Пайвандҳои дастрасӣ

Нуралӣ Ҳасанов мегӯяд, онҳо маркази фурӯши қисмҳои эҳтиётиро бояд аз нав созанд ва барои ҳамин аз тоҷирон хоста буданд, ҳар кадомашон пешакӣ 1 ҳазору 100 сомонӣ супоранд, на аз ин бештар.

Нуралӣ Ҳасанов, раиси маркази савдои “Ғайрат” дар шаҳри Кӯлоб, ки бозори молҳои техникии “Лола” низ дар ихтиёрашон ҳаст, эътирози рӯзи ҷумъаи тоҷирон алайҳи пешниҳоди ӯро бепоя донист. Ӯ гуфт, ҳадафи онҳо на ғорату варшикаста кардани тоҷирон, балки азнавсозии бозор аст, ки бар асоси шартнома сурат мегирад.

“Мо тасмим гирифтем, барои 700-солагии ҷашни Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва пойтахти фарҳангии ИДМ шудани Кӯлоб бозорро тахриб карда аз нав созем ва барои ин ба маблағ ниёз дорем”,-мегӯяд Ҳасанов. Ӯ дар идома афзуд, “тоҷиронро соли 2014 гуфта будем, шартнома тамом шуд, боз аз нав шартнома мебандем. Барои ҳамин, онҳоро гуфтем, 1100 сомонӣ пешакӣ супоред, ки то ҷашнҳо бозорро азнавсозӣ карда, боз ба худатон диҳем. Аммо онҳо махсус ин эътирозро карданд.”

Рӯзи 23 январи соли ҷорӣ дар айни ироаи паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, як гуруҳ аз тоҷирони маркази савдои “Лола” дар назди бинои ҳукумати шаҳри Кӯлоб ҷамъ омада, аз раҳбарият имдодхоҳӣ карданд. Дар пайи ин, кормандони Шуъбаи умури дохилии Кӯлоб аз тоҷирон даъват карданд, то ҳудуди 10 тоҷир ҳамроҳи онҳо рафта, нисбат ба ин қазия баёнот бинависанд.

Як тоҷири фурӯшгоҳи қисмҳои эҳтиётии бозори “Лола”, бидуни овардани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, “мо аввал ба Шуъбаи корҳои дохилӣ рафтем, баъд аз онҷо ба идораи амният рафта, бо мақомоти он сӯҳбат кардем. Дар ҳамон вақт раиси бозорро даъват карданд. Раиси бозор дар назди мо гуфт, ягон пул намегирам, савдогарон то моҳи май кор кунанд, баъди моҳи май бозорро худам таъмир мекунам.”

Неъмат Рустамов, муовини раиси шаҳри Кӯлоб, низ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло як гурӯҳи корӣ ташкил карда, ин қазияро ба баррасӣ гирифтаанд. Ноиби раиси шаҳри Кӯлоб афзуд, “онҳо дар масъалаи андозу шартномаи яксолае, ки миёни соҳиби бозор ва соҳибкор баста шудааст ва масъалаи андоз ба мо муроҷиат карданд.”

Бозори фурӯши қисмҳои эҳтиётии мошинҳо дар паҳлӯи бозори марказии “Саховат” қарор дорад ва раиси он Нуралӣ Ҳасанов ҳамроҳи писараш умури онро дар даст доранд. Масоҳати ин бозор 1 гектарро ташкил дода, зиёда аз 500 тоҷир ба фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ машғуланд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG