Пайвандҳои дастрасӣ

Як замоне акси Сталину Брежнев, замони дигар Путину Раҳмон ва имрӯз акси ситораҳои ҳунари мусиқии тоҷик, ба мисли Нигина Амонқулова, ба ҳайси беҳтарин наққошии қолинҳои Қайроқум истифода мешавад. Корхонаи маъруф ва собиқадор моли худро рӯзи 16 март бо нархи 20 дар сад пасттар аз арзиши маъмулиаш дар маркази шаҳри Хуҷанд ба фурӯш гузоштааст.

Масъулони корхона гуфтанд, ки ҳамаи ин ба ҷашни Наврӯз бахшида шудааст ва, ба қавли Абдумуталиб Абдуллоев, мудири кулли корхонаи “Қолинҳои Қайроққум”, 4 навъи қолин ва ҳудуди 90 дар сад аз нахи сунъӣ ба фурӯш гузошта шудааст ва нархи 1 метри мураббаи он аз 25 то 100 сомонӣ аст.

Корхонаи “Қолинҳои Қайроққум” соли 1960 сохта шуда, аз бузургтарин корхонаҳои қолинбофии Шӯравӣ маҳсуб меёфт ва дар он ҳудуди 6 ҳазор нафар кор мекарданд.

Барои муқоиса, навъҳои маҳсулоти воридотӣ, яъне гилемҳои туркиву эронӣ, ки солҳои охир бозори Тоҷикистонро пур кардаанд, ба маротиб бештар аст. Ҳукумати кишвар низ боҷи гумрукиро барои воридоти қолину гилемҳо то 30 дар сад боло бурд ва гуфт, ки ҳадаф мусоидат дар истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти ватанӣ аст.

Дар соли 2016 корхонаи “Қолинҳои Қайроққум” 1 миллиону 600 ҳазор метр қолину палос истеҳсол кардааст. Он дар дохили Тоҷикистон ба фурӯш рафта, қисми ками он ба хориҷ аз кишвар низ содир шудааст. Тоҷирон ва муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия қолинҳои Қайроққумро бо аксҳои кордиҳандагони худ ё раҳбарони ин кишвар ҳадя мебаранд. Сокинони маҳаллӣ низ хуш доранд, қолинҳои бо акси наздиконашон ё ситораҳои овозхонӣ ба девори хонаи худ овезанд. Дар намоишгоҳ қолинҳое бо суратҳои Муқаддас Набиева ва Нигина Амонқулова овезон буд.

“Ин гуна қолинҳоро аз рӯи фармоиш як ё чанд нусха мебарорем. Қолинҳо бо аксҳои раҳбарони давлатҳо ва шахсони маъруфи сиёсӣ ва ҳунариро аз кишварҳои дигар низ фармоиш медиҳанд. Нархи ин гуна қолин як метраш ҳудуди 1 ҳазор сомонӣ аст. Албатта, мо аз рӯи фармоиш қолинҳои бо сифати аз ин ҳам баландтар ҳам мебарорем, вале нархи онҳо болотар меравад”, – мегӯяд Абдуллоев. Ин қолинҳо маъмулан ба ҷойи осори ҳунарӣ ё наққошӣ девори хонаро зеб медиҳад.

Як ҷавон ҳамроҳи модараш 4 қолини Қайроққум харидаанд. Онҳо дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки қолини андозааш 3 ба 4 метрро ба 800 сомонӣ ва 2.5 ба 3 метрро ба 340 сомонӣ хариданд, ки аз нархи бозор андаке арзонтар аст. Вале харидори дигар ба поин бурдани арзиши қолини 6.5 ба 3.5 метрӣ талош дошт. Фурӯшанда барои ин қолин 714 сомонӣ талаб дошта, аммо харидор ба 600 сомонӣ онро гирифтан мехост. “Андозаву ранги ин қолин ба хонаи ман рост меояд. Аммо нархаш баландтар аст”, – гуфт ӯ.

Корхонаи “Қолинҳои Қайроққум” соли 1960 сохта шуда, аз бузургтарин корхонаҳои қолинбофии Шӯравӣ маҳсуб меёфт. Дар он ҳудуди 6 ҳазор нафар кор мекарданд ва солона то 20 миллион метри мураббаъ гилеми пат аз нахи табиӣ ва палос аз нахи синтетикӣ истиҳсол мекард. Дар соли 2015 хусусигардонии ин корхона пурра ба анҷом расид. Дар ҳудуди 20 соли охир ба хотири пайдо кардани ҷойгоҳ дар бозори пуррақобати баъдишӯравӣ, корхонаи “Қолинҳои Қайроққум ду бор таҷдид гардид ва тибқи барномаи давлатӣ талош дорад, то соли 2020 истеҳсоли солонаи қолинро ба 5 миллион метр расонад ва барои ин мол, аз ҳоло харидор меҷӯяд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG