Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин 10 декабр аз Узбакистон боздид мекунад


Владимир Путин
Владимир Путин

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия ба нақша гирифтааст, ки 10 декабр аз Тошканд-пойтахти Узбакистон боздид кунад. 8 декабр хадамоти матбуотии Путин гуфт, ки ин боздиди Путин бо даъвати Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон сурат мегирад ва ҳар ду ҷониб “ҳамкориҳои стратегӣ”-и ду кишвар дар бахшҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва фарҳангро баррасӣ хоҳанд кард.

Путин ва Каримов бори охир моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе бо ҳам мулоқот карда буданд. Дафтари матбуотии раиси ҷумҳур ҳамчунин илова кард, ки дар миёни масоили дигар амнияти минтақа ва вазъ дар Афғонистон низ дар дастури рӯзи гуфтугӯҳои ду ҷониб қарор дорад.

Бино ба гуфтаи ин манбаъ, имзои як силсила санадҳои ҳамкории миёни ду кишвар низ дар назар гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG