Пайвандҳои дастрасӣ

Шароби 150 ҳазор долларии Путин ва Берлускони хабарсоз шуд


Мулоқоти раиси ҷумҳури Русия ва нахуствазири пешини Итолиё дар ҷазираи Қрим хабарсоз шудааст ва танишҳои ҳуқуқиро дар пай доштааст. Яке аз мизбонони ин ду сиёсатмадор барои онҳо шишаи шароби 150 ҳазор доллариро пешниҳод кардааст.

Мулоқоти нахуствазири пешини Итолиё ва раиси ҷумҳури Русия дар Қрим ба як кашмакаши ҳуқуқӣ табдил ёфтааст. Яке аз мизбонони ин ду сиёсатмадор шишаи шароби 240-соларо барои меҳмонон боз кард. Украина алайҳи ин шахс шикоят кардааст.

Мулоқоти рӯзи 11 сентябри Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Силвион Берлусконӣ, нахуствазири пешини Итолиё дар ҷазираи Қрим, эътирозҳои ҳукумати Украинро барангехт. Дар нахустин иқдом, Шӯрои амнияти Украина ҳукми мамнуияти сафари Берлускониро ба Украинаро барои муддати се сол содир кард.

Шӯрои амнияти Украина гуфтааст, ки дидори Берлусконӣ аз ҷазираи Қрим мухолиф бо сиёсати Иттиҳодияи Аврупост, зеро ин иттиҳодия "ишғоли ғайриқонунӣ"-и Қрим аз сӯи Русияро ба расмият намешиносад.

Хабаргузории Олмон ба нақл аз вазорати умури хориҷии Украина низ эълом кардааст, ки нахуствазири пешини Иттиҳодия Аврупо бидуни ҳамоҳангӣ бо ҳукумати Украина ба "минтақаҳои ишғолшудаи Украина" рафта ва ин хилофи қонунҳои Украина аст.

Додгоҳи Украин ҳамчунин алайҳи Янина Павленко, яке аз мизбонони ду сиёсатмадор иқдом кардааст. Хонум Павленко сарпарастии як корхонаи давлатии шаробро ба ӯҳда дорад, ки дар замони императории Русия ҳам яке аз манбаъҳои шароби ноб барои аъёну ашроф ба шумор мерафтааст.

Павленко муттаҳам аст, ки куҳнатарин шароби ин корхонаро, ки соли 1775 дар Испания тавлид шудааст, барои пазироӣ аз меҳмонони русӣ ва итолиёии худ пешкаш кардааст. Бар асоси шикояти додситонии кулли Украина, ин шишаи шароб ҷузви амволи давлатии Украина ба шумор рафта ва Янина Павленко ҳаққ надоштааст онро бидуни иҷозатномаи давлатӣ, масраф кунад.

Путин ва Берлускони ба таври муназзам бо якдигар мулоқот мекунад. Оихири дидори онҳо тобистони соли ҷорӣ дар Рум, қабл аз он дар хонаи Берлусконӣ дар ҷазираи Сардиния буд.

XS
SM
MD
LG