Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибкори тоҷик дар Русия Кохи тиҷоратии Тоҷикистонро месозад


Акси Фурқатҷон Икромов аз саҳифаи Фейсбуки ӯ
Акси Фурқатҷон Икромов аз саҳифаи Фейсбуки ӯ

Як соҳибкори тоҷик дар шаҳри Уфа аз раисиҷумҳури Тоҷикистон хостааст, ки барои сабтиноми расмии Кохи тиҷоратии кишвар дар Бошқирдистон кумак намояд.

Фурқатҷон Икромов, раиси бозори "ЕвроАзия" дар шаҳри Уфаи Русия қасд дорад, ки "Торговый дом Таджикистана" ё Кохи тиҷоратии Тоҷикистон дар Бошқирдистонро боз намояд. Барои сабтиноми расмии ин кох, ӯ аз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳафтаи гузашта бо сафари корӣ дар Бошқирдистон буд ва, инчунин, Имомуддин Сатторов, сафири кишвар дар Маскав, кумак хостааст.

"Молҳое, ки ҳоло меоянд, яъне пиёзу хурмо, олуву ангур, меваҳои хушки Тоҷикистон ва амсоли онро мо дар ҳамин "Торговый дом" ба фурӯш мегузорем. Ғайр аз ин, аз ин ҷо ба Тоҷикистон мол равон мекунем ва дар иваз Бошқирдистонро бо молҳои хуби Тоҷикистон таъмин менамоем," -- гуфт Фурқатҷон Икромов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.

Икромов мехоҳад, бинои ин Кохи тиҷоратии Тоҷикистонро ба иҷора гирифта ва аммо онро бо услуби меъмориҳои миллии тоҷикӣ оро бидиҳад. Ӯ мегӯяд, дар мулоқот бо оқои Раҳмон қавл додааст, ки дар ин Кохи тиҷоратии Тоҷикистон гӯшаи фарҳангии кишвар низ боз шуда ва таомхонааш ба муштариён танҳо ғизоҳои миллии тоҷиконро пешкаш хоҳад кард. Илова бар ин, маркази мазкур яке аз ҷойҳои баргузории ҳамоишҳои муҳоҷирони тоҷик дар минтақа хоҳад шуд.

Ҳоло дар бозори "ЕвроАзия"-и Фурқатҷон Икромов бештар аз 1 ҳазору 500 шаҳрванди Тоҷикистон бо кор таъмин шудаанд. Вай мегӯяд, "раҳбари бозори калонтарини Бошқирдистон ҳастам. Кумаки ман ин аст, ки зиёда аз якуним ҳазор тоҷикро дар бозор ба кор гирифтам. Мо аз раисиҷумҳур хостем, ки раҳбарони шаҳри Уфа моро бештар дастгирӣ кунанд."

Ин соҳибкори тоҷик дар Уфа мегӯяд, онҳо бо маҳсулоти худ дар бозор ба нархҳо низ таъсир расонда метавонанд. "Масалан, нархи пиёзро дар Бошқирдистон ва дар Уфа поён бурдем. Аз Тоҷикистон пиёз овардем ва ҳоло нархи пиёз аз 25 рубл ба 18-19 рубл фаромадааст. Ҳамин тавр, колоҳои барои Тоҷикистон даркориро ҳам аз ин ҷо мефиристем, то бозорҳои кишвар бо молҳои гуногун таъмин бошад," -- афзуд ӯ.

Фурқатҷон Икромов на танҳо бо Тоҷикистон, балки бо кишварҳои дигари Шӯравии пешин низ ҳамкорӣ дорад ва ба бозори худ аз Қирғизистону Узбакистон ва Озарбойҷон меваву сабзиҷот ворид мекунад. Дар бозори ӯ намояндагони ин миллатҳо низ кор мекунанд.

8 июл тоҷикони саршиноси муқими Русия барои мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Уфа гирдиҳам омаданд. Ин мулоқот дар яке аз толорҳои меҳмонхонаи "Шератон" дар Уфа баргузор шуд ва дар он донишҷӯёни тоҷик аз донишгоҳҳои Бошқирдистон низ иштирок доштанд. Мулоқот дар ҷараёни боздиди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз Уфа дар ҳошияи мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой, БРИКС ва Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё баргузор шуд.

Ширкаткунандагон мегӯянд чунин мулоқот бори аввал дар минтақа баргузор шудааст. Фурқатҷон Икромов, раиси бозори бузургтарини Уфа бо номи “ЕвроАзия” мегӯяд, дар ин мулоқот тақрибан 200 тоҷик аз Тотористон, аз минтақаҳои Нижний Новгород, Свердлов, Маскаву Санкт-Петербург, Краснодар, Новосибирску Иркутск, Чувашистон, Перму Саратов, Астрахан ва тақрибан аз ҳамаи минтақаҳои Русия иштирок доштанд.

XS
SM
MD
LG