Пайвандҳои дастрасӣ

Ашрафғанӣ: Ҳадафи душманон ҷудоӣ миёни қавмҳои Афғонистон аст


Муҳаммад Ашрафғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон

Муҳаммад Ашрафғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон

Ашрафғанӣ дар пайи тазоҳуроти ҳазорҳо нафар дар Кобул аз гаравгонгирӣ ва қатли сокинони осоишта интиқод кард ва гуфт, ки душманон бо ин роҳ мехоҳанд миёни қавмҳои Афғонистон ҷудоӣ андозанд.

Муҳаммад Ашрафғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон, шоми 11 ноябр дар як паёми телевизионӣ гуфт, ки душманони мардуми он кишвар дар ҷанги рӯбарӯ бо нерӯҳои амниятӣ шикаст хӯрда, ҳоло талош доранд дар миёни қавмҳо тухми нифоқ бикоранд. Ӯ гуфт, "ин дарди муштараки як миллат ва ханҷарест, ки душманон мехоҳанд дар қалби ваҳдат ва якпорчагии мо фурӯ созанд. Ҳоло тамоми талоши онҳо барои эҷоди тафриқа ва шикоф миёни афғонҳо мутамарказ шудааст."

Ашрафғанӣ ин суханонро баъд аз он матраҳ кард, ки даҳҳо ҳазор нафар дар эътироз ба кушта шудани ҳафт тан аз афроди мулкӣ дар вилояти Зобул рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Кобул даст ба тазоҳурот заданд. Аммо раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, ҳодисаи гаравгонгирӣ ва кушта шудани ҳафт тан дар вилояти Зобул охирин рӯйдод аз ин навъ ҷиноят нахоҳад буд ва дар оянда низ ба гуфтаи ӯ чунин воқеаҳо такрор хоҳанд шуд.

Тирандозии пулис барои пароканда кардани эътирозгарон

Рӯзи 11 ноябр нерӯҳои амниятии афғон барои ҷилавгирӣ аз вуруди эътирозгарон ба Арки раёсати ҷумҳури Афғонистон дар Кобул даст ба тирандозии ҳавоӣ задаанд. Расонаҳои Афғонистон иттилоъ медиҳанд, ки дар маҳалли эътироз дар назди қасри раёсати ҷумҳури он кишвар чандин нафар захмӣ шудаанд. Нерӯҳои амниятӣ нашри мустақими телевизионҳо аз маҳалли эътирозро қатъ кардаанд.

Ҳазорон нафар дар пойтахти Афғонистон бо эътироз алайҳи сарбурии 7 гаравгони ҳазора, ки ғолибан аз сӯи Толибон анҷом шудааст, истеъфои раҳбарони кунунии ин кишварро талаб карданд. Эътирозгарон, ки бахши аъзамаш намояндагони ақаллияти қавмии ҳазораҳоянд, тобути 7 гаравгони кушташуда рӯи даст дар кӯчаҳои Кобул раҳпаймоӣ карданд ва аз ҳукумат талаб карданд, ки амниятро дар кишвар таъмин кунад.

Эътирозгарон дар даст аксҳои қурбониёнро доштанд ва “Марг ба Толибон” гӯён шиор мезаданд. Онҳо ҳамин тавр, истеъфои раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллӣ доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳро талаб карданд.

Ашраф Ғанӣ қаблан куштори ҳазораҳоро ҳамчун “амали ваҳшиёна” маҳкум ва ба пайвандони кушташудагон “ҳамдардии амиқ” изҳор карда буд.

Ҷасадҳои сарбуридаи 7 ҳазора, бо шумули 4 мард, ду зан ва як кӯдак рӯзи 7 ноябр дар вулусволии Арғандоби вилояти Зобул дар ҷанубушарқи Афғонистон ёфт шуд. Ин афродро ҳанӯз 6 моҳ қабл аз вулусволии Гелони вилояти бо Зобул ҳамсояи Ғазнӣ рабуда буданд.

Ҷунбиши Толибон, ки алайҳи ҳукумати кунунии Афғонистон меҷангад, иддао карда буд, ки гӯё ин гаравгонҳоро ҷангиёни “Давлати исломӣ” сари сар буридаанд. Гузоришҳое низ нашр шуд, ки Толибон сари 8 ҷангии содиқ ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро бо ҷурми даст доштан дар сарбурии ҳазораҳо аз тан ҷудо кардаанд. Аммо Хадамоти амнияти Афғонистон иддаои Толибонро рад кард. Ҳам Ғазнӣ ва ҳам Зобул аз ҷабҳаҳоест, ки ҷангиёни Толибон дар ҳафтаҳои охир бо нирӯҳои давлатӣ даргир будаанд.

Куштори ваҳшиёнаи ҳазораҳоро Комиссиюни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон ҳам бо нашри изҳороте шадидан маҳкум кард. Дар ин бора дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ сухангӯи ин Комиссиюн доктор Рафеъуллоҳ Бедор рӯзи 11 ноябр хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ҳама қишрҳои ҷомеъаи Афғонистон куштори гаравгонҳои ҳазораро "ғайринсонӣ", "ғайришаръӣ" ё "ғайриисломӣ" мехонанд.

Мусоҳиби мо бо тассуф гуфт, ки барои ситезаҷӯён қавму миллати қурбониёнашон муҳим нест, аммо воқеъан ҳам моҳҳои ахир бештар аз ҳама намояндагони қавми ҳазора осеб диданд. Даҳҳо намояндагони ин қавм аз вилояти Ғазнӣ рабуда шудаанд, аз ҷумла, моҳи март афроди мусаллаҳи ношинос аз як автобус 31 ҳазораро гаравгон гирифта буд. Сарнавишти аксар ҳазораҳои рабудашуда маълум нест. Мутассифона, дар Афғонистон ҳама ақвом зери зарба ҳастанд, афзуд ҳомии ҳуқуқи башари афғон.

Доктор Рафеъуллоҳ Бедор ба он нукта ҳам ишора кард, ки дар Афғонистон ба ягон қавму миллат бартарӣ дода нашудааст ва банди 22-и Қонуни асосии Афғонистон баробарии ҳуқуқу имтиёзҳои ҳама шаҳрвандон новобаста ба миллату қавм ва мазҳабу ҷинсашонро муқаррар кардааст. Амо дар баробари баъзе аз аққалиятҳои мазҳабӣ, аз ҷумла, сикхҳо, ки теъдодашон дар Афғонистон хело кам аст, барномаҳои вижа таҳия шудаанд ва ҳамчунин қонун теъдоди чанд курсӣ дар парлумон барои намояндагони аққалиятҳои мазҳабиро пешбинӣ кардааст.

Ҳазораҳо як ақалияти қавмиест, ки умдатан дар Афғонистону Покистон ва қисме дар Эрон ба сар мебаранд. Шумори ҳазораҳо дар Афғонистон то 3 миллион нафар гуфта мешавад. Ин қавм ба забони дарӣ сӯҳбат мекунад ва пайрави мазҳаби шиъаи дини Ислом аст. Намояндагони ин ақалияти қавмиву мазҳабӣ ҳам дар Афғонистон ва ҳам дар Покистон пайваста ҳадафи ҳамлаҳои ифротгароёни мазҳабӣ қарор мегиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG