Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин дар нишасти худ бахусус сиёсати ИМА-ро мавриди танқид қарор дод. Дар Вошингтон ин танқидро чун ҳодисаи нодир қабул накарданд.

Дар охирин нишасти солонааш ба ҳайси президенти Русия Владимир Путин ба ваҷҳи умум мамолики ғарбӣ ва ба хусус сиёсати ИМА-ро мавриди танқид қарор дод. Ба қавли президент Путин, ҳам Ғарб ва ҳам ИМА ба Русия таҳдид мекунанд ва ӯ омодааст, бар муқобили онҳо иқдомҳои нерӯманде рӯи даст гирад.

Танқиди Путинро дар Вашингтон ҳамчун ҳодисаи нодир ва ё такондиҳанда қабул накарданд. Қасри Сафед нишасти матбуотии ҳаррӯзаашро лағв намуд, зеро президенти ИМА Ҷорҷ Буш мутаваҷҷеҳи баҳс бо Конгресс буд.

Дар нишасти матбуотии департаменти давлатии ИМА бошад, паёми Путин мавзӯи асосӣ набуд ва дар ин робита ҳамагӣ ду суол матраҳ шуд.

Президент Путин барномаи бунёди сипари зиддимушакии ИМА ва сиёсати энергетикии ин кишварро танқид кард. Ҳамчунин Кремл аз пуштибонии ғарбии истиқлоли Косово ва фаъолияти нозирони САҲА дар иртибот бо интихоботи президентии Русия қаноатманд набудааст.

Вале суоли аввали хабарнигорон аз сухангӯи департаменти давлатии ИМА Шон Маккормак ин буд, ки президенти Путин тасмим гирифтааст "ҳаддалимкон" вазифаи сарвазирро иҷро намояд ва оё Вашингтон дар ин замина назари хосе дорад ё не?

Маккормак гуфт, Вашингтон аз ба истилоҳ баъзе тамоюлҳои демократияи русӣ ва баъзе таҳаввулоти дигари ин кишвар нигарон аст. Ӯ афзуд ҳанӯз ҳам Вашингтон дар паи тавсеаи ҳамкорӣ бо Маскав аст:

"Мо ҳадаф дорем, ки бо ҳукумати Русия, президенти ояндаи ин кишвар, сарвазири оянда ва вазирони ҳукумати ояндаи Русия дар масъалаҳои мухталиф ҳамкорӣ кунем, зеро равобити хубу мураккаб, ки мо дар паи он ҳастем, ба тавсеаи имконот ва пешбурди манфиатҳои умумиву мақсадҳои умумии мо кумак мерасонад."

Ба қавли сухангӯи ИМА, Вашингтону Маскав дар баъзе масъалаҳо ихтилоф доранд ва ИМА саъй дорад, ҳалли қобили қабули ҷонибҳо пайдо кунад. Маккормак илова кард, ки тавсеаи ҳамкориҳо ба нафъи ҳар ду тараф аст.

"Мо аз Русияи тавоно наметарсем. Мо ҷонибдори тавоноии Русия мебошем. Русияе, ки дар саҳнаи байналмилалӣ нақши мусбату созанда дорад, Русияе, ки дар он иродаи мардум ва умеду орзуи мардуми рус ба воситаи низоми сиёсӣ шунида мешаванд ва ҳамчунон иродаи мардум дар низоми сиёсӣ таҷассум меёбад"

Дар нишасти матбуотиаш Путин вазъи Косоворо бо Кипр ва ё Кипри Шимолӣ муқоиса кард ва аз ИМА суол кард, ки сабаби эътирофи босуръати Косово чист? Ба ин пурсиш сухангӯи департаменти давлатии ИМА чунин посух дод:

"Мо дар гузашта ҳам ин ақидаҳоро шунида будем. Мо онро қабул надорем. Вазъи Косово ягона аст. Он ба ҳеҷ ваҷҳ барои дигарон намуна буда наметавонад.

Аз ин бештар дар Вошингтон ба нишасти матбуотии президенти Русия вокуниш нашуд.

XS
SM
MD
LG