Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин гуноҳи ду маҳкумшуда дар Тоҷикистонро бахшид


Президенти Русия Владимир Путин бо имзои фармоне ҷурми ду корманди собиқи корхонаи коркарди уран -- «Востокредмет» дар Тоҷикистонро, ки соли 2009 ба "хиёнати давлатӣ" айбдор шудаанд, бахшидааст.

Президенти Русия Владимир Путин бо имзои фармоне ҷурми ду корманди собиқи корхонаи коркарди уран -- «Востокредмет» дар Тоҷикистонро, ки соли 2009 ба "хиёнати давлатӣ" айбдор шудаанд, бахшидааст. Бо ин иттиҳом сармуҳандиси ин корхона – Александр Ботов ва сардори бахши сохтмони асосии «Востокредмет» Александр Бабошин ба 22 соли зиндон маҳкум шудаанд. Баъд аз эълони ҳукм бахши аъзами иттилоъ дар бораи ин парванда расонаӣ нашудааст.

Додгоҳи вилояти Суғд дар ин парванда ҳамчунин ду нафари дигар -- мудири корхона Шавкат Бобоҷонов ва сарвари бахши амнияти дохилии Матин Зиёевро барои 10 сол ва як шаҳрванди Узбакистон Виссарион Тенро барои 20 сол аз озодӣ маҳрум карда буд. Дар бораи рабти ин парванда ба Русия ё кишвари дигаре хабар дода намешуд.

Ин панҷ нафар дар моҳи июни соли 2009 аз ҷониби кормандони мақомоти амниятии вилояти Суғд боздошт шуда, муҳокимаи онҳо охири октябри ҳамон сол ба далели пинҳон доштани маълумоти дорои сирри давлатӣ дар паси дарҳои баста анҷом ёфт. Бо ҳукми додгоҳ Шавкат Бобоҷонов – раҳбар ва Матин Зиёев – сарвари бахши амнияти дохилии корхонаи мазкур тибқи банди «сӯистифода аз мақоми хидматӣ», сармуҳандис – Александр Ботов ва Александр Бабошин – сардори бахши сохтмони «Востокредмет» бо ҷурми «хиёнат ба ватан» ва як шаҳрванди Узбакистон – Виссарион Тен бо гуноҳи «ҷосусӣ ба манфиати кишвари дигар" маҳкум карда шуданд.

Наил Киреев – вакили мудофеи Шавкат Бобоҷонов он вақт ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳамаи ширкаткунандагони муҳокима дар бораи ошкор накардани маълумот дар бораи ҷараён ва қарори додгоҳ забонхат додаанд, бинобар ҳамин наметавонад ҷузъиёти парвандаро ошкор намояд.

Бино бар иттилои расида, Бабошин ва Ботов, ки акнун аз тарафи президенти Русия авф шудаанд, соҳиби душаҳрвандӣ буда, баъд аз чанд муддат аз Тоҷикистон ба маҳбасҳои Русия истирдод шудаанд.

«Востокредмет» корхонаи машҳури коркарди уран воқеъ дар шаҳри Чкалов то фурӯпошии Итиҳоди Шӯравӣ мустақиман ба вилояти Маскав шомил мешуд ва дар ин ҷо аносири аввалин бомбаи атомии СССР таҳия шудааст. Дар солҳои баъдӣ он ба коркарди маъданҳои гуногун мутобиқ карда шуд.

XS
SM
MD
LG