Пайвандҳои дастрасӣ

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, бо сафари якрӯза дар Исроил қарор дорад. Ӯ 7 сол пеш ба Исроил рафта буд.

Бӯҳрони Сурия ва барномаи баҳсбарангези Эрон дар меҳвари гуфтугӯҳои президент Владимир Путин бо мақомоти Исроил қарор хоҳад дошт. Раҳбари Русия бо як сафари 24-соата рӯзи душанбе вориди Исроил шуд. Бори охирин ӯ соли 2005 дар мақоми президентиаш аз давлати яҳудӣ дидан кардааст.

Дар остонаи сафар, Путин ва президент Шимон Перес дар як маросим дар шаҳраки бандарии Нетанйя дар расми кушоиши лавҳаи ёдгории пирӯзии артиши шӯравӣ бар фашизми нозӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон иштирок кард.

Дар ин маросим Перес гуфт: "Итминони хотир дорам, Русия, ки бар фашизм пирӯз шуд, дигар ба ингуна таҳдидҳо роҳ нахоҳад дод. На ба таҳдиди Эрон, на ба хунрезиҳои Сурия."

Дар идомаи рӯз Путин бо нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу мулоқот кард. Путин гуфт, ки ба бовари вай танҳо роҳҳали мушкилоти Эрон ва Сурия "музокирот" буда метавонад. Вай гуфт: "Аз оғози ба истилоҳ баҳори Араб, Русия талош кардааст, ки коршариконашро водор кунад, ки бидуни мудохилаи хориҷӣ ба тағйироти демократии маданӣ даст зананд."

Нетаняҳу гуфт, Исроил ва Русия ба ин назар мувофиқанд, ки таҳдиди Эрон барои тавсеаи силоҳи ҳастаӣ ба ҷаҳон ва Исроил хатар эҷод мекунад. Рӯзи сешанбе қабл аз сафар ба Урдун Путин ният дорад ба Каронаи Ғарбӣ биравад. Дар остонаи сафар мушовири калони сиёсии ӯ Юрий Ушаков гуфт, ки ин сафар “барои таъкид бар аҳамияти минтақа барои Русия ва таҳкими мавқеи ин кишвар дар минтақа дар оянда” равона шудааст.

Исроил ва Ғарб ба таҳримҳои шадидтар болои Ҷумҳурии Исломии Эрон даъват мекунанд, чун ин кишвар ҳамоно даст аз ғанисозии ураниум бардоштанӣ нест. Ин ҷараён метавонад ба тавлиди реактор ва ҳам кулоҳакҳои ҳастаӣ сабаб шавад.

Эрон дар навбати худ ингуна иттиҳомотро рад карда, ба сулҳомез будани барномаи ҳастаиаш пофишорӣ дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG