Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Танфурӯшҳо, саф кашед!"


Гурӯҳи танфурӯшҳое, ки дар натиҷаи рейд боздошт ва дар дар идораи полис нигаҳдорӣ мешаванд

Гурӯҳи танфурӯшҳое, ки дар натиҷаи рейд боздошт ва дар дар идораи полис нигаҳдорӣ мешаванд

Мақомоти вилояти Хатлон тасмим гирифтанд, рӯйхати занҳои ба истилоҳ сабукпо дар ин минтақаро тартиб диҳанд. Зарурати тартиб додани чунин феҳраст, ба қавли мақомот, дар он аст, ки тавонанд барояшон ҷои кори “шоиста” пешниҳод кунанд ва аз ҳодисаҳои танфурӯшӣ ҷилавгирӣ шавад. Дар пушти ин ташаббус раёсати умури дохила ва ҳам Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аз ҳоло, ба гуфтаи полиси маҳаллӣ, дар давоми шаш моҳи имсол 571 зан ба ҳайси танфурӯш сабти ном шудаанд.

Хайриддин Шокирзода, сардори бахши кофтукоби Раёсати умури дохилаи вилояти Хатлон рӯзи 21 июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин шумори занҳоро аз меҳмонхонаву клубҳои шабона “ба ҳангоми танфурӯшӣ” боздошт кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, акс ва изи панҷаҳои ҳар як зан гирифта шуда, дар баробари ному насабаш ҳифз мешавад.

Санавбар Самиева, сардори Кумитаи кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон мегӯяд, ташаббуси онҳо барои барӯйхатгирии занҳои танфурӯш натиҷа медиҳад ва намояндагони ҳукумат ва полис пеш аз ҳама бо ин қишри занҳо сӯҳбатҳои ахлоқӣ мекунанд, то ки онҳоро, ба гуфтаашон, аз роҳи бад баргардонанд.

Вале ҳадафи асосӣ, ба гуфтаи Самиева, “таъмини онҳо бо ҷои кор ва ҳидоят ба роҳи рост аст”. Ба қавли Самиева, ба ин занҳо баъдан омӯзиш ва баъдан кор ба ҳайси нонпаз, дӯзанда, пешхизмат ва дигар корҳо дар соҳаи хизматрасонӣ пешниҳод мешавад. Вале фаъолони

Санавбар Самиева

Санавбар Самиева

созмонҳои ҷамъиятӣ ин пешниҳодро роҳҳал намебинанд. Як созмоне, ки бо занони фоҳиша ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сирояти дар се маҳаллаи Қӯрғонтеппа кор мекунад, мегӯяд, нияти мақомот хуб аст, вале онҳо тарзи ҳалли масъаларо содда арзёбӣ мекунанд. Як масъули ин созмон, ки нахост номаш ошкор шавад, гуфт, фоҳишагӣ ё танфурӯшӣ як падидаи иҷтимоӣ ва иқтисодист ва аксари онҳое, ки бо ин роҳ пул ба даст меоранд, аз ноилоҷӣ ба ин кор рафтаанд. Бекориву ниёзмандӣ барои ҷомеаи суннатии тоҷикон танфурӯшии занонро дигар ба як падидаи маъмулӣ табдил додааст.

Масъала на танҳо дар пешниҳоди кор, балки дар пешниҳоди кор бо даромади хуб аст, гуфт ӯ: “Чанд соли пеш ҳамин занонро бо дӯзандагӣ ҷалб мекардем, ки зиндагиашон пеш равад. Вале барои ҳар яки онҳо кори хуб лозим аст, ки маоши хуб дошта бошад. Онҳо бо 100 ё 150 сомонӣ наметавонанд зиндагиро пеш баранд, аз ҳамин сабаб боз ба ҳамин роҳ мераванд”.

Яке аз онҳое, ки исмаш дар феҳрасти полис ба унвони танфурӯш сабт шудааст, хонум Гулсара аст. Вай мегӯяд, борҳо талош кард танфурӯширо бо кори шоистае табдил диҳад, вале бенатиҷа буд. Вай мегӯяд, бешавҳар се фарзандро тарбия кардан кори сангин аст, ва ӯ маҷбур мешавад гоҳе аз ҳисоби наздикӣ бо мардони мухталиф пул ба даст орад. Аксари заноне, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо танфурӯшӣ пул ба даст меоранд, аз рустову навоҳии дурдаст омадаанд.

Зимнан, дар бораи 128 нафари онҳо мақомот баъди як рейд ба маҳалли зисташон хабар дода гуфтанд, ки онҳо аз қаламрави шаҳри Қӯрғонтеппа ихроҷ шудаанд. Зимнан, моҳи апрели соли ҷорӣ додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа 36 зани ба гуфтаашон фоҳишаро, ки дар ҷараёни рейдҳо ва бозпурсиҳо ба амри кормандони пулис итоат накардаанд, муҷозот кард. Ин нафарон ба маблағи аз 120 сомонӣ ҷарима то 7 рӯзи ҳабси маъмурӣ ҳукм гирифтанд. Дар маҷмӯъ дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави вилоят 43 фоҳишахона сабт шудааст.

Парлумони Тоҷикистон рӯзи 15 октябри соли гузашта бо қабули тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронии маъмурӣ ҷазо барои танфурӯширо шадидтар карда, маблағи ҷаримаро барои ин қонуншиканӣ ду баробар боло бурд. Бар пояи ислоҳи ин қонун дар давоми як сол агар танфурӯш бори дувум барои ин гуноҳ боздошт шавад, аз 800 то 1600 сомонӣ ҷарима ва ё аз 10 то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ хоҳад шуд. Вале кодекси ҷиноии Тоҷикистон даллагӣ, ҷалби афрод ба танфурӯшӣ, қочоқи инсон ва ташкили фоҳишахонаро ҷиноят мешиносад ва барои чунин аъмол муҷозоти сангинтарро пешбинӣ кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG