Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сухангӯи раиси ҷумҳурии Русия дар шарҳи боло рафтани даромадҳои Владимир Путин дар соли 2014 гуфт, сабаби ду баробар зиёд шудани даромадҳои ӯ ба афзоиши маоши президент иртибот мегирад.

Сухангӯи раиси ҷумҳурии Русия дар шарҳи боло рафтани даромадҳои Владимир Путин дар соли 2014 гуфт, сабаби ду баробар зиёд шудани даромадҳои ӯ ба афзоиши маоши президент иртибот мегирад. Ин изҳороти Дмитрий Песков дар Маскав рӯзи 15 апрел дар посух ба саволҳои хабарнигорон садо дод. Бар тибқи гузориши даромади молие, ки дар сомонаи интернетии Кремлин нашр шудааст, соли 2014 даромади Владимир Путин 7,654 миллион рубл-ро ташкил додааст. Ин маблағ ба он маъност, ки дар як рӯз президенти Русия беш аз 21 ҳазор рубл кор кардааст. Соле аз ин пеш даромади умумии ӯ 3,6 миллион рубл буд. Песков гуфтааст, ки «Ин натиҷаи болоравии маоши президент аст ва Путин даромади дигаре надорад». Ба саволи журналистон дар бораи он ки оё Путин маоши худро сарф мекунад? - Песков посухи мусбат додааст.

Ба навиштаи оҷонсии РИА Новости, қарори афзоиши маоши президент дар нимаи аввали соли 2014 қабул ва гузориши молӣ бошад дар таърихи 31 декабри ҳамон сол пешниҳод шудааст. «Мо медонем, ки соли гузашта маоши бисёр кормандони сохторҳои давлатӣ афзоиш ёфт. Ин болоравӣ ҳам сохторҳои қудратӣ, ҳам маъмурияти президент ва ҳам ҳукумату вазоратхонаҳоро дар бар гирифт», гуфт Песков.

Соли 2012 даромади президенти Русия 5,79 миллион рублро ташкил дода, интизор меравад, ки соли 2015 даромади ӯ то 10 дар сад коҳиш ёбад. Мақомоти расмӣ ёдовар мешаванд, ки Путин аз ин пеш қарор кард, ки даромади худро барои соли ҷорӣ коҳиш диҳад.

Хабаргузории Lenta.ru навиштааст, ки дар гузоришаш Путин дар бахши дороиҳои ғайриманқул як порча замин, гараж ва хонаеро бо ҳаҷми 77 метри мураббаъ зикр кардааст. Ҳамчунин се мошини навъи ГАЗ М21, ГАЗ М-21-Р ва «Нива» ва «Скиф» чун дороии президент зикр шудааст.

Аз рӯи гузоришҳои молии нашршуда бармеояд, ки даромади солонаи нахуствазири Русия Дмитрий Медведев дар соли гузашта назар ба даромади Путин бештар будааст – каме бештар аз 8 миллион рубл дар муқоиса бо 4,2 миллион рубле, ки соли 2013 кор кардааст.

Дар миёни аъзои ҳукумати Русия муовини нахуствазир Александр Хлопонин аз ҳама бештар даромад дидааст. Дар як сол ин мақомдор 280,6 миллион рубл даромад дидааст, ки каме беш аз 62 миллион долларро ташкил медиҳад. Камтарин даромад аз вазири алоқа ва мухобирот Николай Никифоров будааст, ки 4,9 миллион рубл даромад дидааст. Ҳамин тавр, даромади вазири умури хориҷа Сергей Лавров соли 2014 - 6,1 миллион рубл, вазири дифоъ Сергей Шойгу - 7,5 миллион рубл ва вазири молия Антон Силуанов 36,3 миллион рубл будааст. Даромади худи сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков 9,1 миллион рубл будааст.

Ин дар ҳолест, ки соли 2014 баъди мудохилаи Русия ба хоки Украина ва шурӯъи ҷангҳо дар ин кишвар, давлатҳои ғарбиву аврупоӣ Русияро таҳрим карданд. Дар натиҷа, вазъи иқтисоди ин кишвар бӯҳронӣ шуд, арзиши пули миллӣ - рубл дар баробари доллару евро поён рафт ва қимати маводи ғизову хадамот ҳам баланд шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG