Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бе дипломатия. Мулоқоти "ошкор ва бепарда"-и Путин ва Каримов дар Кремл


Путин ва Каримов дар Кремл

Путин ва Каримов дар Кремл

Ислом Каримов дар Кремл манфиатҳои Русия дар Осиёи Марказиро амри зарур номид. Владимир Путин аз 20 маротиба афзудани содироти ангури Узбакистон ба Русия ситоиш кард.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 26 апрел дар Кремл бо ҳамтои узбакаш Ислом Каримов мулоқот кард. Ин дувумин дидори Путин ва Каримов дар ҷараёни саффари дурӯзаи раисиҷумҳури Узбакистон ба Русия аст. Ҳарду раҳбар бори аввал шаби 25 апрел дар шароити ғайрирасмӣ ва ба таъбири Путин, “дукаса ва чашм ба чашм” тайи се соат масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва вазъи минтақаро баҳс кардаанд ва рӯзи 26 апрел мулоқоти онҳо алакай дар сатҳи расмӣ баргузор шуд.

Путин дар оғози мулоқот гуфт, ҳарчанд тиҷорати Русияву Узбакистон дар соли 2015 ва семоҳаи аввали соли равон ба ҳисоби доллар “каме” коҳиш ёфтааст, вале ба ҳисоби рубл афзоиш додааст. Ӯ дар ин маврид аз зиёд шудани содироти маҳсулоти кишоварзии Узбакистон ба Русия ситоиш кард ва аз ҷумла гуфт: “Воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз Узбакистон дар маҷмӯъ 10 дарсад боло рафт. Аммо воридоти баъзе анвои маҳсулот то 10 маротиба. Воридоти ангур 20 маротиба ва воридоти меваҳои ситрусӣ 54 маротиба афзоиш ёфтааст.”

Ба навбати худ, Ислом Каримов аз Путин барои даъвати ӯ ба ин сафари расмӣ изҳори сипос кард ва гуфт, аз мулоқоти шаби гузаштааш бо Путин розист ва мутмаин аст, ки он “агар на имрӯз, пас фардо ҳатман натиҷа хоҳад овард.” Ӯ ин сӯҳбаташ бо Путинро “боз, ошкор ва бепарда” номид ва гуфт, “ман чунин сӯҳбатҳоро дӯст медорам, чунки дар он ҷое ки метавон ба таври кӯтоҳ ва хеле дақиқ фикри худро баён кард, зарур нест, ки кадом таъбирҳои дипломатӣ биҷӯӣ.”

Ислом Каримов афзуд, “мо эҳсос мекунем, ки ончӣ ки дар дунё мегузарад, ба Осиёи Марказӣ рабти мустақим дорад. Ҳамаи ончӣ ки мо ҳар рӯз дар телевизион мебинем, дар матбуоту Интернет мехонем, ба он ҳаводисе, ки дар атрофи мо мегузаранд, рабти мустақим дорад.”

Каримов Афғонистони ҳаммарз бо се кишвари Осиёи Марказӣ – Узбакистон, Тоҷикистон ва Тукрманистонро қаламраве номид, ки ҳамчунон даргири мухолифатҳо ё “ба таъбири ман, ҷангҳои кундест, ки поёнаш ҳеҷ дида намешавад.”

Каримов дар идомаи суханонаш ба масоили равобити дуҷонибаи Узбакистону Русия руҷӯъ кард ва гуфт, “дар Маскаву Питер худ ба худ фаромӯш кардаанд, ки беҳтарин меваву сабзавот дар Узбакистон аст. Баъзе ҳамсояҳои мо баъзан дар бозор мегӯянд, “бигиред, ин меваҳои хуб аз Узбакистонанд.” Ҳарчанд ин меваҳо ба Узбакистон рабт надоранд. Вале реклама реклама аст ва реклама худ баёнгари хеле чизҳост.” Ӯ афзуд, тиҷорати ду кишвар набояд танҳо бо меваву сабзавот маҳдуд шавад. Каримов аз ҷумла таваҷҷӯҳи Путинро ба ҳамкории Маскаву Тошканд дар риштаи мошинсозӣ ҷалб кард.

Вале ба ақидаи Ислом Каримов, масъалаи аввал амният дар Осиёи Марказист: “Ҷанг дар Афғонистон ҳеҷ тамом намешавад ва ҳеҷ рӯшноие дар поёни ин нақб ҳанӯз намудор нест. Кӯшишҳои муайяне барои бидуни ширкати Русия ҳалл кардани масъалаи Афғонистон вуҷуд доранд. Ба ақидаи ман, ин усулан хатост. “

Раисиҷумҳури Узбакистон ҳамчунин дар Осиёи Марказӣ манфиатҳои худро доштани Русияро эътироф кард ва гуфт, “ҷуғрофиёро касе фаромӯш накардааст ва ҳама медонад, ки Осиёи Миёна дар тӯли асрҳо бо Русия робита дошт. Ва мо таваҷҷӯҳ ва манфиатҳои Русия дар Осиёи Марказиро эҳсос мекунем. Ва мо бо ин розием. Нафақат розием, балки инро зарур мешуморем. Ва агар касе инро дарк намекунад, фикр мекунам, бо гузашти вақт ба дарки ҳам ин ва ҳам воқеъиятҳои дигари дунё хоҳад расид. Ин воқеъиятҳоро бояд эътироф кард. Агар эътироф ҳам накунед, ин воқеъиятҳо худ шуморо дарёб ва гирифтор мекунанд.”

Идомаи мулоқоти Каримов ва Путин бидуни ҳузури хабарнигорон гузашт ва ҳанӯз рӯшан нест, ки онҳо рӯи кадом масоил гуфтугӯ кардаву ба чӣ тавофуқоте даст ёфтаанд.

Дар поёни мулоқот байни Русияву Узбакистон чанд санади ҳамкорӣ, аз ҷумла соизшнома дар бораи содироти маҳсулоти низомӣ ба кишварҳои сеюм, созишномаи ҳамкории вазоратҳои хориҷаи ду кишвар барои солҳои 2016-2017, созишномаҳои ҳамкориҳои фарҳангиву башарӣ барои солҳои 2016-2018, созишномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи ба номи Баумани Маскав а донишкадаи муҳандисони роҳи оҳани Тошканд имзо шуданд.

Ислом Каримов рӯзи 25 апрел бо сафари расмии дурӯза вориди Маскав шуд. Қабл аз сафари Каримов гуфта мешуд, ки як ҳадафи асосии ӯ дарёфти силоҳҳои русӣ барои навсозии нерӯҳои мусаллаҳи кишвараш аст. Хабаргузориҳои русӣ аз қавли Сергей Сторчак, муовини вазири молияи Русия, навиштанд, дар ин мавридн тавофуқоти пешакӣ низ ба даст омадааст.

Дар остонаи сафари расмии Каримов ба Маскав, Русия ҳамчунин 865 миллион доллар қарзи Узбакистонро бекор кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG