Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гуфтугӯи Ҷон Керри ва Путин дар бораи бӯҳрони Сурия


Ҷон Керри, вазири умури хориҷии Амрико ва Владимир Путин, президенти Русия рӯзи панҷшанбеи 14-уми июл дар Маскав дар бораи афзоиши ҳамкориҳои низомӣ ва истихборотӣ дар Сурия гуфугӯ, карданд.

Ҷон Керри рӯзи 14-уми июл вориди Маскав шуд ва билофосила бо раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин мулоқот ва гуфтугӯ намуд. Дар назар аст имрӯз, 15-уми июл ӯ бо ҳамтои русаш Сергей Лавров низ мулоқот намояд.

Ба гузориши хабаргузориҳо, вазири умури хориҷии Амрико дар ин мулоқоти сесоата тарҳеро ба Русия пешниҳод кардааст, ки бар асоси он ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи мубориза бо гурӯҳҳо террористӣ дар Сурия, афзоиш хоҳад ёфт.

Ба гуфтаи Ҷон Карби, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико, ҷаноби Керри дар мулоқот бо Владимир Путин "нигаронии худро дар бораи нақзи пайдарпайи оташбас аз сӯи низоми Башор Асад баён дошт."

Пеш аз сафари Ҷон Керри ба Маскав, рӯзномаи "Вошингтон пост" гузориш дода буд, ки Амрико дар баробари ҳамкориҳои истихборотӣ ва низомӣ бо Маскав дар Сурия, аз мақомҳои Русия хоҳад хост, ки ҳукумати Сурияро барои мутаваққиф кардани ҳамлаҳо алайҳи ғайринизомиён ва мухолифони миёнарав, таҳти фишор қарор диҳад.

Ҷон Керри ва Владимир Путин ҳамчунин дар мавриди зарурати афзоиши фишорҳо ба гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла "Давлати исломӣ" ва гурӯҳи "Ҷабҳат-ун-Нусра", ки шохаи Ал-Қоида дар Сурия мебошад, гуфтугӯ карданд.

Ба гуфтаи сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико, оқои Керри ба Владимир Путин гуфтааст, ки танҳо талошҳои дипломатӣ дар набуди иқдомҳои амалӣ, ғайримуассир аст ва бояд чораҳои амалиро барои ҳалли бӯҳрони Сурия рӯи даст гирифт.

Чанд лаҳза пеш аз ин мулоқот, Владимир Путин гуфт, дар гуфтугӯи ахир бо Борак Обама ӯро мутмаин кард, ки ҳар ду тараф дар талошҳо барои пайдо кардани роҳҳои ҳалли қазия Сурия, самимӣ ва содиқ мебошанд.

Як ҳафта пеш Барак Обама дар сӯҳбати телефонӣ бо Владимир Путин изҳори умедворӣ карда буд, ки Маскав бо истифода аз нуфузаш Димишқро барои ба мӯҳлати тулонӣ қатъ кардани амалиёти низомӣ мӯътақоид месозад.

Дар он сӯҳбат сарвари Русия, дар навбати худ, аз Обама хоста буд то дар ҷудо кардани ошӯбгарони мухолифи ҳукумати Димишқ аз тундравони гурӯҳҳое чун бахши “Ал-Қоида” дар Сурия ва Ҷабҳаи ан-Нусра кӯмак кунад.

Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, рӯзи 14 июл таийд кард, ки Владимир Путин шоми панҷшанбе Ҷон Керриро ба ҳузур мепазирад, музокироти асосӣ миёни Керрӣ ва Сергей Лавров бошад рӯзи 15 июл баргузор мешавад.

Бори ахир Ҷон Керрӣ моҳи март ба Маскав омада буд. Дар дидору гуфтугӯҳои ӯ бо Путин ва Лавров низоъ дар Донбасс ва Сурия ва сарнавишти халаборни украинӣ Надежда Савченко баррасӣ шуда буд. Баъд аз он Путин барои иваз кардани Савченко ба ду низомии рус Евгениӣ Ерофеев ва Александр Александров дастур дод.

XS
SM
MD
LG