Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дубора интихоботи мустақимро бекор кард


Қонуни наве, ки рӯзи сешанбе имзо шуд, ба минтақаҳои Русия иҷоза медиҳад, ки раисони вилоятҳоро на дар интихоботи мустақим, балки дар маҷлиси шӯроҳо интихоб кунанд.

Раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин қонунеро ба имзо расонд, ки имкони худдорӣ аз интихоботи мустақими раисони вилоятҳоро фароҳам меорад. Ин қонун, ки қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон ва Шӯрои Федератсия пазируфта шуд, имкони табдили муқаррароти барпо кардани интихоботи мустақимро бо интихоби номзад аз ҷониби вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ фароҳам меорад.

Тибқи қонуни нав, аъзои маҷлисҳои қонунгузори маҳаллӣ раисони вилоятро танҳо аз феҳрасти он номзадоне интихоб мекунанд, ки аз ҷониби президент пазируфта шудаанд. Айни замон, худи президент ин номзадҳоро аз ҳисоби пешниҳодҳои ҳизбҳои сиёсии аъзои Думаи давлатӣ ё маҷлиси маҳаллӣ интихоб мекунад.

Дар ин сурат, ҳар ҳизби сиёсӣ ҳақ дорад исми на бештар аз се номзадро ба президент пешниҳод кунад, ки бар асоси он, раҳбари давлат феҳрасти се номзади ба назари худ лоиқи мақоми баландро интихоб хоҳад кард. Айни замон, ҳамаи ин се номзад метавонанд намояндаи як ҳизби сиёсӣ бошанд. Барои бурдани интихобот, номзади раиси вилоят бояд на камтар аз нисфи овозҳои аъзои маҷлиси қонунгузори маҳаллиро ба даст оварад. Дар сурати ғайр, дар даври дуюми овоздиҳӣ танҳо ду номзади барандаи шумори бештари овозҳо иштирок хоҳанд кард.

Тавре хабаргузориҳои расмии Русия менависанд, номзади раиси вилоят набояд дар гузашта барои содир кардани ҷиноятҳои сангин зиндонӣ шуда бошад ва ё дар бонкҳои хориҷӣ сурат-ҳисоб ва саҳмияву коғазҳои қиматнок дошта бошад. Интихоботи мустақими раисони вилоятҳо июли соли 2012 баъди ҳашт соли танаффус дубора барқарор шуда буданд.

Манъ шудани интихоботи мустақими раисони вилоятҳо дар гузашта мавриди интиқоди шадиди гурӯҳҳои ҳуқуқи башар қарор гирифтааст. Ба бовари мунаққидон, чунин тарзи интихоботи раисони минтақаҳо, боиси мустаҳкам шудани мавқем худи Владимир Путин ва ҳизби ҳокими "Русияи Воҳид" мешавад, ки роҳи намояндагони мухолифин ва фаъолони ҷамъиятиро ба ҳукумат масдуд мекунад.

Имрӯз ҳам аксари кулли раҳбарони ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Русия аз ҳисоби аъзои "Русияи Воҳид" ва ё ҳизбҳои наздик ба ҳукумат интихоб мешаванд.
XS
SM
MD
LG