Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз зидди "конслагерҳои муҳоҷирон" дар Маскав


Дар шаҳри Маскав шоми ҷумъа намоиши эътирозии зидди сиёсати муҳоҷирбадбинӣ дар Русия баргузор мешавад.

Барои ширкат дар ин намоиши эътирозӣ, ки дар боғи ба номи Горкии Маскав дар назар гирифта шудааст, асосан нирӯҳои чапгарои Русия ҷамъ меоянд. Як масъули баргузории ин ҳамоиш дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ аз Маскав гуфт, ки сабаби даъвати мардум барои эътироз ташкили, ба гуфтаи ӯ, “конслагерҳо” барои муҳоҷирон аст, ки аввалинаш дар пойтахти Русия рӯзи 1 август ташкил ва дар он садҳо муҳоҷири хориҷӣ нигаҳдорӣ шуд.


Марина Попова, як узви созмони чапгарои бо номи “Позиция автономного действия” гуфт, ки дар ҷомеаи Русия эҳсосоти муҳоҷирбарбинӣ то рафт афзоиш меёбад ва мардум то рафт нисбат ба ин масъала бепарвову бетараф мешаванд.


  • То имрӯз тақрибан 100-200 нафар изҳори омодагӣ карданд, ки дар ин ҳамоиш иштирок кунанд. Нафарони зиёд аз созмонҳои мухталиф изҳори омодагӣ карданд, ки дар ин ҳамоиш суханронӣ мекунанд. Мо мехоҳем, ки ба шикори муҳоҷирон хотима дода шавад ва аз сохтмони марказҳои ба ном нигоҳдории муҳоҷирони ғайриқонунӣ даст кашанд, девонагиҳои зиддимуҳоҷирон ҳам хотима дода шаванд.


Дар оғози моҳи август баъди як ҳодисаи латукӯби шадиди ходими полиси бозори шаҳри Маскав мақомоти интизомии пойтахти Русия маъракаи сартосарии санҷиши бозорҳои маҳаллиро ба роҳ монданд. Дар натиҷа, садҳо шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикистониҳо боздошт ва тафтиш шуданд.

Сафорати Тоҷикистон гуфт, ки дар тамоми ин маъракаҳо дасти кам 100 нафар шаҳрванди ин кишвар низ боздошт шуданд. 10 нафари онҳо ҳамроҳ бо садҳо шаҳрвандони Виетнам, Қирғизистон, Сурия, Озарбойҷон ва дигар кишварҳо ба қароргоҳи минтақаи Голяново ҷой дода шуданд. Ҳамаи онҳо дар натиҷа барои нақзи муқаррароти буду бош дар Маскав ба истирдод маҳкум шуданд.

Дар пай мақомоти Русия гуфтанд, ки ният доранд дар тамоми қаламрави ин кишвар чунин, ба истилоҳ қароргоҳҳои нигаҳдошти муҳоҷирони ғайриқонуниро ташкил кунанд, вале ин барнома мавриди интиқоди шадиди гурӯҳҳои муҳофизи ҳуқуқи инсон қарор гирифт. Қароргоҳҳои муваққатро аз оғоз “конслагери муҳоҷирон” номида, мақомотро барои пиёдасозии сиёсати зиддибашарӣ маҳкум карданд.


Бо ин вуҷуд, натиҷаҳои пурсиши афкори умум ҳокӣ аз он аст, ки дар ҷомеаи Русия эҳсосоти зиддимуҳоҷирон то рафт густардатар ва қавитар мешавад. Аз Марина Попова пурсидем, ки оё дар чунин шароит магар намоишҳои эътирозии мухолифон натиҷае хоҳад дод, ӯ гуфт:


  • Албатта, мақомот ҳамаҷониба талош мекунанд, ки эҳсоси бадбинӣ ба муҳоҷиронро афрӯхта истанд. Аммо бо ин вуҷуд, шумори онҳое, ки на муҳоҷирон, балки сиёсати давлатро дар нисбати онҳо як мушкили ҷиддӣ мешуморанд, ҳамоно бештар аст.

Намоиши эътирозии шоми имрӯзро Кумитаи “Барои интернасионали корӣ”, созмони сотсиалистҳои Русия, конфедератсияи анархистҳо, дигар тарафдорони ақоиди чап ва инчунин Кумитаи мусоидати шаҳрвандӣ даъват кардаанд.

Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG