Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Болоравии андози моҳона сабаби аслии норизоияти тоҷирони яке аз калонтарин бозорҳои шимоли Тоҷикистон шудааст.

Даҳҳо тан аз тоҷирони бозори «Сомон» воқеъ дар шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров, субҳи рӯзи душанбе дар эътироз ба амалкарди мақомоти андоз, коршиканӣ кардаанд.

Субҳи рӯзи душанбеи 4-уми феврал аксари кулли фурӯшгоҳҳои бозори “Сомон” баста буд. Мақомот ба иттифоқи кормандони интизомӣ тоҷиронро ба боз кардани дӯконҳо тарғиб менамуданд, вале тоҷирон дархостҳои худро баён мекарданд.

Яке аз тоҷирзанони бозори “Сомон”, ки дар суҳбат бо “Озодӣ” худро Раъно Қосимова муаррифӣ кард, гуфт: “Талаби мо ҳамин, ки ҳамон андози пештараро баланд накунанд. 2 сол пеш барои як моҳи савдо дар як контейнер аз рӯйи иҷозатномаи савдо (патент) 127 сомонӣ андоз медодем, соли гузашта онро то 253 баланд карданд, акнун сар аз соли нави 2013 гуфтанд, ки 363 сомонӣ супорем, барои 1 моҳ. Ин барои мо вазнин, сарҳисоби зиндагимона ёфта наметавонем. Чунки харидор кам, рӯзҳое ҳам мешавад, ки мо савдо карда наметавонем, баъзе рӯзҳо ба зарари худамон ҳам молу матоъ мефурӯшем.”

Ҳамчунин тартиби нави андозбандӣ ба масоҳати дӯкон боиси норизоии тоҷирони бозори “Сомон” шудааст. Онҳо дар суҳбат бо "Озодӣ" гуфтанд, ки қаблан онҳо бо иҷозаномаи соҳибкорӣ ё патент ҳақ доштанд дар контейнери андозааш 12 метри квадратӣ фаъолият кунанд. Акнун мақомоти андоз гуфтаанд, онҳо танҳо ҳаққи кор дар дӯкони масоҳаташ то 10 метри квадратӣ доранд:

“Қариб ҳама контейнерҳои ин ҷо 12 метри квадратӣ аст. Мо бо 50 доллар онро барои 1 моҳ ба иҷора мегирем. Лекин мақомоти андоз ба мо мегӯянд, ки ё ду метрашро ҷудо кунед ё ки бо шаҳодатнома фаъолият кунед. Дар ин сурат мо бояд дар контейнерамон дастгоҳи чек гузорем ва аз фоидаи ҳаррӯзаамон ҳудуди 8 дар сад ба давлат супорем. Дар контейнер шароити хуби кор, барқ ва гармӣ нест. Бисёрии мо аз банкҳо қарз гирифта, ин ҷо бо роҳи тиҷорат барои аҳли оилаамон ризқу рӯзӣ меёбем. Аммо аз мо андози дӯконҳои замонавиро талаб мекунанд. Мо инро қабул кардан наметавонем.”


Тоҷирони бозори “Сомон” мегӯянд, охири моҳи январ мақомоти андоз ба далели риоят накардани ин тартиби нави андозбандӣ, бархе дӯкондорҳоро ба андозаи 1200 сомонӣ ҷарима бастанд, ки косаи сабри онҳоро лабрез кард ва даст ба коршинӣ заданд. Онҳо мегӯянд, ки ин гуна амалкарди мақомот, ба фаъолияти аксари онҳо латма зада, нархи молро боло мебарад ва савдои онҳоро касод хоҳад кард.

Коршикании тоҷирони бозори “Сомон” харидоронеро, ки аз маҳалҳои дур барои харид омадаанд, сарсону маъюс кардааст. Як ҷавон, ки дар симояш парешонӣ хонда мешуд ба "Озодӣ" гуфт: “Ман 150 километр роҳро тай карда, аз ноҳияи Ашт Сомонбозор омадам. Мехостам барои дӯконам баъзе чизҳо харида барам, аммо контейнерҳои тоҷирони шиносам баставу сари ҳар қадам милисаҳоро мебинам. Маҷбурам дасти холӣ баргардам.”

Бозори муштараки Тоҷикистону Хитой - "Сомон" бузургтарин бозори умда ва чаканафурӯшӣ дар шимоли Тоҷикистон аст, ки ҳудуди нафар 800 нафар дар дӯкон ва ғурфаҳои фурӯши маҳсулот кор мекунанд. Ба маълумоти мақомоти ин бозор, ҳудуди 95 дарсади тоҷирони он тоҷикон ва 5 дарсад чиниҳо ҳастанд, ки матову либос, асбобҳои рӯзгор, мебел ва ғайра савдо мекунанд.

Аммо мақомот мегӯянд, болоравии андоз заминаи қонунӣ дорад ва бар асоси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли гузаштаи 2012 сурат мегирад. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба таъкиди мақомот, рӯзи гузашта 40 тан аз занони соҳибкори бозори «Атуш» ба ин далел ба ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муроҷиат карданд ва пас аз сӯҳбат бо ҳузури намояндагони мақомоти андоз, онҳо ба ҷои кори худ баргаштанд.

Мудири кулли бозори муштараки Тоҷикистону Хитой - “Сомон”, шаҳрванди Чин, ки худро ба "Озодӣ" Ҳоҷӣ Карим муаррифӣ кард, гуфт, ин навбат низ мақомот назди онҳо омада, барои ҳаллу асли мушкили андоз бо намояндагони тоҷирон баъди нимрӯзи душанбеи 4-уми феврал мулоқот таъин кардаанд.

Вай афзуд: “Ин ҷо ҳамоиш барпо накардем. Ин як нофаҳмие байни тоҷирони мову мақомоти андоз аст, ки умедворам ҳал мешавад. Назди мо мақомоти дахлдори ҳукуматӣ омада буданд ва қарор шуд, ки баъд аз нисфирӯзӣ мулоқот ва мушкилро якҷоя ҳаллу фасл мекунем. Ҳоло бештари дӯкондорон ба хонаҳояшон баргаштанд, аммо умедворам фардо дӯконҳои худро боз хоҳанд кард.”

Ҷаноби Карим афзуд, умедвор аст мақомот ба истиқболи тоҷирони бозори “Сомон” меоянд ва барои онҳо сабукиҳое дар пардохти андоз муқаррар мекунанд. Аз нигоҳи бисёр тоҷирони бозори “Сомон”, онҳо дар шароити носоз ба истилоҳ, ба “савдои кӯчагӣ” машғуланд ва андозбандии онҳо баробар ба фурӯшгоҳҳои замонавӣ дуруст нест.



Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG