Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии Хуҷанд бинои дафтари вилоятии ҲНИТ-ро тафтиш мекунад


Додситонии шаҳри Хуҷанд дафтари вилоятии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар вилояти Суғдро мавриди тафтиш қарор додааст.

Нӯъмонҷон Очилов, раиси бахши шаҳрии ҲНИТ дар Хуҷанд 10-уми октябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки муфатиши Додситонии Хуҷанд ӯро рӯзи сешанбе даъват кард ва дар мавриди мақсаднок истифода шудани дафтари ҲНИТ дар вилоятро мавриди пурсиш қарор дод.

Оқои Очилов гуфт, муфатиш аз ӯ пурсидааст, ки бинои дафтари ҳизби онҳо оё мақсаднок истифода мешавад ва ё ба кадом масъалаҳои дигар низ машғул аст? "Ман баёнот навистам ва шарҳ додам, ки таи 8 сол ин бинои бахши вилоятии ҳизб аст ва тибқи Оиномаи он фаъолият дорад», - афзуд ҷаноби Очилов.

Нӯъмонҷон Очилов меафзояд, ки имрӯзҳо барои ҷамъоварии имзо машғул ҳастанд, лекин бо ин давъатҳо онҳоро гирифтори масъалаҳои дигар мекунанд ва намегузоранд вазоифи ҳизбиашонро иҷро кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, бинои дафтари ҲНИТ дар гузашта мағозае бо номи «Фарангис» будааст ва як нафар 10 сол қабл онро харидорӣ карда, ҳамчун иҷора ба ихтиёри ҳизби наҳзати исломӣ додааст.

Очилов гуфт, «ман дар баёнотам ҳамаи таърихи гузаштаи ва имрӯзаи биноро навиштам ва ба дасти муфатиш додам, лекин ин бори чандум аст, ки дафтари моро тафтиш мекунанд».

Дар ҳамин ҳол, Абдумуннон Зоҳидов, муфатиши додситонии шаҳри Хуҷанд ба Радиои Озодӣ даъвати масъули шаҳрии ҲНИТ ба додситониро тасдиқ кард ва гуфт, ки мо фақат мехоҳем дар бораи фаъолияти дафтар ва бинои он маълумот дошта бошем.

Ҷаноби Зоҳидов гуфт, даъвати намояндаи ҲНИТ на ба хотири фишор ба ҳизб ва на барои интихобот аст, балки: "мо баёнотро гирифтем ва ҷавоб додем, лекин агар зарур донем боз даъват мекунем,» - зикр кард Абдуманнон Зоҳидов.

Намояндагони бахши вилоятии ҲНИТ мегӯянд, ки дар соли гузашта бо ҳамин роҳ фаъолияти дафтарро тафтиш намуданд ва онҳоро ҳудуди 8 ҳазор сомонӣ ҷарима баста буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG