Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ҷумҳури Русия баъд аз 30 сол аз занаш ҷудо шуд


Владимир ва Людмила

Владимир ва Людмила

Шоми рӯзи панҷшанбе Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия бо занаш Людмила Путина аз шабакаи телевизионии “Россия-24” эълон карданд, ки ба зиндагии оилавии худ хотима медиҳанд. Тавассути матбуот ин нахустин эътирофоти Путин аз зиндагии хусусиаш аст.


Шоми панҷшанбе Путин бо Людмила ба тамошои балети "Эсмеральда" рафтанд. Ин балет дар Кохи давлатии Кремл ба намоиш гузошта шуда буд.

Дар бораи ба тамошои балет рафтани президент Путин ҳамаи хабаргузориҳои давлатӣ хабар доданд ва хеле моҳирона ёдоварӣ карданд, ки раиси ҷумҳур ин балетро як ҷо бо занаш Людмила тамошо мекунанд.

Дафтари матбуотии раиси ҷумҳур низ аксҳои зану шавҳарро пахш кард. Дар давоми бештар аз як сол бори аввал зану шавҳар бо ҳам дар мазҳари ом намоён шуданд.
Хабаргузории "Интерфакс" навиштааст, ки баъд аз поёни бахши аввали намоиш Владимир ва Людмила бо ҳам толорро тарк кардаанд. Баъд аз ин билофосила бинанадагони шабакаи телевизионии "Россия-24" шоҳиди “мӯъҷизае” шудаанд.

Хонаводаи раиси ҷумҳур аз ин шабака эълон кард, ки аз ҳам ҷудо мешаванд. Путин гуфт: “Ин тасмими муштараки ҳар дуи мост. Зиндагии оилавии мо ба поён расид”.
Людмила барои тасдиқи суханони шавҳараш гуфт: “Ман ба суханони Владимир Владимирович ҳамроҳ мешавам. Воқеан ин тасмими муштараки мост”. Вай илова кард: “Мо тақрибан якдигарро намедидем. Ҳар кадоме аз мо зиндагии худро дорад. Ман баромадан ба мазҳари омро дӯст надорам ва парвозҳо аз як ҷо ба ҷои дигар барои ман душвор аст. Мо фарзандони худро хеле дӯст медорем, бо онҳо ифтихор мекунем, доим якдигарро мебинем”.

Владимир Путин ҳангоми сӯҳбат дар бораи фарзандон гуфт, ки “онҳо дар Русия таҳсил кардаанд ва доимо дар Русия зиндагӣ хоҳанд кард”. Людмила илова кард: ”Мо бо якдигар барои ҳамеша одамони наздик хоҳем монд. Ман ба Владимир Владимирович ташаккур мекунам, ки манро дастгирӣ мекунад”.

Владимир Путин ва Людмила бо ҳам амалан 30 сол зиндагии хонаводаӣ доштанд. 28 июли соли 1983 бо ҳам арусӣ карда буданд.

Мардуми Русия дар бораи зани раиси ҷумҳур камтар маълумот доранд. Пеш аз арӯсӣ фамилияи Людмила Шкребнёва буд. Вай мактаби миёнаро дар Калиниград хатм кард. Муддате хаткашон ё почтальон кор мекард, сипас шогирди харрот ва сипас ҳамшираи шафқат ва стюардесса буд. Дар соли 1986 факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Лениградро хатм кард.

Владимир ва Людмила бо номҳои Мария ва Катерина ду духтар доранд.
Баъд аз расидан ба мақомҳои баланди давлатӣ Путин намехост, ки дар бораи зиндагии хонаводаиаш ҳарф занад. Ба суоли рӯзноманигорон дар бораи зиндагии оилавӣ доим кӯтоҳ ҷавоб медод.

Замоне дар матбуоти хориҷӣ мақолае ҳам ба нашр расида буд, ки зани Путин ҳангоми кори шавҳараш дар КГБ дар Олмон аз осори лату кӯб ва хиёнат ба ҳамсар шикоят кардааст.

Ва ҳоло балети "Эсмеральда" ба рамзи ҷудоии раиси ҷумҳури Русия аз занаш табдил ёфт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG