Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози Мавлавӣ Абдулҳамид ба тахриби намозгоҳи аҳли суннат дар Теҳрон


Пешвои аҳли суннати Эрон дар номае ба Оятуллоҳ Хоманаӣ аз тахриби намозхонаи аҳли суннат дар шаҳри Теҳрон, эътироз кардааст.

Мавлавӣ Абдулҳамид, имоми аҳли суннати Зоҳидон дар номае ба раҳбари Эрон зимни эътироз ба тахриби намозхонаи аҳли суннати Эрон дар Теҳрон таъкид кардааст, ки ин навъ бархӯрдҳо ба нерӯҳои хушунатталаб ва ифротгаро фурсат медиҳад, то ба ихтилофот доман бизананд. Мавлавӣ Абдулҳамид ҳамчунин дар номае ба Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури он кишвар навиштааст, ки тахриби ин намозхона на танҳо "эҳсосот"-и аҳли суннати Эрон, балки "эҳсосоти мусалмонони ҷаҳон"-ро хадшадор мекунад

Ба гузориши сомонаи "Сунни-он-лайн" намозхонаи аҳли суннат дар яке аз минтақақҳои Теҳрон субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 29 июл аз сӯи шаҳрдорӣ ва бо пуштибонии нерӯҳои амниятӣ ва пулис тахриб шудааст. Бар пояи ин гузориш, субҳи чаҳоршанбе пас аз муроҷиати нерӯҳои амниятӣ ба ин намозхона ва гирифтани телефонҳои ҳамроҳи Мавлавӣ Абдуллоҳи Мусозода, имоми ҷамоати ин намозхона ва тафтиши манзили ӯ, нерӯҳои шаҳрдорӣ ин намозхонаро тахриб кардаанд.

Чанд соат пас аз ин ҳодиса, имоми аҳли суннати Зоҳидон дар номае ба раҳбари Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид кард, ки ин гуна бархӯрдҳо ба "нерӯҳои фурсатталаб ва ифротгаро фурсат медиҳад, то ба ихтилофот доман бизананд ва аҳли суннатро маъюс кунанд. Дар ин нома ҳамчунин таъкид шудааст, "дар шароите, ки ифротгароӣ, такфир, тафриқа ва хушунат дар дунё мавҷ мезанад... бародарон ва хоҳарони аҳли суннат чунин интизоре надоштанд."

Имоми аҳли суннати Зоҳидон ҳамчунин дар номаи дигар ба Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон "густариши ифротгароӣ дар чаҳонро ба омилҳое чун "таҳаммул накардан", "бетаваҷҷуҳӣ ба хостаҳои мардум" ва "нодида гирифтани воқеиятҳои мавҷуд", рабт додааст.

Вай дар ин нома гуфтааст, ки "таҳаммул накардани як намозхонаи маъмулӣ ва тахриби он дар шаҳре, ки иҷозаи сохтани масҷид ба шаҳрвандони аҳли суннат дода намешавад ва дархости 37-солаи онҳо пас аз пирӯзии Инқилоби исломӣ ноком мондааст, на танҳо хадшадор намудани эҳсосоти аҳли суннати Эрон аст, балки хадшадор намудани эҳсосоти тамоми мусалмонони ҷаҳон низ мебошад."

Вай ҳамчунин тахриби намозхонаи аҳли суннати Эронро як иқдоме дар ростои "хушнудии афроди тангназар, кӯтоҳбин ва ифротӣ" донист.

Нерӯҳои амниятии Эрон пеш аз тахриби ин намозхонаи аҳли суннат борҳо аз баргузории намозҳои ҷумъа, Иди Фитр ва Иди Қурбон дар ин маҳал ҷилавгирӣ карда буданд. Аз ҷумла дар моҳи январи соли равон ҳамзамон бо баргузории Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ дар Теҳрон, нерӯҳои амниятии Эрон аз баргузории намози ҷумъаи аҳли суннат дар Теҳрон бо имомати Мавлавӣ Абдулҳамид пешгирӣ карданд.

Ба гуфтаи сайти "Суннӣ-он-лайн" намозхонаи аҳли суннат дар ин минтақаи Теҳрон чанд моҳ қабл низ аз сӯи нерӯҳои амниятӣ муҳр зада шуда буд ва баъд бардоштани ин муҳрҳо низ, аҳли суннат иҷозаи баргузории намози ҷумъа ва Иди Фитр ва Қурбон дар ин намозхонаро надоштанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG