Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарон дар Молдова истеъфои ҳукуматро талаб доранд


Рӯзи 24-уми январ ҳазорон нафар дар пойтахти Молдова истеъфои ҳукумати навро тақозо карданд. Эътирозгарон ҳамчунин баргузории интихоботи зудрасро шиори худ қарор додаанд.

Бар асоси хабарҳои матбуотӣ, рӯзи якшанбеи 24-уми январ эътирозгарон дар пойтахти Молдова хостори истеъфои ҳукумат шуда ва мехоҳанд Шӯрои Наҷоти Миллӣ ташкил диҳанд. Дар ин бора Василий Нестасе, яке аз раҳбарони ҳизби “Ифтихор ва Адолат” дар майдони марказии шаҳр сӯҳбат кардааст.

Эътирозгарон дар даст гулҳои хризантемаҳои сафед ба майдон омадаанд ва ба ин тартиб мехоҳанд нишон диҳанд, ки онҳо хостори тазоҳуроти бидуни хушунат мебошанд. Ин тазоҳуротро ду ҳизби ҷонибдори Русия ва Ҷунбиши зидди ришвахории ҷонибдори Иттиҳодияи Аврупо созмон додаанд.

Қарор буд ҳамзамон раҳпаймоии ҷонибдорони ҳукумати нав низ баргузор шавад. Вале се соат пеш аз оғози тазоҳурот, ҳукумати Молдова ба рӯзноманигорон хабар дод, ки Ҳизби демократи Молдова раҳпаймоии худро лағв кардааст, то бо гурӯҳҳои дигари зиддиҳукуматӣ задухӯрд ба амал наояд.

Ҳамзамон дар шаҳри Кишинёв тадбирҳои шадиди амниятӣ рӯи даст гирифта шудааст. Биноҳои давлативу ҳукуматӣ таҳти амнияти неруҳои интизомӣ гирифта шудаанд. Гурӯҳҳои пулис майдони марказии шаҳрро назорат мекунанд. Ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои марказии шаҳр мамнӯъ аст.

Дар эътирозҳои зидди ҳукуматӣ се ҳизби мухолифи ҳукумат Ҳизби “Ифтихор ва Адолат”, Ҳизби сотсиалистӣ ва “Ҳизби Мо” ширкат мекунанд. Ин се ҳизб аз моҳи сентябр ба ин сӯ дар эътирозҳои бемӯҳлат ширкат доранд, вале аз рӯзи чаҳоршанбе ба ин сӯ, яъне аз замони эълони ташкили кобинаи нави вазирон бо ҳам муттаҳид шудаанд. Маҳз ҳамин се ҳизб ташкили ҳукумати нав ва аксарияти парлумонро ғайриқонунӣ медонанд ва тақозо доранд, ки ҳукумат ва парлумон пароканда карда шаванд ва интихоботи нави парлумонӣ баргузор гардад.

Эътирозгарон аз ҷумла шиор медиҳанд, ки: “Мо мехоҳем кишвар ба асли худ баргардад!” ва “Мардум муттаҳид шавед!”. Ин шиорҳо ба ду забон - русӣ ва ба забони румонӣ садо медиҳанд. Хабаргузории Ассошиейтед Пресс шумораи эътирозгаронро 15 ҳазор нафар тахмин задааст.

Бисёре аз мардуми Молдова бар ин ақидаанд, ки табақаи ришвахори сиёсатмадорон, ҳукуматро ба даст гирифтаанд. Ғазаби онҳо замоне шиддат гирифт, ки 20 январ Павел Филип нахуствазири Молдова интихоб шуд. Вай узви Ҳизби демократ аст ва аксарият мегӯянд, ки Филип зери нуфуз ва назорати Влад Плаҳотниюк-шахсияти зиддунақизи иқтисодӣ қарор дорад.

Аммо Амрикову Иттиҳодияи Аврупо ва Руминия, ки наздиктарин ҳампаймони Молдова ба шумор меравад, мегӯянд, ки бо ҳукумати нав кор хоҳанд кард ва онро ташвиқ мекунанд, то барномаҳои ислоҳот ба сӯи Иттиҳодияи Аврупоро иҷро кунад.

Дар остонаи эътирозҳои 24 январ Александру Ҷиздан, вазири корҳои дохилии Молдова ба ширкаткунандагони эътирозҳо ҳушдор дод, ки аз ҳар гуна беназмиву хушунат худдорӣ кунанд. Ҷиздан ҳамчунин гуфт, ки нерӯҳои пулис даҳҳо нафареро боздошт кардаанд, ки дар задухӯрдҳои 20 январ дар Кишинёв даст доштаанд. Ин задухӯрдҳо қабл аз тасвиби аъзои ҳукумати нав рух дода буд. Он вақт парлумон кобинаи навро ба раҳбарии Павел Филип бояд ба тасвиб мерасонд.

Рӯзи 23 январ дафтари матбуотии нахуствазир хабар дод, ки нахуствазир Павел Филип дар ин мақом аввалин сафари хориҷашро ба Руминия анҷом медиҳад ва ин боздид бо Дачиан Чолош,нахуствазири Руминия дар як сӯҳбати телефонӣ ҳамоҳанг шудааст.

Дар ин хабар омадааст, ки 26 январ дар ҷараёни сафари якрӯза ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба, иҷрои қарордодҳои ҳамкорӣ ва тартиби анҷоми ислоҳотеро, ки қарордоди Молдова-Иттиҳодияи Аврупо дар назар дорад, баррасӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG