Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳпаймоӣ дар Урузгон ба ҳимоят аз ҳамлаи маргбори Фаронса


Бародарон Саид ва Шариф Куашӣ.

Бародарон Саид ва Шариф Куашӣ.

Дар ҳоле, ки садҳо ҳазор нафар дар Фаронса дар эътироз ба ҳамла ба идораи маҷаллаи "Шарли Эбдо" ба хиёбонҳо рехтанд, садҳо нафар дар вилояти Урузгони Афғонистон дар як раҳпаймоӣ, аз ин ҳамлаи маргбор ситоиш кардаанд.

Як намояндаи Урузгон дар парлумони Афғонистон афродеро, ки ба дафтари ҳафтаномаи ҳаҷвии "Шарли Эбдо" дар Фаронса ҳамла карданд ва 12 нафарро куштанд, ғозӣ ва шаҳид хондааст. Абдуллоҳ Борикзай аз минтақаи Ҷураи Урузгон аст, ки рӯзи ҷумъа садҳо нафар аз ҳамлаи маргбор бар "Шарли Эбдо" дар Порис, ситоиш карданд.

Мақомоти афғон гуфтаанд, ки ин афрод ба тарафдории ду марди ҳамлавар шиор сар медоданд ва онҳоро қаҳрамон мехонданд. Мутеуллоҳ Хон, фармондеҳи амнияти вилояти Урузгон гуфт, ки пеш аз тазоҳурот ба мақомот иттилоъ дода шуда буд.

Бар асари ҳамла ба идораи маҷаллаи "Шарли Эбдо" рӯзи 7 январ 12 нафар, аз ҷумла, ҳашт корманди маҷалла кушта шуданд. Миёни онҳо - сардабири маҷалла Стефан Шарбонье маъруф ба “Шарб” ва рассомон Жан Кабу, Жорж Волински ва Бернар Верлакё "Тину" ҳам буданд.

Гумонбарони ин ҳамла бародарон Саид ва Шариф Куашӣ рӯзи ҷумъа дар амалиёти вижаи полис дар шаҳри Даммартэн-ан-Гуэл кушта шуданд. Гуфта мешавад, ки бародарон ба ин амал дар вокуниш ба нашри тасвирҳои танзомези Паёмбари ислом дар ин маҷалла даст задаанд.

Абдуллоҳ Боризкай, намояндаи Урузгон дар парлумони Афғонистон мегӯяд, ки дар тазоҳуроти рӯзи ҷумъа ширкат надошт, аммо бо онҳо ҳамназар аст: "Ба унвони намояндаи мунтахаби мардуми Урузгон дар парлумон ин амали журналистони Фаронсаро, ки паёмбари акрамро тавҳин карданд, маҳкум мекунам. Ин як амали қабеҳ аст. Ман мегӯям, ки ин хабарнигорон чӣ зарурат доштанд, ки паёмбари исломро тавҳин кунанд."

Бар асоси гузоришҳо, тазоҳуркунандагон эътироз кардаанд, ки чаро раиси ҷумҳури Афғонистон ин ҳамларо маҳкум кардааст. Рӯзи чаҳоршанбе Ашрафғанӣ Аҳмадзай ҳамла ба маҷаллаи "Шарли Эбдо" -ро маҳкум карда буд. Ӯ терроризмро як таҳдиди муштарак дар минтақа ва ҷаҳон хонд ва хоҳони талошҳои бештар дар мубориза бо он шуд.

Фаъолони ҷомеаи мадании ин кишвар низ тайи рӯзҳои гузашта ҳамлаи маргбор ба ин маҷаллаи фаронсавиро маҳкум карда буданд. Онҳо аз Шӯрои Амнияти СММ хоста буданд, то барои мубориза бо терроризми ҷаҳонӣ барномаи ҷиддиро рӯи даст бигирад.

Бисёре аз гурӯҳ ва шахсиятҳои исломӣ ҳамла ба идораи ин маҷаллаи фаронсавиро маҳкум кардаанд. Юсуф Қарзовӣ, яке аз машҳуртарин уламои ислом ва раиси Иттиҳоди оламии уламои Ислом ҳамла ба дафтари маҷаллаи фарансавии "Шорлӣ Эбдо” дар Порисро шадидан маҳкум кард ва гуфт, ки Ислом ба нафси инсонӣ эҳтиром қоил аст ва ҳамла ба онро ҳаром медонад. Гурӯҳи "Ҳамос" дар Фаластин низ дар баёнияе гуфт, ки бинобар ихтилофи ақида ва фикр наметавон ба чунин амал даст зад. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ тайи баёнияе ин ҳамларо маҳкум кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG