Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати Маъсума дар зери чархи мошини хонандаи синфи 11


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти интизомии Исфара Мансур Раҳимов, хонандаи синфи 11-уми мактаби рақами 68 дар ин шаҳрро боздошт кардаанд. Ӯ дар пахш кардани Маъсумаи ҳафтсола бо мошинаш айбдор мешавад.

Маъсума Алиеваи 7-сола, сокини Исфара, дар зери чархи мошини Мансур Раҳимов -- хонандаи синфи 11-уми мактаби рақами 68 дар ин шаҳр монда, ҷон додааст. Ин ҳодиса рӯзи 20 март, дар ҳоле ки аҳли мактаб аз ҷашни Наврӯз таҷлил мекарданд, иттифоқ уфтодааст.

Баҳрӣ Азимова, мудири мактаби рақами 68 дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳодиса ногаҳонӣ буд ва ҳоло ҳамаи онҳоро дар вазъияти ногувор қарор додааст. Ӯ афзуд, пулис ба таҳқиқи ҳодиса шурӯъ карда, худи Мансур Раҳимов дар боздоштгоҳ аст. Мақомот гуфтаанд, таҳқиқи қазия нишон ходҳа дод, ки бо ин хонандаи синфи 11 чӣ кор хоҳанд кард.

Азимова, ки ҳангоми сӯҳбат беист гиря мекард, афзуд: "Мансур дар яке аз устохонаҳо таъмири мошинро ёд мегирифт. Вай бидуни иҷоза мошини усторо гирифта, ба пушти мактаб меояд ва дар он ҷо Маъсумаро пахш мекунад." Маъсума Алиева хонандаи синфи якуми мактаби рақами 68 будааст.

Дар тӯли тақрибан ду моҳи охир ин бори дувум аст, ки номи мактабҳои шаҳри Исфара расонаӣ мешавад. Дар оғози моҳи феврали соли ҷорӣ ду хонандаи мактаби миёна дар шаҳри Исфара - Гулҷаҳон Раҳимова ва Шоҳзодаи Шӯҳратзода - бо истифода аз гарданбанду нӯшидани заҳр худкушӣ карда буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG