Пайвандҳои дастрасӣ

Нимаи аввали рӯзи 5-уми декабр, айбдоркунандаи давлатӣ Абудсамеъ Додобоев дар қазияи соҳибкори шинохта Зайд Саидов суханронии интиҳоӣ анҷом дод ва барои ӯ 28 соли маҳрумият аз озодиро талаб кард.

Ин соҳибкор, ки ки аз рӯи 10 банди қонуни ҷиноӣ дар содир кардани чандин ҷиноят, аз ҷумла ҷиноятҳои иқтисодӣ ва таҷовуз ба номус муттаҳам шудааст, тамоми иттиҳомотро рад мекунад ва мегӯяд, ки қазияи ӯ ангезаи сиёсӣ дорад.

Талаби 28 соли зиндон ба Зайд Саидов, дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ эълон шуд ва даҳҳо нафар, аз ҷумла хешу табор ва хабарнигорон, ки дар берун интизори натиҷаи мурофиа буданд хабари аввалро аз вакилони Зайд Саидов шуниданд.

Фахриддин Зокиров, яке аз се вакили Зайд Саидов, ба хабарнигорон гуфт, ки «айбдоркунандаи давлатӣ бар пояи 5 модда аз додгоҳ барои Зайд Саидов 28 соли зиндон мусодираи молу амволи ӯро талаб кард.»

Ба гуфтаи вакил, Абдусамеъ Додобоев, айбдоркунандаи давлатӣ, ҳамчунин тақозо кардааст, ки пас аз адои давраи ҷазо, Зайд Саидов ба муддати 5 сол аз фаъолияти соҳибкорӣ низ маҳрум шавад.

Аммо ҷаноби Зокиров гуфт, ки бархе аз ҳолатҳо бинобар исботи худро наёфтан бекор шудаанд ва баъзе аз лаҳзаҳои ҷинояти дигар бо сабаби нопурра будан ба тафтишоти иловагӣ бозгардонда шуд.

Вакилони Сайд Саидов пас аз мерофиаи додгоҳии рӯзи 5-уми декабр.

Вакилони Сайд Саидов пас аз мерофиаи додгоҳии рӯзи 5-уми декабр.

Ин вакили дифоъ афзуд, «айбдоркунанда барои гирфтани пора ҳангоми дар вазифаи хидматӣ будан, қаллобӣ, бисёрзанӣ, таҷовуз ба номус маҳрум кардан аз озодӣ 28 сол талаб кард. Ин албатта фикри айбдоркунандаи давлатӣ буда, барои суд ҳатмӣ нест. Ин ҳама айбҳое, ки аз сӯи айбдоркунандаи давлатӣ қироат карда шудааст бо ягон далели асоснок исбот карда нашудааст ва мо кӯшиш мекунем ба ҳангоми баромади худ ин ҳама айбҳоро рад кунем.»

Фахириддин Зокиров мегӯяд, агарчӣ ҳолати ташхиси алтернативии ДНК-и Зайд Саидов, ба тафтишоти иловагӣ бозпас гардонда шудааст, аммо дар нисбати паврандаи дуввуми таҷовуз ба номус, 21 соли маҳрумият аз озодӣ дархост шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Исҳоқ Табаров, яке дигар аз вакилони мудофеъи Зайд Саидов, моддаи 138 қисми 3 ҳамчун ҷазо то 20 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

Ҷаноби Табаров дар идомаи сӯҳбат гуфт, «айдборкунандаи давлатӣ аз ҳудуди меъёри таъиншуда баромадааст дар ҳоле, ки ду ҷинояти марбут ба таҷовуз ба номус аз як сарчашма об мехӯрданд. Яъне дар нисбати қазияи аввал, ки ҷабардида ба синни 16-сола нарасида буд нопурра арзёбӣ шуд, аммо дар ҳолати дуюм ва ҷабридидаи 12-сола, ки далелу маводҳояш баръакс камтар ва исботношуда буданд, ба Зайд Саидов 21-соли зиндонро талаб карданд.»

