Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гуруҳе аз роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Қубодиён шикоят доранд, ки ҳукумати маҳаллӣ намегузорад, онҳо пахтаи ҷамъовардаи худро ба нархи дилхоҳ бифурӯшанд.

Роҳбарони ин хоҷагиҳо мегӯянд, раиси ноҳия онҳоро маҷбур мекунад, ки ҳар тонна пахтаро 500-долларӣ ба корхонаҳои пахтатозакунии ноҳия фурӯшанд, дар ҳоле ки корхонаҳои дигар омодаанд, ҳар тонна пахтаи онҳоро ба 800 доллар харидорӣ кунанд.

Роҳбари яке аз хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки нахост, номаш бурда шавад, дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфт, ки дар ҳар маҷлиси ҳукумат раиси ноҳия таъкид мекунад, ки ягон тонна пахта аз ҳудуди ноҳия берун наравад. Вай мегӯяд, «дар баромадгоҳи ноҳия постгоҳ ташкил шуда аст. Масалан, худи дишаб як мошини боркашро, ки пахтаро ба дигар ноҳия мебурдааст, раиси шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия Пиронов боздошт карда, ба ноҳия баргардонидааст.»



Кишоварзон мегӯянд, ҳарчанд раиси ноҳия имсол кӯшиш кард, ки барқ дар пойгоҳҳои обкашонӣ хомӯш нашавад ва хоҷагиҳо беоб намонанд, вале бо вуҷуди ин онҳо наметавонанд, пахтаи худро бо чунин нархи арзон фурӯшанд.

Дахолат ба кори хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳангоми кишти зироат ва фурӯши пахта танҳо хоси ноҳияи Қубодиён нест ва дар аксари навоҳии пахтакори ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасад.

Мақомоти ин ноҳия мегӯянд, барои он чунин монеаро гузоштаанд, ки дар ҳоли берун аз ноҳия ба фурӯш рафтани пахта кишоварзон метавонанд, даромади ҳақиқии худро пинҳон доранд ва андоз насупоранд, ки дар натиҷа буҷаи маҳаллӣ зарар мебинад.

Амирбек Саидов, муовини аввали раиси ҳукумати ноҳияи Қубодиён, воқеъ дар 200-километрии ҷануби пойтахти Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, ки аз норозигии фермерҳо огоҳ аст, вале афзуд, фермерҳои пахтакор андоз аз коркарди пахтаро насупорида, мехоҳанд ҳосили худро аз ноҳия берун баранд: «Вақте онҳо пахтаро берун мебаранд, андози аз коркарди пахта ба ноҳияҳои дигар мерсад. Лекин ҳоло вазъияти андозҷамъкунии мо вазнин аст. Агар ҳамон корхонаҳои пахтатозакуние, ки пахтакорони мо ба онҳо маҳсулоташонро мефурӯшанд андозро ба ноҳия мо гузаронанд, барои мо фарқ надорад, ки кишоварзон ба кӣ мефурӯшанд пахтаи худро.»

Ҷаноби Саидов мегӯяд, ки вазъи будҷаи ноҳия хуб нест ва вақте, ки фермерҳо андоз намесупоранд, будҷа тақрибан якуним миллион доллар зарар мебинад. Барои намуна, аз 150 тонна пахта ҳудуди 50 ҳазор сомонӣ мешавад. Ин дар ҳолест, ки ноҳияи Қубодиён 1700 фермер дорад ва 1300 нафари онҳо пахтакоранд.

Мувофиқи қонунҳои Тоҷикистон хоҷагиҳои деҳқонӣ дар интихоби зироат барои кишт ва фурӯши ҳосил соҳибихтиёранд. Вале ҳар сол дар оғози мавсими кишт ва ҳини ҳосилғундорӣ шикояти кишоварзон аз дахолати мақомоти маҳаллӣ ба кори эшон баланд мешавад.

Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, қаламрави кишвар воҳиди ягонаи иқтисодӣ аст ва ҳеҷ мансабдор ҳақ надорад, ки ҳуқуқи деҳқононро поймол кунад: «Қаламрави Тоҷикистон воҳиди ягонаи андозбандӣ аст. Агар раиси ноҳия ягон ҳуҷҷат ва ё постгоҳ барои аз ҳудуди ноҳия набаровардани пахта содир ва ё ташкил карда бошад, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳаққ доранд аз рӯи ин амалкарди вай ба суди иқтисодӣ шикоят баранд. Чунки ҳуқуқи онҳо ҳангоми интихоби харидор дар шароити иқтисоди бозорӣ поймол шуда истодааст.»

Аммо мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, алорағми шикояти пахтакорон қарори қатъии худро дар мавриди шеваи супурдани ҳосили имсола дигар намекунанд ва сарфи назар аз нархи пахта дар навоҳии дигар ба деҳқонон аз 500 доллар бештар пардохт нахоҳанд кард.

Пахта як риштаи асосии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва баъди алюминий дувумин маҳсулоти умдаи содиротии кишвар ба шумор меравад. Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ солона то 1 миллион тонна пахта ҷамъ меовард, вале баъди касби истиқлол ин рақам қариб 3 маротиба коҳиш ёфт. Имсол пахтазорон дар 200 000 гектар доман кашида, интизор меравад, 415 000 тонна пахта ҷамъоварӣ шавад. Мунтақидон мегӯянд, фоидаи онро асосан чанд ширкати наздик ба мақомоти аввали кишвар мегиранд ва ба деҳқони оддӣ дар ивази 8-9 моҳи заҳмати пуразоб дар офтоби сӯзон даромади ночизе мерасад, ки на ҳамаи харҷҳои кишоварзии ӯро мепӯшонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG