Пайвандҳои дастрасӣ

Аз президент то қочоқчӣ дар феҳристи қудратмандони дунё


Маҷаллаи Форбес феҳристи қудратмандтарин афроди ҷаҳон дар соли 2013-ро нашр кард, ки дар садри он Владимир Путин, президенти Русия қарор дорад.

Пас аз ӯ дар ин феҳрист Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ва Си Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин дар мақомҳои дувум ва савум қарор доранд. Ҷойи чаҳорум ба Франсис-Попи Рум ва зинаи панҷум Ангела Меркел-нахуствазири Олмон ихтисоc дода шудааст.

Форбес менависад, Владимир Путин бо қудрати афзояндаи худ, ки бар сар то сари Русия ҳукмфармо аст, дигар шояд як раҳбари сиёсӣ набошад ва тавсифи диктатор ба ӯ наздиктар ба назар мерасад. Аз сӯи дигар Барак Обама барои таътили кори ҳукумат ва мушкилоте, ки давлаташ бо маҷлис дорад, дар ҷойгоҳи дувум қарор гирифтааст. Ба навиштаи Форбес, масъалаҳое чун гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонӣ ва назорати мукотиботи интернетӣ аз сӯи Созмони амнияти миллии Амрико, масъалаи Сурия, аз дигар масъалаҳое аст, ки ҳавзаи қудрати раиси ҷумҳури Амрикоро ба чолиш рӯбарӯ кардааст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин феҳрист дар мақоми 23-юм қарор дорад ва се рутба поинтар аз вай дар мақоми 26-ум Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил қарор дорад. Марк Зугенбург, раис ва аз бунёдгузорони шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар як мақоми пас аз раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҷойгоҳи 24-у қарор дорад.

Дар ин феҳрист шахсиятҳои ғайрирасмӣ ва дар бархе маворид бо кору касби аҷоиб ҳам қарор гирифтаанд. Хавокин Гузман Лоера (Joaquin Guzman Loera), ки қочоқчии маводи мухаддир аст, дар мақоми 67-уми ин феҳрист омадааст. Ҷузеф Блоттер, раиси Федератсияи ҷаҳонии футбол дар мақоми 69-ум қарор дорад. Шаҳрдори Ню-Йорк Майкл Блоомберг ҳам дар мақоми 29-ум омадааст ва раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико ҳам дар рутбаи 44 муаррифӣ шудааст.

Бештари шахсиятҳои ин феҳрист мақомҳои сиёсӣ ва сармоягузорон ҳастанд. Билл Гетс, аз бунёди "Бил" ва Мелинда Гетс, дар мақоми шашум ва раиси Бонки марказии Амрико пас аз ӯ дар мақоми ҳафтум қарор дорад.

Абдуллоҳ бин Аблулазиз, подшоҳи Арабистони Саудӣ,дар мақоми ҳаштум қарор гирифта ва Давид Камерун, нахуствазири Бритониё дар мақоми ёздаҳум ва Бан Ки Мун, дабири кулли СММ дар мақоми 32 омадааст.

Ба навиштаи Форбес, ин феҳрист бо "хиради ҷамъӣ"-и эдиторҳои ин маҷалла ва пас аз баррасии садҳо номзад, 72 нафарро бар асоси нуфуз ва манбаъҳои молӣ ки дар ихтиёр дорад, интихоб кардаанд, як нафар барои 100 миллион сокини курраи замин.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG