Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин Ғарбро танқид кард ва ваъдаи беҳбуди иқтисодӣ дод


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар як нишасти нави матбуотӣ мавзеъгириҳои кишварашро дар масъалаи Украина, вазъи рубл ва суботу амнияти байнулмилалӣ шарҳ дод.

Раиси ҷумҳури Русия, Владимир Путин, Ғарбро муттаҳам кард, ки, ба гуфтаи ӯ, дар пайи бунёди девори нави “маҷозии” Берлин аст. Аммо ӯ ба шаҳрвандони Русия ваъда кард, ки иқтисоди ин кишвар дар ду соли оянда аз мушкили монеаҳои феълӣ раҳо хоҳад гашт.

Владимир Путин дар оғози нишасти солонаи хабариаш гуфт, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар зарфи 10 моҳи гузашта боло рафтааст ва бо вуҷуди талотум дар бозорҳои молӣ хароҷоти давлатӣ зиёд мешавад. Владимир Путин афзуд, ки вазъи ҳозираи иқтисоди Русия асосан ба сабабҳои берунӣ ба вуҷуд омадааст, аз ҷумла бинобар поин омадани қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Русия, иқтисоди кишвар аз мушкилоти ҳозираш берун мешавад ва барои ин ду сол зарур аст. Ӯ қавл дод, ки дар ин муддат таркиби иқтисоди Русияро тағйир дода ва пойбандии иқтисоди Русия ба нафтро кам мекунад.

Бо истифода аз як лаҳни ҷанговарона дар нишасти хабарие, ки ба таври зинда пахш мешуд, Путин ҳукумати Киевро “ҷинояткор”-и низоъ дар Украина, Иёлоти Муттаҳидаву Иттиҳоди Аврупоро таҷовузгарони як рӯёрӯии бузурги Маскав бо Ғарб номид.

“Мо ба касе ба маънои сиёсияш ҳамла накардаем ... мо аз манфиатҳои худ ҳимоят мекунем,” – гуфт ӯ ва афзуд, -- “ба коршарикони ғарбии мо, махсусан амрикоиҳо ин писанд нест.”

Саволи “нохушоянд” барои Путин дар ин нишаст ин буд, ки “чӣ теъдод аз сарзбони Русия дар шарқи Украина меҷанганд ва чӣ теъдод аз онҳо кушта шуданд ва Шумо, ҳамчун президенти Русия ба модарони онҳое, ки кушта шудаанд, чӣ мегӯед?”

Путин гуфт, дар Украина “ихтиёриён” меҷанганд ва агар онҳо ақибнишинӣ кунанд, “ҷазодиҳанда” меоянд ва занонеу кӯдаконро мекушанд. Ҳамзамон Путин Ғарбро ба “пуштибонии рӯйирост ва пурраи террористтон” дар Қафқози Шимолии Русия дар гузашта айбдор кард ва афзуд, Иёлоти Муттаҳидаву Иттиҳоди Аврупо ҳаргиз пешрафти Русияро намехоҳанд.

Путин ба таҳримҳои Ғарб зидди Русия низ ишора намуд ва гуфт, онҳо хилофи қонунҳои байнулмилалӣ ва муқаррароти Созмони Ҷаҳонии Тиҷоратанд.

Раиси ҷумҳури Русия гуфт, ҳузури низомии кишвараш дар Қирғизистону Тоҷикистон дуруст ва зарурӣ аст. Ӯ дар нишасти хабарии солонааш дар шаҳри Маскав гуфт, Русия фақат дар ду кишвар пойгоҳи низомӣ дорад, ки дар баробари хатарҳои террористӣ осебпазир ҳастанд. Путин, ки ба суоли хабарнигори Би Би Си посух медод гуфт:

“Мо дар Тоҷикистон низ пойгоҳ дорем, ки дар марз бо Афғонистон ҷойгир шудааст. Ба фикрам ба манфиати шумо низ ҳаст, ки дар онҷо оромӣ бошад. Ва ин ҳузур мантиқӣ, возеҳ ва дуруст аст."

Пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон бо бештар аз 7 ҳазор сарбоз бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ аз ин кишвар аст. Бар асоси қарордоди дуҷониба, ин пойгоҳ бояд то соли 2042 дар Тоҷикистон бимонад.

XS
SM
MD
LG