ҷойгир буда, ба гуфтаи сокинони атроф, таърихи беш аз садсола дорад ва бузургтарин оромгоҳи шаҳр ба шумор меравад. Аз сӯҳбат бо сокинони маҳаллӣ бармеояд, ки масъалаи тахриби ин оромгоҳ бештар масъалаи байни арзишҳои ахлоқӣ ва замонавист, ки оё эҳтиром ба арвоҳи гузаштагон муҳимтар аст ё кандани қабристон ба хотири сохтмони роҳе, ки ба бовари мақомот, заминаи рушди беҳтари ин минтақаи дар пайи марзбандиҳои Узбакистон дар як гӯшаи бунбаст фаромӯшшударо фароҳам хоҳад овард.

Фахриддин Мӯъминов вале мегӯяд, “ҳамагӣ ягон 3 ё 4 метри қабристон дар нақша афтодаааст ва он ҳам барои роҳ не, балки тибқи нақшаи рушди шаҳр, 3 метраш бароигулу кабудӣ ва се метри дигараш барои сохтани роҳи пиёдагард истифода хоҳад шуд. Инки мегӯянд, тарҳи роҳ мардумро сахт норозӣ кардааст, дуруст нест. Ҳама чиз аз пеш маслиҳат шуд ва мардум розӣ шуданд, ки бидуни ягон гапи изофӣ ба хотири таъмини рушди шаҳр мурдаҳои худро ба ҷои дигар кӯчонанд ва ин қисмати оромгоҳ барои сохтани роҳ истифода шавад.”

Сохтмони роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент аз сӯи Бонки осиёии рушд тақрибан бо 100 миллион доллар таъмини молӣ шуда, бахше аз тарҳи бузурги бозсозии шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ аст, ки бар пояи қариб 290 миллион доллар қарзи боимтиёзи Чин ва тавассути як ширкати роҳсозии он кишвар тармим шуд. Бозсозии шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакентро низ як ширкати Чин анҷом медиҳад. Баъди баста шудани марзи Узбакистон, ки дастрасии сокинони Панҷакент ба бозорҳои Самарқанду Ургут ва вилоятҳои дигари Узбакистонро сахт маҳдуд кард, шоҳроҳи Айнӣ танҳо масирест, ки шаҳру ноҳияи Панҷакентро бо боқӣ манотиқи Тоҷикистон мепайвандад. Мақомоти ин ноҳия ҳоло бозсозии шоҳроҳи Айнӣ - Панҷакент ва пайвастани он ба шоҳроҳи бузургтари Душанбе - Хуҷанд - Чаноқро танҳо роҳи таъмини рушди хубтари ин минтақаи дар ҳоли нимаинзивоъ уфтода мешуморанд. Бархе сокинон аммо мегӯянд, пешрафти минтақа набояд дар баҳои буридан аз гузаштаи мардум, чун дар намунаи оромгоҳи Қавола, ба даст биояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG