Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ эътирозгарони Гулисойро ба "сабр" даъват кард (ВИДЕО)


Сокинони Гулисой дар назди додситонӣ
Сокинони Гулисой дар назди додситонӣ

Як гурӯҳи сокинони деҳаи Гулисойи ноҳияи Восеъ дар назди додситонии Кӯлоб ҷамъ омада, раҳоии ду сокини ин русторо, ки ба пайравӣ аз равияи Салафия гумонбар шудаанд, талаб карданд.

Додситонии минтақаи Кӯлоб дар посух ба талаби сокинони деҳаи Гулисой, ки раҳоии ду ҳамдеҳаи худро хостаанд, онҳоро ба сабр даъват кард. Даҳҳо нафар аз аҳли ин русто рӯзи 4 июн дар назди додситонӣ ҷамъ шуда, талаби озодии Шералӣ Холов ва Ҷӯрахон Шарофовро карданд. Ин ду сокини Гулисой рӯзи 3-юми майи соли равон бо иттиҳоми салафигароӣ боздошт шудаанд.

Зиёда аз 30 нафар аз аҳли ин деҳа дар ҷамъомаде дар назди додситонӣ гуфтанд, Холов ва Шарофов гуноҳе надоранд ва дархости раҳоии онҳоро 80 нафар аз сокинони Гулисой имзо кардаанд. Аммо Акобир Изаттуллоев, додситони минтақаи Кӯлоб ба онҳо посух додааст, ки пешопеш хулосаи бегуноҳӣ набароранд, зеро ин масъаларо танҳо додгоҳ ҳал мекунад.

Ҷаноби Иззатуллоев гуфт, ки назди норозиён баромад ва бо онҳо сӯҳбат карду ваъда дод, ки агар додгоҳ гумонбаронро бегуноҳ барорад, онҳо фавран озод хоҳанд шуд. Вай аз норозиён хостааст, сабр пеша кунанд.

Аммо чанде аз ҷамъомадагон мегӯянд, Акобир Изаттулоев, додситони минтақаи Кӯлоб ба онҳо бо як лаҳни беэҳтиромона ва таҳдидомез сӯҳбат карда, далели норозиёнро шунидан нахостааст.
Зулфия Расулова, сокини деҳаи Гулисой мегӯяд, ҳоли зори фарзандони ноболиғи Шералӣ Холов ва Ҷӯрахон Шарофов онҳоро таҳрик дод, ба назди бинои додситонӣ оянд. Ӯ меафзояд, ин ду ҳамдеҳааш зиндагии камбағалона доштанд ва ҳоло пас аз боздошт ояндаи 9 фарзанди ноболиғи онҳо ва ҳамсаронашон шигифтовар ба назар мерасад: «Инҳо бегуноҳанд ва ҳама сокинон медонанд, ки то ҳамин боздошташон дар бораи салафӣ гуфтанӣ гап чизе намедонистанд. Мо озодии инҳоро ва ба ҷавобгарӣ кашидани онҳое, ки инҳоро тӯҳмат кардаанд, талаб дорем.»

Ҳамчунин, ин сокинон номае дар даст доштан, ки зери он 80 сокини деҳаи Гулисойи ҷамоати Абдӣ Авазови Восеъ имзо гузоштаанд. Дар ин нома ба бегуноҳии боздоштшудаҳо ва зарурати раҳоии онҳо таъкид шудааст.

Ҳамдеҳаи дигари боздоштшудаҳо Ҳафиза Камолова мегӯяд, борҳо сокинони деҳаи Гулисой бо иттиҳоми гуногун боздошт шудаанд, аммо касе аз боздошти онҳо нигаронӣ накардааст, зеро ба бегуноҳиашон бовар надоштанд, аммо ҳоло мутмаинанд, ки ин ду нафар комилан бегуноҳ буда, танҳо бо тӯҳмат боздошт шудаанд. Ин зан афзуд: «Лекин прокурор гуфт, ки ин гапҳоятонро ба ман нагӯед ва омада дар суд гӯед. Ин ҳамаро суд мебинад. Ҳамсояи ман ҳастанд ин одамҳо ва мо медонем, ки гуноҳ надоранд.»
Таҷаммӯъи сокинон дар назди бинои додситонии Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:48 0:00

Барои раҳоии ин ду сокин пушти дари додситонии минтақа бештар занҳо ҷамъ омада буданд ва онҳоро пешнамоз ё имомхатиби масҷиди деҳа, ки гуфта мешуд, ин ду нафар пас аз баҳс бо ӯ боздошт шудаанд ва ҳамчунин вакили маҳалла ҳамроҳӣ мекарданд.

Саидмуртазо Раҷабов, имомхатиби масҷиди деҳаи Гулисой мегӯяд, умедвор аст, ин ду ҳамдеҳааш бегуноҳ эълон хоҳанд шуд: «Баҳсҳо дар масҷид зиёд мешаванд ва як нафар барои як чизро фаҳмидан аз имомхатиб ягон масъаларо пурсонӣ мекунад. Аммо ин маънои онро надорад, ки онҳо салафиянд. Бовар дорам, ки инҳо гуноҳе надоранд ва баҳсе, к ибо ман карда буданд, хилофи мазҳаби Имоми Аъзам набуд. Хоҳиш дорам, ки ҳамон нафаре, ки ин хабарро расонидааст, барои дурӯғгӯиаш ба ҷавобгарӣ кашида шавад.»
Фарзандони Шералӣ Холов
Фарзандони Шералӣ Холов
Шералӣ Холов ва Ҷӯрахон Шарофов рӯзи 3-юми майи соли равон пас аз намози ҷумъа бо пешнамози масҷиди деҳа баҳси кутоҳе доштанд, ки ба гуфтаи имомхатиб ба хушӣ ҳал шуд, аммо бегоҳи ҳамон рӯз кормандони Райёсати умури дохилии минтақаи Кӯлоб онҳоро дастгир карданд. Сокинони деҳа дар ҳоле ба бегуноҳии ин ду нафар таъкид мекунанд, ки телевизиони Тоҷикистон бо пахши барномаи «Сипар»-и ВКД онҳоро узви гурӯҳи мамнӯи Салафия номид ва худи онҳо низ дар ин барнома ба «гуноҳ»-и худ иқрор карданд.

Аммо сокинони деҳа мегӯянд, ба ин «иқрор» бовар надоранд ва агар мурофиа одилона сурат нагирад, онҳо боз даст ба эътироз хоҳанд зад.
XS
SM
MD
LG