Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин гуфт, то охири дунё 4,5 миллиард сол мондааст


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар як нишасти хабарии васеъ дар Маскав гуфт, ӯ рӯзи ба поён расидани дунёро медонад.

Раисиҷумҳури Русия рӯзи 20-уми декабр дар як нишасти хабарии васеъ дар Маскав гуфт, кай қоим шудани қиёматро медонад ва ҳамон тавре, ки иддае интизор доранд, он рӯз 21-уми декабр нест.

Владимир Путин дар ҷавоб ба суоли хабарнигори торнамо ё сайти "LifeNews" дар робита ба рӯзи қиёмат гуфт, "дунё пас аз чоруним миллиард сол, баъд аз замоне, ки давраи фаъолияти офтоб ба поён меравад, ба охир хоҳад расид."

Пас аз пахши як силсила филмҳои мустанад дар бораи поёни дунё сафи онҳое, ки рӯзи 21-уми декабр қиёматро интизоранд, афзудааст. Дар ин филмҳо гуфта мешавад, 21-уми декабр охирин рӯзи дунёст ва ин пешгӯӣ гӯиё аз тарафи донишмандон тасдиқи илмӣ пайдо кардааст. Ҳамчунин, нашрияҳои гуногун ба нақл аз рӯзномаву маҷаллаҳои аврупоӣ далелу омилҳои поён ёфтани дунёро ба нашр расондаанд.

Ҳарчанд иддаеро дар Тоҷикистон хабари гӯиё ба поён расидани дунё нигарон кардааст, вале рӯҳониён дар мавъизаҳои худ ин баҳсро матраҳ карда ва гуфтанд, ки сокинон нигарон набошанд. Аз ҷумла, Саидмукаррам Абдулқодирзода, рӯзи 14-уми декабр, зимни намози ҷумъа дар Масҷиди марказии пойтахт ин овозаҳоро, ки як ҳафта пас дунё ба охир мерасад, "афсона" хонд. Ӯ гуфт, "ба охир расидани дунёро ба ҷуз Худованд касе намедонад ва мардум бояд афкори худро ба ин банд насозанд."

Бо ин ҳама, нишасти бузурги хабарии Владимир Путин, ба ҳайси раисиҷумҳури Русия, баъд аз 5 соли танаффус аз нав барпо шуд. Дар ин нишаст зиёда аз 1000 рӯзноманигори Русия ва ҳудуди 200 хабарнигори хориҷӣ иштирок мекунанд.

Бори охир нишасти васеи хабарии Путин зимистони соли 2008 гузаронда шуда, 4 соату 40 дақиқа давом карда буд, ки нишондоди бесобиқа ба шумор меравад. Барои нишасти ҷории Путин шабакаҳои телевизионӣ 3 соати эфирро ҷудо кардаанд.
XS
SM
MD
LG