Пайвандҳои дастрасӣ

Путин аз маблағгузории созмонҳои ҷамъиятӣ ҳарос дорад


Мулоқоти Путин ва Лукин дар қароргоҳи Бочаров Ручей

Мулоқоти Путин ва Лукин дар қароргоҳи Бочаров Ручей

Чанд ҳафта баъди шурӯи санҷишҳои кори созмонҳои шаҳрвандӣ, ки бо интиқоди шадид рӯбарӯ шудааст, президенти Русия аз кори сохторҳои тафтишотӣ ҳимоят кард.

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия гуфт, ки ҳадафи шурӯи санҷиши кори созмонҳои ҷамъиятӣ муайян кардани манбаи даромади ин созмонҳо мебошад. Вай зимни сӯҳбат бо Владимир Лукин, ваколатдори ҳуқуқи башари Русия дар шаҳри Сочи гуфт, “Мақсади ин тафтишҳо муайян кардани ин аст, ки то куҷо фаъолияти ин созмонҳо бо ҳадафҳои муайянкардани онҳо мувофиқат мекунад. Ин як. Дигар ин ки бояд муайян шавад, то куҷо фаъолияти онҳо ба қонунҳои кишвар оид ба мамнӯъ будани дарёфти сармояи хориҷӣ барои фаъолияти сиёсӣ мувофиқат мекунад”.


Ин нахустин вокуниши Владимир Путин ба санҷишҳои сартосарии садҳо созмони ҷамъиятии Русия аст, ки оғози моҳи март шурӯъ шуд. Дар миёни ташкилоте, ки мавриди ҳадафи ин санҷиш қарор ёфтаанд, созмонҳои маъруфи мунаққиди ҳукумат “Мемориал”, “Ҷомеаи шаҳрвандӣ”, “Амнести Интернешинал”, гурӯҳи Ҳелсинкӣ ва дигарҳо қарор гирифтаанд. Раҳбарияти ин созмонҳо мегӯянд, ки санҷишҳо бидуни огаҳии пешакӣ ба роҳ монда шуда, ҳамагӣ як моҳ баъд аз анҷоми санҷишҳои барномарезишудаи моҳҳои январу феврал анҷом мегиранд. Ин созмонҳо санҷишҳои мазкурро фишор болои худ арзёбӣ кардаанд, ки ҳадафаш халалдор кардани фаъолияти созмонҳои мунаққиди давлат мебошад. Ин иқдоми ҳукумати Русия мавриди интиқоди ИМА қарор гирифт. Виктория Нуланд, сухангӯи департаменти давлатии ИМА гуфт, санҷишҳо барои ба ҳам задани фаъолиятҳои шаҳрвандӣ ба роҳ монда шудаад.

Созмони ҷамъиятии "Агора" мегӯяд, ки дар 16 минтақаи Русия аз ду то чор ҳазор ташкилоти ҷамъиятӣ ва дафтари намояндагии онҳо мавриди тафтиш қарор гирифтаанд. Тафтишҳо аз ҷумла дар созмонҳои мазҳабии католик ва мусалмонҳо ҳам ба роҳ монда шудаанд. Вазорати адлия баргузории ин санҷишҳоро бо қонун “Оид ба агентҳои хориҷӣ” иртибот додааст. Ин қонун, ки ноябри соли 2012 ба ҳукми иҷро даромад, мавриди танқиди шадиди гурӯҳҳои ҳуқуқи башар қарор гирифт. Тибқи он, созмонҳои ҷамъиятие, ки барои фаъолиятҳои худ аз хориҷа маблағ дарёфт мекунанд, бояд худро ба унвони ҷосуси хориҷӣ сабтином кунанд.
XS
SM
MD
LG