Вакилони Зайд Саидов мегӯянд, онҳо интизор надоштанд, ки талаби айбдоркунандаи давлатӣ то ин ҳад сангин мешавад.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуққуқдони тоҷик ва яке аз муддаиёни курсии раёсати ҷуҳмур дар интихоботи президентии соли 2013 мегӯяд, интизор надошт, ки айбдоркунанда қариб сӣ сол ҳукм талаб кунад.

Ойниҳол Бобоназарова, мегӯяд: "Зайд Саидов террорист набуд, ки ба ӯ 28 соли зиндон талаб шавад. Ӯ як соҳибкор буд ва барои ҷиноятҳои иқтисодӣ умдатан ҷарима баста мешавад ва агар дар бораи ҷиноятҳои марбут ба таҷовуз ба номус сӯҳбат кунем, чанд сол дода мешуд на ин ки 28 сол, ки баробар ба ҳукми абад аст."

Хонум Бобоназарова гуфт, ки қазияи Зайд Саидов танҳо ангезаи сиёсӣ дорад. "Вақте айбдоркунандаи давлатӣ 28 сол мепурсад, додгоҳ маъмулан 2 ё 3 солро кам мекунад ё аслан бетағйир мегузорад" - мегуяд Ойниҳол Бобоназарова. Ҳуқуқдони тоҷик бархӯрди айбдоркунандаи давлатӣ ба қазияи Зайд Саидовро аз ҳадд беш ноодилона ва ғайримунсифона унвон кард.

Пайвандони Заид Саидов низ аз талаби айбдоркунандаи давлатӣ хеле нороҳат шудаанд, вале ибрози умедворӣ карданд, ки ҳарфи ниҳоии додгоҳ одилона ва мунсиффона хоҳад буд.

Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, «мо чизи зиёдатӣ намехоҳем, он чи ҳаст, қонун чизеро, ки талаб мекунанд ва далелҳои ироакардаи ҳимояро ба назар бигиранд. Хеле ҷои таассуфу нигаронист, ки ягон далели тарафи ҳимояро ба назар наагирифтанд.»

Зимнан, талаби 28 соли зиндон барои Зайд Саидов, дар миёни намоядагони ҷомеаи маданӣ ва соҳибназарон вокунишҳоеро ба бор овардааст.

Ҳанӯз маълум нест, ки ҳукми додгоҳ кай содир мешавад ва додгоҳ талаби айбдоркунандаи давлатиро қонеъ мекунад ё дар заминаи қазоватҳои худ хукм мебарорад. Пеш аз эълони ниҳоии ҳукм бояд ҳарфи вакилони дифои Зайд Саидов шунида шавад.


Зайд Саидов, собиқ вазири саноати Тоҷикистон аз рӯи чанд банди Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла гирифтани пора (моддаи 319), қаллобӣ, бисёрзанӣ (моддаи 170), тамаъҷӯӣ (моддаи 250), сӯистифода аз ваколатҳои хидматӣ (моддаи 314), таҷовуз ба номус (моддаи 138), маҷбур сохтан ба исқоти ҳамл ва алоқаи ҷинсӣ бо нафаре, ки ба синни 16 нарасидааст, дар умум 15 далел муттаҳам мешавад.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод, ки тафтишоти парвандаи Зайд Саидовро ба зимма дорад, гуфтанд, боз як парвандаи дигар, аммо аз рӯи танҳо як модда – тасарруф (247) дар ҳоли анҷомёбист.

Зайд Саидов 19 майи соли равон аз сӯи Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе боздошт шуд ва 7 моҳ ба ин сӯ дар боздоштгоҳи муваққатии КДАМ ба сар мебарад. Бо он вуҷуд ки ба парвандаи ӯ муҳри махфӣ задаанд, расонаҳо дар бораи тафсилоти он матлаби зиёде ба нашр расонданд, аммо вакилони дифои ӯ мегӯянд, ин ҳама қатрае аз баҳр аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG