Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 2-юми август дар лагери ҳарсолаи ҷавонони фаъоли Русия, ба пешниҳоди як донишҷӯи тоҷик низ посух дод.

Аслишо Акимбеков, як донишҷӯи тоҷики Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Маскав рӯзи 2-уми август дар лагери тобистонаи «Селигер-2013» дар шаҳри Твери Русия ба Владимир Путин пешниҳод кардааст, ки маҳбубтарин ашёҳояшро ба музояда (ауксион) гузошта пули аз он ба даст омадаро барои табобат кардани кӯдакон аз маризиҳои сахт масраф кунад.

Владимир Путин дар посух ба ин пешниҳоди донишҷӯи тоҷик гуфтааст: "Аммо аз ҳама ҷиҳози қимматро ба музояда гузоштан барои афроди мисли ман аз ҳама кори осон, вале фикр накунам самаранок бошад. Албатта, мо бояд якҷо барои чи гуна ҳал кардани ин мушкил, ки дар назди кишвари мо ва кишварҳои дигар меистанд, андеша кунем".

Ҷаноби Путин дар посух ба ин пешниҳоди донишҷӯи тоҷик ҳамчунин гуфтааст, ки дирӯз бо президенти Тоҷикистон мулоқот доштааст ва «ӯ бо президенти Тоҷикистон муносибати дӯстона ва хайрхоҳона дорад».

Аммо Путин ҳамзамон гуфтааст, ки Тоҷикистон то ҳол дар ҳолати бисёр душвор қарор дорад ва баъди ҷанги бисёрсолаи шаҳрвандӣ ба Ҳукумат даст додаст, танҳо сохторҳои таъмини амниятро бунёд карда дар роҳи рушди иқтисодӣ қадамҳои аввалинро гузорад. Дар охир Путин гуфтааст, «мо ба Шумо танҳо барори кор мехоҳем».

Аслишо Акимбеков ҳини саволдиҳӣ гуфтаст, ки мехост ин ташаббусашро сараввал ба президенти Тоҷикистон дар миён бигузорад, аммо ба дидори Путин пештар муваффақ шудааст.

"Селигер" -урдугоҳ ё лагери ҳарсолаи ҷавонони фаъоли Русия аст, ки дар он ҷавонони кишварҳои узви ИДМ ва дигар давлатҳои хориҷӣ низ ширкат мекунад. Владимир Путин бори чаҳорум аст, ки бо иштирокдорони ин лагер мулоқот мекунад. Имсол дар ин лагер 15 ҳазор нафар ҷавонон аз худи Русия ва кишварҳои хориҷи дуру наздик ширкат карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG