Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарони турк истеъфои Эрдуғонро хостанд


Эътирозҳои хиёбонӣ дар Туркия ҳамоно идома дорад ва вориди марҳилаи дигар шудааст.

Тибқи тозатарин хабарҳо, эътирозгарон дар чанд шаҳри Туркия бори дигар ба кӯчаҳо баромада ва хостори истеъфои давлати Раҷаб Таййиб Эрдуғон шуданд.
Ба иттилои хабаргузории Франс-пресс, бомдоди рӯзи душанбе пулис ва эътирозгарон дар Истанбул бо ҳам даргир шуданд. Эътирозгарон, ки нахуст ба хотири тарҳи тахриби як парк ва майдони «Тақсим»-и Истанбул ба хиёбонҳо омаданд, акнун дар шиорҳояшон аз Эрдуғон мехоҳанд, ки ба истеъфо биравад.


Саркӯбии эътирозҳо дар Туркия
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:43 0:00


Ин дар ҳолест, ки оқои Эрдуғон рӯзи якшанбе созмондиҳандагони эътирозҳоро муттаҳам кард, ки қасд доранд ба демократия дар кишвар зарба зананд Нахуствазири Туркия ба анҷоми тазоҳурот таъкид кард, аммо айни ҳол эътирозҳо ба шаҳрҳои дигар, аз ҷумла Анқара кашида шудааст.


Субҳи рӯзи якшанбе фазо дар майдони "Тақсим"-и Истанбул ором гузориш шуда буд, аммо дар Анқара – пойтахти Туркия пулис ба сӯи эътирозгарон, ки ба сӯи дафтари нахуствазир дар ҳаракат буданд, гази ашковар партоб кард ва бо мошинҳои обпошӣ роҳпаймоёнроо пароканда намуд. Аср ва шаби якшанбе низ гузоришҳое тозае дар мавриди бозгашти эътирозгарон ба хиёбонҳои Истанбул ва даргириҳо миёни онҳо ва пулис мунташир шуд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон низ дар ин замон ба гуруҳҳои мухолифи давлат тохт ва онҳоро муттаҳам кард, ки дар пайи фароҳам кардани заминаи мудохила алайҳи демократия дар он кишвар ҳастанд. Нахуствазири Туркия мегӯяд, мухолифони давлати ӯ эътирозгаронро таҳрик мекунанд. Эрдуғон ба шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҳамла карда ва гуфтааст, ба назари ӯ дар Твиттер «беҳтарин намунаи дуруғгӯӣ»-ро метавон пайдо кард. Ӯ рӯзи гузашта дар телевизиони Туркия гуфт, шабакаҳои иҷтимоӣ «бадтарин таҳдид барои ҷомеа» ҳастанд. Тайи чанд рӯзи гузашта эътирозгарони туркӣ ба таври густурда барои интишори дидаҳо ва шунидаҳои худ ва низ акс ва ахбор, ба шабакаҳои иҷтимоӣ рӯй овардаанд.

Эрдуғон дар ин суханони телевизионии худ гуфт, мо таслими гуруҳи ғоратгар намешавем, ки ба майдон омадаанд ва бо иттилооти ғалате, ки доранд, мехоҳанд мардуми моро таҳрик кунанд». Аз сӯи дигар мухолифон назари дигар дар мавриди давлати Туркия доранд. Рӯзномаи "Guardian" аз қавли як муҳаққиқи улуми сиёсӣ дар Донишгоҳи Истанбул мегӯяд, «Эрдуғон ба ҳарфи ҳеҷ кас, ҳатто аъзои ҳизби худ низ гӯш намедиҳад. Вале пас аз эътирозҳои ахир ӯ бояд бипазирад ки нахуствазири як кишвари демократӣ аст ва наметавонад ҳар тавре, ки дилаш хост, амал кунад.»

Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар дар мавриди рафтори пулиси Туркия бо эътирозгарон ибрози нигаронӣ кардаанд. Давлати Амрико низ шаби гузашта аз ҷонибҳо хост ки оромишро ба фазои он кишвар бозгардонанд. То кунун 1700 нафар аз эътирозгарон боздошт шуда ва бино ба иттилои Созмони пизишкии Туркия, беш аз 400 нафар низ дар ҷараёни задухӯрди тазоҳуркунандагон бо нерӯҳои пулис захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG