Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати нав метавонад Молдоваро ба самти Аврупо барад?


Дар шароити эътирозҳои шадиди мухолифон, шаби чоршанбе ба панҷшанбе дар шаҳри Кишинев тими раиси ҳукумати нави Молдова – Павел Филип савганд ёд кард.

Дар шароити эътирозҳои шадиди мухолифон, тими раиси ҳукумати нави Молдова – Павел Филип савганд ёд кард. Бӯҳрони сиёсӣ дар Молдова аз моҳи октябр идома дорад. Он замон ҳукумати пешин дар пайи ҷанҷоли фасодӣ ба истеъфо рафт.

Аъзои ҳукумати нави Молдоваро парлумон ва президенти ин кишвар Николай Тимофти тасдиқ карданд. Президенти Молдова изҳори боварӣ кард, ки ҳукумати нав аз ӯҳдаи раҳоӣ аз бӯҳрони бардавом мебарояд, то ки ҳукумат тавонад ӯҳдадориҳои иҷтимоиву иқтисодии худро дар баробари мардум ба сомон расонад.

Бори сеюм дар давоми як соли охир дар Молдова ҳукумат дигар мешавад. Мухолифати худро бо таъини ҳукумати нави рӯ ба Аврупо асосан ҳизбҳои чапгаро баён мекунанд. Молдова бо ҷамъияти сеюним миллионнафарааш талош дорад ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо дохил шавад.

Дар бораи таҳаввулоти ахир дар Молдова, ки баъди юриш ба сохтмони парлумон 10 нафар маҷрӯҳ шуда ба бемористон интиқол ёфтааст, сӯҳбате доштем бо хабарнигори бахши молдовании радиои Озодӣ Адриан Лановичи аз маркази шаҳри Кишинев.

Радиои Озодӣ: Мояи эътирози мухолифон ва ҳам талаби онҳо чӣ аст?

Адриан Лановичи: Мояи норизоияти мардум тасдиқ ва ҳам шеваи қабули ҳукумати нав шуд. Эътирозгарон мутмаинанд, ки аъзои кобина пурра зери назари олигарх Влад Плахотнюк аст, ки ҳамҳизби нахуствазири тозатаъин мебошад. Мавҷи эътирозҳоро инчунин худи ҷараёни овоздиҳӣ барои таъйини кабинаи нави вазирон бедор кард, ки бесобиқа буд ва бидуни пешниҳоди барномаи нави ҳукумат ва баррасиву баҳси он қабул шуд. Тамоми ин маросим ҳамагӣ як соат давом карду бас. Ҳамаи эътирозгарон талаб доранд, ки интихобот пеш аз вақт даъват шавад. Чизе, ки бояд таъкид шавад, ин аст, ки эътирозҳо зидди самтгириҳои аврупоии давлат нест. Мардум бовар надоранд, ки ҳукумати кунунӣ метавонад Молдоваро ба самти Аврупо бубарад ва барои ҳамоиши Молдова бо Аврупо хизмат кунад.

Интихоби ҳукумати нави Молдова бо эътирози шадид рӯ ба рӯ шуд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:48 0:00

Радиои Озодӣ: Бо вуҷуди ин, ки Павел Филип, нахуствазири нави Молдоваро ҳам дар гузашта дар коррупсия муттаҳам мекарданд, ҳоло ӯ ваъда медиҳад, ки ба бӯҳрони баамаломада хотима медиҳад. То куҷо шонси ӯву аъзои тимаш барои ҳифзи қудрат ва ҳам таъмини суботи деринтизор дар Молдова зиёд аст?

Адриан Лановичи: Ҳама чиз ба он бастагӣ дорад, ки раҳбарон ба эътирозҳо ва раҳбарони онҳо чӣ вокунин нишон медиҳанд. Агар ҳарду ҷониби ихтилоф музокира кунанд, ва инро Ғарб ҳам мехоҳад, эҳтимолан шиддати таниш поин бурда шавад. Бӯҳрони сиёсӣ дар он сурат амиқтар мешавад, ки агар парлумон дар интихоби президенти нав ноком шавад. Ин ҳолат водор мекунад, ки интихоботи пеш аз мӯҳлат баргузор шавад. Салоҳиятҳои президенти кунунӣ Николай Тимофти баҳори имсол ба анҷом мерасад

Радиои Озодӣ: Ин ки дар давоми як сол дар ин кишвар се дафъа ҳукумат нав шуд, ба бовари коршиносон далели як бӯҳрони ҷиддӣ аст. То куҷо ин вазъ дар шароити иҷтимоиву иқтисодии сокинони кишвар таъсиргузор шудааст?

Адриан Лановичи: Бешубҳа, бӯҳрони шадиди сиёсӣ ба рӯҳияи шаҳрвандон ва ҳам дарки вазъи воқеии кишвар таъсиргузор мешавад. нархи ғизо, хадамоти коммуналь боло рафтааст, дар соҳаи молияву бонкҳо ва дар маҷмӯъ – иқтисод мушкил хеле зиёд аст. Маоши кормандони соҳаи буҷавӣ ва нафақаҳо бо таъхир пардохт мешавад, кӯмакҳои пулии ҳамкорони хориҷӣ масдуд шудаанд ва ҳамаи ин баёнгари он аст, ки дар кишвар бояд ҳарчи зудтар субот ва оромӣ ҳукмфармо шавад. Вале саволи асосӣ ин аст, ки баҳо ё қимати ин сулҳу субот дар Молдова чанд аст?

XS
SM
MD
LG